Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақша дар рӯшноии "Моҳи хунин". Қотилони сайёҳони  хориҷӣ кӣ буданд? ВИДЕО


Савганди садоқат ба ДОИШ ва дар Норак

Шаби 27 ба 28-уми июл, дар ҳоле ки мардум дар Тоҷикистон "гирифтани Моҳ"- ро тамошо мекарданд, гурӯҳе дар кӯҳҳои Норак, дар партави моҳи хунин барномаи як ҳамлаи хунинро мекашид. Гурӯҳи иборат аз 5 нафар баъди сабти навори “байъат”-и худ ба созмони тундрави Давлати исломӣ, силоҳҳояшро барои ҳамла омода мекард.

Ҳамон шаб гурӯҳи ҷаҳонгардони ғарбӣ аз Амрико, Фаронса, Ҳоланд ва Швейтсария аз марзи Дарвози Бадахшон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гузаштанд ва шабро дар онҷо рӯз карданд. Бехабар аз он ки маҳз онҳо ҳадафи ҳамла қарор мегиранд.

Шаби 27-28-уми июл, ки бархе сокинони Тоҷикистон "Моҳи хунин"-ро тамошо мекарданд, ин гурӯҳ нақшаи ҳамларо мекашид. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, бегоҳи рӯзи 27-уми июл онҳо навори "байъат" ба Бағдодиро сабт карда, "силоҳ"-ҳояшонро барои ҳамла омода карданд.

Ҳамлагарон ҷаҳонгардонро дар деҳаи Сафобахши Данғара дар роҳ ба сӯ Душанбе дарёб карданд. Онҳо аввал сайёҳонро бо мошин пахш карданд ва сипас бо корду табар зарба заданд. Чаҳор сайёҳ кушта ва ду нафар захмӣ шуд.

Ҳамлагарон киҳо буданд, чӣ гуна ба ҳам омаданд ва чӣ ҳадаф доштанд? Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар як гузориши таҳқиқотӣ бо истифода аз манбаҳои наздик ба тафтишот ва наздикони ҳамлагарон талош карданд ба ин суолҳо посух пайдо кунанд.

Ситоди вижа, ки аз ҳисоби мақомоти интизомии Тоҷикистон барои таҳқиқи ҳамла таъсис ёфтааст, кори панҷ корманди милисаро низ тафтиш мекунанд, ки дар боздошти Ҳусейн Абдусамадов раҳбари гурӯҳи ҳамлаварон дар се моҳи пеш саҳлангорӣ кардаанд.

Ҳусейн Абдусамадов дар боздошт аст.
Ҳусейн Абдусамадов дар боздошт аст.

Ҳусейн Абдусамадови 33-сола, ки ҳамла ба сайёҳон бо раҳбарӣ ва раҳбаладии ӯ сурат гирифтааст, тақрибан се моҳ пеш аз Русия ба Тоҷикистон баргашта, дар Душанбе пинҳон буд.

Як манбаи наздик ба тафтишот рӯзи 8-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, аз робитаи эҳтимолии Абдусамадов бо гуруҳҳои тундрав маълумот доштанд. Ӯ ҳамчун шахси машкук дар ҷустуҷӯ қарор дошт ва панҷ корманди милиса барои боздошти ӯ сафарбар шуда буд. Вале онҳо танҳо макони зисти эҳтимолии ӯро ҷустуҷӯ карда, аз он фаротар нарафтаанд.

Ин манбаъ эътироф мекунад, ки он замон аз нақшаи хунини Абдусамадов иттилоъ вуҷуд надошт ва ӯ ҳамчун ҷинояткори "махсусан хавфнок" ҷустуҷӯ намешуд.

Дар наворе, ки ҳамлагарон зери парчами гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" сабт кардааст, Ҳусейн Абдусамадов савганди садоқат ба Абубакр Бағдодиро қироат мекунад. Коре, ки маъмулан раҳбарон ё ба истилоҳ "амирон"-и ин гурӯҳи тундрав анҷом медиҳанд. Ҳоло ӯ ягона нафари зинда боздоштшуда аз гурӯҳи панҷнафарӣ ҳаст.

"Гоҳ аз Русия, гоҳ аз Дубай занг мезад"

Гулчеҳра Шодмонова, модари Ҳусейн Абдусамадов рӯзи 3-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, медонист, ки писараш дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Ӯ гуфт, писараш дар чанд соли ахир зиндагии шубҳаноку пинҳонӣ дошт ва дар тамосҳои телефонӣ гоҳ аз ҳузураш дар Дубаю Қазоқистон, гоҳи дигар аз Русия хабар медод.

Гулчеҳра Шодмонова
Гулчеҳра Шодмонова

Се моҳ пеш аз телефони сарироҳие тамос гирифта, аз баргаштанаш ба Тоҷикистон хабар дод. "Ё аз таксофон ё аз телефони дастии ягон роҳгузар занг зада, гап мезад. Чанд бор вохӯрӣ кардем. Гуфтам, дар куҷо зиндагӣ дорӣ ва чӣ кор мекунӣ, ҷойи зисташро нагуфт. Дар шаҳр ҳамдигарро медидем. Гуфтам милисаҳо туро мекобанд. Овоза ҳаст, ки гӯё дар Сурия будӣ. Биё равем, бегуноҳиатро исбот кун. Гуфт, агар равам, боздошт мекунанд", - гуфт Гулчеҳра Шодмонова.

Ин зан мегӯяд, як моҳ пеш аз ҳамла ба ҷаҳонгардони ғарбӣ дар Тоҷикистон бо кормандони пулис машварат карда буд, ки ҳангоми мулоқоти навбатӣ, макони писарашро ба мақомот маълум ва дар боздошти ӯ кӯмак мекунад. Вале Ҳусейн Абдусамадов дигар тамос нагирифт.

Саид Абдусамадов, бародари аз падар ҷудои Ҳусейн Абдусамадов, ки рӯзи 2-уми август аз бозпурсии мақомоти интизомӣ ба хонааш баргашта буд, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қаблан эҳсос карда буд, ки ӯ ба роҳи нодуруст меравад.

Саид Абдусамадов гуфт, бародарашро сарзаниш кард, вале ӯ дар посух гуфт, бародари аслиаш нест, аз ин рӯ ба ӯ кордор набошад. Ӯ афзуд, Ҳусейн Абдусамадовро як моҳ пеш дар назди идораи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе аз дур дид, вале нахост бо ӯ сӯҳбат кунад.

Саид Абдусамадов дигар шарҳ надод, ки замони дидани бародараш хабар дошт, ки ӯро кормандони милиса ҷустуҷӯ мекунанд ё не.

Қотилони сайёҳони  хориҷӣ дар Тоҷикистон кӣ буданд?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:05:52 0:00

Ҳусейн аз насаби Нахудов қимоб буд

Тибқи маълумоте, ки Радиои Озодӣ аз манобеи худ ва наздикони ҳамлагарон ҷамъоварӣ кард, Ҳусейн Абдусамадов зодаи деҳаи Селгаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, наздик ба марзи Тоҷикистону Афғонистон аст.

Дар сесолагӣ падараш фавтидааст ва аввали солҳои 1990 ҳамроҳ бо модару ду бародар ба Душанбе кӯч бастааст. Ба гуфтаи модараш, яке аз хонандагони фаъоли литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе буд. Модараш мегӯяд, насаби писараш Нахудов буд ва ҳамеша аз он шарм медошт ва пас аз хатми мактаби миёна номи хонаводагиашро ба Абдусамадов иваз кард.

Соли 2002 донишҷӯи факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон шуд, вале донишгоҳро дар соли сеюм тарк кард ва ба Русия рафт.

Гулчеҳра Шодмонова, модари Абдусамадов иқрор мекунад, ки писараш баъди таҳти таъсири шахсе бо номи "Қорӣ Носир" қарор гирифтанаш аз донишгоҳ рафт ва намозхон шуд. Гулчеҳра Шодмонова мегӯяд, ду писараш Бахтиёр ва Ҳусейн соли 2004 таҳти таъсири "Қорӣ Носир" қарор гирифтанд ва зиндагии худро барбод доданд.

Бародари Ҳусейн Абдусамадов - Бахтиёр Абдусамадови 37-сола бо ҷурми узвият дар гурӯҳи мамнӯъи "Ҳаракати исломии Туркистон" ҳоло дар зиндон аст.

"Қорӣ Носир" кист?

"Қорӣ Носир" - Носирхуҷа Убайдови 45-сола, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, он замон дар кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе, дар як маҳалла бо хонаводаи Ҳусейн Абдусамадов зиндагӣ мекард. Ҳоло ӯро мақомот тарҳрези ҳамла ба ҷаҳонгардони ғарбӣ медонанд.

Ин мард то соли 2010 дар Душанбе буд. Хоҳарзодаи ӯ Аҳлиддин Убайдов рӯзи 3-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамон нафароне, ки дар Эрон таҳсил карда буданд, аз ҷониби мақомот бозпурсӣ шуданд ва "Қорӣ Носир" дар ҳоле аз Душанбе ба Маскав рафт, ки мақомот ӯро барои сӯҳбат даъват карда буданд. Макони иқомати ин нафар маълум нест.

Баъди ҳамла ба сайёҳон моро ба Душанбе даъват карданд ва гуфтанд, ӯ зинда аст ва ҳамла ба сайёҳон ин кори дасти ӯ аст

"Ӯ то соли 2013 бо мо аз Русия дар тамос мешуд, баъдан нопадид шуд. Соли 2014 мақомоти ноҳияи Фархор моро даъват карданд ва гуфтанд, ки хабарҳое ҳаст, ки ӯ ба ҷангҳои Ховари Миёна рафтааст. Бо мо тамоман тамос надошт. Соли 2017 мақомот хабар доданд, ки "Қорӣ Носир" эҳтимолан ҳалок шудааст. Баъди ҳамла ба сайёҳон моро ба Душанбе даъват карданд ва гуфтанд, ӯ зинда аст ва ҳамла ба сайёҳон ин кори дасти ӯ аст",-гуфт Убайдов.

Убайдов гуфт, зиндаву мурдаи "Қорӣ Носир" барояшон муҳим нест ва хонавода “аз рангу намуди ӯ безор аст”, ҳатто номашро шунидан намехоҳанд. Мақомот мегӯянд, Ҳусейн Абдусамадов солҳои тӯлонӣ бо Носирхуҷа Убайдов (Қорӣ-Носир) шиносоӣ дошт ва бо дастури ӯ барои анҷоми ҳамлаи террористӣ шарик меҷуст.

Асомиддин Маҷидов ва Зафарҷон Сафаров, ду узви 19-солаи гурӯҳи ҳамлагар, сокинони деҳаи Селгаи ноҳияи Панҷ, бо Ҳусейн Асомиддинов хешутабор буданд ва зоҳиран аз ҷониби ӯ мағзшӯӣ шудаанд.

Ин ду нафар дар фосилаи ду рӯз аз ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ аз Русия ба Тоҷикистон баргашта, рост ба самти Норак рафтанд. Ҷумъа Сафаров, падари Зафарҷон Сафаров рӯзи 2-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз баргаштани писараш ба Тоҷикистон хабар надошт.

Нур Нахудов, як тан аз наздикони ин ду ҷавон рӯзи 31-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соати 14-и рӯзи 24-уми июл Зафар Сафаров аз Маскав бо ӯ дар тамос шуд. Нахудов мегӯяд, ӯ ба пистачинӣ мерафт, аз ин рӯ дароз сӯҳбат накард, вале зоҳиран Зафар чизеро пурсидан мехост, ки имконаш надоданд. Ин охирин тамоси Сафаров бо пайвандон будааст.

Ба гуфтаи пайвандон, ин ду ҷавон соли гузашта аз имтиҳони Маркази миллии тестӣ нагузаштанд ва охири моҳи феврал ба Русия рафтанд. Яке дар шаҳри Истраи Маскав ва дигаре дар Новосибирск кор мекард.

Яке дар нерӯгоҳи Роғун дигаре дар Норак?

Аслиддин Юсупов, сокини 21-солаи шаҳри Норак ва Ҷаъфариддин Юсупов, бародари 26-солаи ӯ ду узви дигари ин гурӯҳ буданд, ки дар шаҳри Норак барои тарҳрезии ҳамла ба ҳам омаданд.

Ба гуфтаи манобеи тафтишот, Ҷаъфариддин чанд моҳе пеш дар Русия аз ҷониби Ҳусейн Абдусамадов мағзшӯӣ шудааст. Ӯ баъдан бародарашро ба ин гурӯҳ ҷалб кард. Аслиддин Юсупов рӯзи 30-уми июл, ба гуфтаи мақомот, вақте ба Ҷумъахон Назаров, полковники милитсия бо табар ҳамла кард, кушта шуд.

Ӯ бо Ҳусейн Абдусамадов, ки зинда дастгир шуд, ҳамроҳ буд. Ҷаъфариддин Юсупов, ҳамроҳ бо Зафарҷон Сафаров ва Асомиддин Маҷидов рӯзи 31-уми июл дар деҳаи Осмондараи ноҳияи Данғара кушта шуданд.

Савганди садоқат ба ДОИШ
Савганди садоқат ба ДОИШ

Аслиддин ва Ҷаъфариддин, писарони Наботбегим Юсупова, муовини директори мактаби рақами 5-и шаҳри Норак оид ба тарбия будаанд. Онҳо дар хонавода се писар ва як духтар ҳастанд. Бахтиёр Юсупов, писари 28-солаи ин хонавода бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар яке аз зиндонҳои Русия нигаҳдорӣ мешавад.

Амир Солеҳов, амаки ду ҷавони кушташуда рӯзи 4-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бародараш модари онҳоро соли 1996 тарк кард ва бо зани дигаре дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунад. Ӯ гуфт, Аслиддин ва Ҷаъфариддин бепадар калон шуданд.

"Аслиддин се моҳ пеш дар нерӯгоҳи Норак ба кор даромад. Онҳоро дер-дер медидам. Як моҳ пеш Ҷаъфариддинро дидам, ки дар дасташ як коғаз дошт ва гуфт, ки барои кор ба нерӯгоҳи Роғун меравад. Рафт ё не, дигар намедонам",-гуфт, Солеҳ Амиров.

Ҷаъфариддин коллеҷи техникии шаҳри Ваҳдатро хатм карда буд. Аслиддин дар шаҳри Исфара, марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон, дар артиш хидмат карда, дар онҷо бо духтаре издивоҷ мекунад. Ӯ соҳиби ду фарзанд аст.

Нақша дар шаби "Моҳи хунин"

Шаби 27-28-уми июл, ки бархе сокинони Тоҷикистон "Моҳи хунин"-ро тамошо мекарданд, ин гурӯҳ нақшаи ҳамларо мекашид. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, бегоҳи рӯзи 27-уми июл онҳо навори "байъат" ба Бағдодиро сабт карда, "силоҳ"-ҳояшонро барои ҳамла омода карданд.

Аммо ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои қудратӣ ҳанӯз ба кӣ ва дар куҷо ҳамла кардани гурӯҳ маълум набуд. Дастур барояшон ин буд, ки ҳамларо дар ҷойи серҷамъият, наздиктар ба марзи Афғонистон ва ҷойе, ки инсонҳо бештар кушта шаванд, амалӣ кунанд.

Моҳи хунин дар Тоҷикистон
Моҳи хунин дар Тоҷикистон

Ин манбаҳо мегӯянд, ҳадаф ҷалби таваҷҷӯҳ, барангехтани тарсу ҳарос ва сару садои бештар буд. Барои ин дар Данғара, Восеъ ва Кӯлоб ҷой кофтанд. Рӯзи 28-уми июл, ҳангоми ҳаракат аз самти Норак ба Кӯлоб, дар мошини Ҷаъфариддин Юсупов, онҳо гурӯҳи ҷаҳонгардони дучархасаворро диданд.

"Қорӣ Носир", ки тариқи "Вотс Апп" бо онҳо дар тамос буд, қатли сайёҳонро ҳамчун ҳадафи муносиб ва пурсару садо тавсия додааст. Онҳо шаб дар Кӯлоб монда, фардо ҷаҳонгардонро дунболагирӣ карданд. Дар наворҳое, ки рӯзи 31-уми июл ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки сайёҳон аз ҳам дар фосилаи дур ҳаракат мекунанд.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳамлагарон то якҷо шудани шаш сайёҳ онҳоро то деҳаи Сафобахши Данғара пайгирӣ карданд. Онҳо сайёҳонро аввал бо мошин пахш карданд ва сипас бо корду табар заданд.​

Дар ин ҳамла, чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Аустин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ду нафари дигар - шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд ва дар беморхонаи марказии ноҳияи Данғара бистарӣ шуданд.

Радиои Озодӣ навори ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғараро дарёфт кард
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:21 0:00

Парванда ниҳоӣ нашудааст

"Моҳи хунин", ки шабе пеш аз ин ҳодиса дар Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳо хубтар намоён буд, таваҷҷуҳе ҷалб накард, вале ин ҳодисаи хунин дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт.

Мақомот гуфтанд, ки ҳамларо ҳизби мамнӯъи наҳзати исломи зери пушиши парчами гурӯҳи тундрави ДИИШ анҷом дод. Масъулони ҳизб даст доштанашон дар ин ҳодисаро рад мекунанд.

Маълумоте, ки Радиои Озодӣ аз манобеи мухталиф дар бораи ин ҳамла дастрас кард, натиҷаи тафтишҳои ибтидоии ҳодиса ҳаст. Ҳанӯз парванда ниҳоӣ нашудааст.

Ҳаракати гумонбарони шарик дар ҷиноят, фарзия, сабабу омилҳо омӯхта мешавад. Ҳодиса аз рӯйи фарзияи ҳамлаи "террористӣ ва одамкушӣ" таҳқиқ мешавад. Дар курсии айбдорӣ Ҳусейн Абдусамадов нишастааст. Чаҳор ҳамроҳи ӯ бидуни ҷаноза дар зодгоҳашон дафн шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG