Пайвандҳои дастрасӣ

ВКД дар ҳамла ба сайёҳон ҲНИТ ва Эронро айбдор кард


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғараро шарҳ дод. Вазорат дар ин кор ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ва таҳсилдидагони Эронро айбдор намуд. Ин дар ҳолест, ки чанд соат пеш аз нашри хабари ВКД-и Тоҷикистон, гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифта буд.

Ҳусейн Абдусамадов -- раҳбари ҳамлаварон кист?

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 31-уми июл бо нашри як иттилоияи махсус гуфт, ин гурӯҳ зери раҳбарии Ҳусейн Абдусамадов даст ба куштори сайёҳон задаанд. Дар иттилоияи вазорат гуфта мешавад, ки Абдусамадов чаҳор маротиба дар шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Эрон "таълими идеологӣ, ҳарбӣ-диверсионӣ" гирифта, дар онҷо бо аъзои ҲНИТ Носирхӯҷа Убайдов бо тахаллуси "Қорӣ Носир", ки дар ҷустуҷӯ қарор дорад, мулоқот намуда ва шомили ин гурӯҳ шудааст.

Масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳамла ба сайёҳон дар Данғара бо дархости Носирхӯҷа Убайдов амалӣ шудааст, ки аз соли 1992 узви Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад. Вазорат мегӯяд, ки ин афрод пас аз анҷоми ин куштор ният доштанд, ки тавассути ноҳияи Панҷ ба Афғонистон фирор намуда, "ба гурӯҳҳои террористӣ пайваст шаванд."

Радиои Озодӣ навори ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғараро дарёфт кард
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:21 0:00

5 нафар боздошт ва 4 кас кушта шуданд

Сомонаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 31-уми июл акси 9 нафареро нашр карданд, ки дар ҳамла ба сайёҳон гумонбар дониста мешаванд. Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, бархе аз ин афрод дар вақти боздошт муқобилияти шадид нишон додаанд.

Аз ҷумла, ба қавли мақомоти умури дохилӣ, Аслиддин Юсупов, яке аз аъзоёни дигари ин гурӯҳ бо истифода аз табар ба баногӯши Ҷумахон Назарзода, муовини аввали сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, задаанд. Мақомот мегӯянд, Ҷумахон Назарзода зарари вазнин ба саломатӣ гирифтааст.

Масъулини ВКД гуфтанд, ҳамла ба сайёҳон пурра ошкор шуда, гумонбарон боздошт ва чор нафари дигар кушта шуданд. Инчунин дар пайванд ба куштори сайёҳон, Диловар Шарипов, сокини Кӯлоб, Ҷамшед Назаров, сокини ноҳияи Ҷайҳун ва Вайсиддин Сайфиддинов низ дар боздошт мебошанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз Кароматулло Ғаниев, сокини шаҳри Норак ба унвони нафаре ном бурдааст, ки ин гурӯҳро маблағгузорӣ намудааст. Дар умум теъдоди боздошшудаҳо то ҳол ба панҷ ва теъдоди кушташудаҳо ба чор нафар мерасад.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми "одамкушӣ", парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва "тафтишот дигар фарзияҳои эҳтимолиро истисно намекунад". ВКД мегӯяд, ки тафтиши парванда зери назари мустақими раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

ҲНИТ: Иттиҳоми ВКД-ро қотеона инкор мекунем

Дар вокуниш ба изҳороти ВКД Тоҷикистон, ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ бо пахши баёнияе гуфт, ки иттиҳомоти даст доштани ин ташаккули сиёсӣ дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ “бепоя ва ғайримантиқӣ” аст. Дар баёнияи Раёсати олии ҲНИТ, ки рӯзи 31 июл нашр шуд, “ин ҷинояти зиддибашарӣ шадидан маҳкум” ва он “мухолиф бо арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва динии мардуми Тоҷикистон” арзёбӣ шудааст.

Дар баёния омадааст, ки ин иттиҳомот “бепояву ғайримантиқӣ” буда, ҲНИТ даст доштанаш дар ин ҳодисаро қотеъона инкор ва маҳкум мекунад. Дар баёния гуфта мешавад, ки Тоҷикистон эътирофи иҷрокунандагони ин ҳамларо “нодида гирифта”, «аз вуҷуд ва фаъолиятҳои бархе гурӯҳҳои террористӣ истифодаи сиёсӣ мекунад”. ҲНИТ мегӯяд, ки чунин тасмими мақомот “эътимодро ба ояндаи таҳқиқот заиф мекунад”. Дар поёни изҳорот, ин ташаккули сиёсӣ аз Тоҷикистон тақозо кардааст, ки барои таҳқиқи мунсифонаи ҳамла гурӯҳи байналмилалии таҳқиқотиро зери сарпарастии САҲА ва мутахассисони кишварҳое, ки шаҳрвандонашон зарар дидааст, ташкил кунанд.

Вокуниши Эрон

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон Баҳром Қосимӣ рӯзи 31-уми июл бо ибрози таассуф аз ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон ва кушта ва маҷрӯҳ шудани шуморе аз онҳо гуфт, "ҳар гуна ҳамлаи террористӣ дар нуқтаҳои мухталифи дунё, аз ҷумла ҳодисаи ахир дар Тоҷикистонро маҳкум мекунем."

Баҳром Қосимӣ гуфт, Эрон ҳар гуна иртибот бо ин ҳодиса ва вуҷуди пойгоҳ ҷиҳати омӯзиши иқдомоти харобкорона дар хоки худро ба шиддат такзиб мекунад ва омодагӣ дорад ҷиҳати баррасии паҳлӯҳои ин қазия, бо мақомоти зирабти тоҷикӣ ҳамкорӣ намояд.

Собиқаи таниш миёни Тоҷикистон бо Эрон ва ҲНИТ

Ин барои бори аввал нест, ки мақомоти тоҷик ҲНИТ ва Эронро дар даст доштан хушунат ва нооромӣ дар Тоҷикистон муттаҳам мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон Ҳизби наҳзат ва раҳбари он Муҳиддин Кабириро ба ҳидояту ташкили ошӯбҳои моҳи сентябри соли 2015муттаҳам мекунанд. Иттиҳоме, ки Муҳиддин Кабирӣ онро радд намуда ва гуфтааст, ки мақомот аз ин ҳодиса барои бастани ҲНИТ истифода карданд.

Ҳамчунин вазорати умури дохилии Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта бо нашри як филми мустанад гуфт, Эрон дар қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадум, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва раҳбари пешини ҳизби сотсиалистӣ даст дорад.

Сафорати Эрон дар Тоҷикистон он замон иддаоҳои матраҳшуда дар ин филми мустанади вазорати умури дохилии Тоҷикистонро рад кард ва гуфт аз нашри чунин филм "мутааcсиф" аст. Сафорат бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, "иддаоҳои матраҳшуда дар филм тавассути эътирофкунандагони маҳбус ва ба нақл аз касоне аст, ки дар қайди ҳаёт нестанд ва ҳатман наметавонад эътиборе дошта бошад."

Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан се соли охир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъ дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.

ДИИШ ҳам масъулиятро ба дӯш гирифт

Аммо дар иттилоияи махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар робита ба иддаои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", ишорае нашудааст. Чанд соат қабл гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифта буд.

Гурӯҳи"Давлати исломӣ" дар баёнияе, ки рӯзи 30-юми июл нашр кард, иддао намудааст, ки алайҳи "шаҳрвандони эътилофи салибӣ", ҳамла анҷом додааст. Шабакаи хабарии "Аъмоқ" вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" ин хабарро ба нашр расонида, аммо маълумот ва нишонаҳое, ки ин даъвои онҳоро собит кунад, ироа накардааст.

Дар баёнияи ин гурӯҳ омадааст, ки "ҳамлаварон сарбозони "Давлати исломӣ" буданд ва дар посух ба дархостҳо барои ҳадаф қарор додани шаҳрвандони кишварҳои эътилоф, ин ҳамларо анҷом доданд."

Гузориш аз ҷои ҳодиса як рӯз баъди ҳамла ба туристони хориҷӣ
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:32 0:00

Вазири умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 30-юми июл гуфта буд, ки фарзияҳои ҳодисаи ҳалокати сайёҳон дар ҷануби Тоҷикистон ҳоло мавриди омӯзиш қарор дорад ва тафтишот маълум хоҳанд кард, ки ҳодисаи ҳалокати сайёҳон садама буд, ё куштор ваё амали террористӣ.

Вай зимни нишасти хабарӣ бо ишора ба ҳодисаи ҳалокати чаҳор сайёҳи хориҷӣ дар Себистони Данғара гуфт, афроди дохили мошин баъд аз зер кардани сайёҳони хориҷӣ, бо корд ба онҳо ҳамла карданд.

Дар ин ҳамла 4 сайёҳи хориҷӣ – Аустин Ҷей, Лаурен Анне Мунотз шаҳрвандони Амрико, Воке Рен Виллем шаҳрванди Нидерландия, Хамел Маркус шаҳрванди Шветсария ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар Ким Айрис ва Дименд Мари Клер шаҳрвандони Шветсария дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шудаанд.

Барои бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон алайҳи хориҷиён чунин ҳамлаи террористӣ сурат мегирад.

Раҳбари ИА дар Тоҷикистон: Ин як ҳамлаи аз пеш омодашуда аст

Ҳидоят Бишчевич, раҳбари Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 30 июл гуфт, ки ҳодисаи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара “метавонад бештар аз як садамаи автомобилӣ” бошад ва ба “ҳамлаи аз пеш омодашуда мемонад”. Ӯ, аз ҷумла, гуфт:

Аз назари шахсии ман, агар иттилоъ дар бораи он ки ҳамлагарон баъди бо мошин зер кардани велосипедронҳо боз ба онҳо бо корд ҳамла кардаанд дуруст бошад, пас ин як садамаи автомобилӣ неву, монанд ба ҳамлаи аз пеш омодашуда мебошад. Агар тафтишот ҳам инро тасдиқ кард, пас ин ҳодиса мояи ташвиши бештар мешавад”.

Бишчевич гуфт, ки велосипедронҳои хориҷӣ 7 нафар буданд ва ду нафарашон амрикоӣ, ду касашон ҳолландӣ, ду нафар аз Швейсария ва як нафар аз Фаронса мебошанд. Шаҳрванди Фаронса танҳо нафарест, ки дар ин ҳодиса осеби ҷисмонӣ надидааст”, гуфт Бишчевич.

Ҳидоят Бишчевич гуфт, ки ҳодисаи мазкур, бешубҳа, паёмадҳои амниятиву сиёсӣ дар пай хоҳад дошт.

“Ман шахсан худам чор сол аст, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунам. Аз назари ман, ин як масъалаи калонтарини амниятӣ дар ин кишвар аст. Мо мехоҳем, ки дар ҷараёни таҳқиқи ин ҳодиса кӯмаки ҳадди аксарро барои мақомоти интизомии Тоҷикистон ироа кунем. Ин ҳодиса паёмадҳои хеле ҷиддии амниятӣ хоҳад дошт. Вобаста ба он ки дар пушти ин ҳодиса чӣ касе қарор дорад, ин ҳодиса ба таҳаввулоти минбаъдаи сиёсӣ ҳам таъсиргузор хоҳад шуд”.

Ӯ гуфт, ҳамла ба хориҷиҳо замоне рух дод, ки Тоҷикистон “дар фикри ҷалби сармоя ва кӯмакҳои бештари хориҷӣ, бахусус дар бахши туризм мебошад. Тоҷикистон бахши сайёҳиро як имконияти дигари ҷалби сармояҳо қарор додааст. Ингуна ҳамлаҳо метавонанд алайҳи рушди ояндаи кишвар нигаронида шаванд”.

Фоҷеа бо саёҳони хориҷӣ барои давлати Тоҷикистон, ки имсолро соли рушди сайёҳӣ хонда барои инкишофи соҳа талош дорад, хабаре бад аст ва метавонад, боиси коҳиши равуои хориҷиён ба кишвар шавад.

Соли ҷорӣ мақомоти тоҷик хабар доданд, ки назар ба нимсолаи соли гузашта, шумори ҷаҳонгардони хориҷӣ панҷ баробар бештар шуда, ба 900 ҳазор нафар расидааст. Боз шудани марз бо Узбекистон ҳам як ангезаи дигари афзоиши хориҷиҳои ҷаҳонгард дар Тоҷикистон шуд. Вале ба фарқ аз шаҳрвандони Узбекистон, шаҳрвандони кишварҳои аврупоиву ғарбӣ ба Тоҷикистон бо ҳадафи дидани манотиқи кӯҳӣ, кӯҳнавардӣ, велосипедронӣ ва истироҳат дар соҳилҳои дарёҳои кӯҳӣ сафар мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG