Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷеаи cайёҳон. Қурбониёни ин ҳодиса киҳо буданд? ВИДЕО


Чаҳор гардишгари хориҷӣ, ки дар ҷануби Тоҷикистон ба таври ваҳшиёна бо мошин ба онҳо ҳамла шуд ва кушта шуданд, як равоншинос аз Ҳолланд, 2 дучархасавор аз Амрико ва як мард аз Швейстария мебошанд.

Ин чаҳор сайёҳ ҷузъе аз як гурӯҳи ҳафтнафарие буданд, ки ҳини гардишгарӣ бо ҳам ошно шуданд ва тасмим доштанд якҷо ба сайёҳати худ дар кӯҳҳои зебои Помир идома бидиҳанд. Се нафар дигари онҳо дар ин ҳамла захм бардоштанд.

Ҳамлаи рӯзи 29-уми июл дар 100-километрии ҷануби шаҳри Душанбе -- пойтахти Тоҷикистон рух дод. Ба гуфтаи мақомот, ҳамлаварон дар оғоз дучархасаворонро бо мошин зер намуда ва баъдан аз мошин берун омаданд ва ба онҳо ҳамла карданд.

Радиои Озодӣ навори ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғараро дарёфт кард
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:21 0:00

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифт ва рӯзи 31-уми июл навори видеоиеро ба нашр расонд, ки панҷ нафар зери парчами сиёҳи ДИИШ вафодории худро ба ин гурӯҳ эълон намуда ва Тоҷикистонро барои "ишғол аз сӯи кофирон", интиқод мекунанд. Ин навор мегӯяд, афроде, ки дар ин навор дида мешаванд, ба дучархасаворони хориҷӣ дар Тоҷикистон, ҳамла карданд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон айни ҳол, ин иддаоро рад намуда ва дар иваз пайравони Ҳизби наҳзати исломӣ -- ҳизби сиёсиеро, ки қаблан дар ҳукумат ҳузур дошт, аммо аз сӯи режими Тоҷикистон дар соли 2015 мамнӯъ шуд, айбдор карданд.

Ин ҳамла мақомоти тоҷикро, ки талош доранд аз бахши сайёҳӣ барои рушди иқтисоди кишвар ва коҳиши фақр истифода кунанд, ҳайратзада кард. Дар соли ҷорӣ сафари дучархасаворон ва сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистону Қирғизистони кӯҳистонӣ афзоиш ёфта, 900 ҳазор нафар ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки назар ба соли гузашта хеле зиёд аст.

Гузориш аз ҷои ҳодиса як рӯз баъди ҳамла ба туристони хориҷӣ
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:32 0:00

Ҳафт ҷаҳонгарди хориҷӣ шомили се ҷуфт ва як марди фаронсавӣ буданд, ки сафорати Фаронса то ба ҳол номи ӯро ошкор накардааст.​

Ду сайёҳи амрикоӣ -- Ҷей Остин ва Лорен Гиогиген -- ҷои кори худро тарк намуда ва як сол қабл, ҷаҳонгардии худро қабл аз он, ки ба Аврупо бираванд, аз Африқо оғоз карданд ва баъдан ба Осиёи Миёна ҳаракат намуданд. Онҳо қабл аз ворид шудан ба Тоҷикистон, дар Қазоқистон ва Қирғизистон буданд.

Остин дар бораи ин сафар дар веблоги худ навишта, аксҳои зиёдро ҷой дода буд. Инҷо дар бораи афроде, ки дар ҳамлаи рӯзи 29-уми июл кушта шуданд, бештар бихонед:

Фоҷеаи cайёҳон. Қурбониёни ин ҳодиса киҳо буданд?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:10 0:00

Ҷей Остин

Ҷей Остини 29-сола барои 7 сол дар Вазорати маскан ва рушди шаҳрии Амрико кор мекард. Ҷей Остин шуғли худро тарк намуд, то барои ҷаҳонгирдӣ бо дучарха, вақти кофӣ дошта бошад. Вай дар блоги худ навишта буд, "сафар бо дучарха комилан амн аст. Бо вуҷуди хабарҳое, ки шумо ба онҳо бовар доред, ҷаҳон воқеан ҷолиб аст, эҳтиёт дар маҳал, ва достонҳои ба гарав гирифтани мусофирон ё ҷароҳати дучархасаворон, истисноҳои нодир мебошанд... Бузургтарин таҳдид барои мо...инсонҳое ҳастанд, ки дар мошин мебошанд." Вай дар миёни касоне буд, ки кушта шуд.

Лорен Гиогиген

Сокини 29-солаи Вашингтон Лорен Гиогиген хатмкунандаи Донишгоҳи Ҷорҷтаун буд. Ӯ аслан зодаи шаҳри ҷанубии Калифорния мебошад ва дар Вашинтон кор мекард. Дар блоги Лорен ва Остин simplycycling.org гуфта мешавад, ки вай ҳанӯз панҷ сол пеш дар бораи дучархасаворӣ тасмими ҷиддӣ гирифт. Лорен дар чанд сафар дар чандин гӯшаи ҷаҳон Остинро ҳамроҳӣ кард. Вай ҳам дар ин ҳамла кушта шуд.

Рен Вокке ва Ким Постма

Равоншиноси 56-сола аз Ҳолланд Вокке ҳамроҳ бо шарики худ Ким Постмаи 58-сола дар Тоҷикистон дар сафаре аз Тайиланд ба Эрон қарор дошт. Онҳо тасмим гирифтанд, ки сафари худро тариқи Тоҷикистон идома бидиҳанд ва аз сафар тариқи Афғонистони ҳамсоя, ки хатарҳои дорад, дурӣ биҷӯянд. Ба гуфтаи бародари Вокке, вай ҳамроҳ бо Постма бо дучарха сафарҳои зиёд намуда, дар беш аз 130 кишвар будааст.

Вокке ва Постма, ки дар як хонаи қаиқӣ дар Амстердам умр ба сар мебурданд, барои солҳо волидони фаъол барои парвариши кӯдакони дучори мушкил буданд -- онҳоро ба хонаи қаиқии худ мебурданд ва онҳоро то пайдо кардани манзили доимӣ нигаҳдорӣ менамуданд. Вокке дар ҳамлаи рӯзи 29-уми июл кушта шуд. Бинобар маълумоти сафорати Олмон дар Тоҷиистон (Ҳолланд дар Тоҷикистон сафорат надорад), Постма дар бемористони Душанбе муолиҷа ва рухсат шуд ва бино ба гузоришҳо, дар як ҷои амн дар шаҳри Душанбе ба сар мебарад.

Маркус Хамел ва Дименд Мари Клер

Ин ду дучархасавори швейтсарӣ аз атрофи шаҳри Зюрих мебошанд. Хамели 62-сола ва шарики 59-солааш Дименд дар блоге бо номи "Рӯъёе ки амалӣ шуд" навиштанд, ки онҳо дар имтидоди Роҳи Абрешим аз минтақаи Сияни Чин дар роҳ ба сӯи Қирғизистон ҳастанд. Онҳо рӯзи 25-уми июл дар Тоҷикистон навиштанд, аз оромӣ ва кӯҳҳои сарбафалак лаззат мебаранд ва дарёи Помир ва ҷониби Афғонистонро тамоми рӯз тамошо мекунанд. Хамел дар ин ҳамла кушта шуд. Дименд наҷот ёфт ва ҳоло дар бемористоне дар Душанбе муолиҷа мешавад.

Казабат Гуиллаюм Ҷеан

Ин марди фаронсавӣ ҳини сафар аз Кӯлоб ба Душанбе дар қофила аз ҳама ақибтар қарор дошт ва тибқи гузоришҳо, ҷузъе аз ҳамлаи аввалия набудааст. Тибқи гузоришҳо, вай ҷароҳатҳои сабук бардоштааст. Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон натавонист маълумоти бештаре дар бораи вай ироа кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG