Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайфулло Сафаров: Эрон ба ҷойи нота далел пешниҳод кунад


Эътирози Эрон ба Тоҷикистон дар робита ба эҳтимоли даст доштани Теҳрон дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ, дар Душанбе шунида шуд. Бархе доираҳои наздик ба мақомоти тоҷик мегӯянд, ин нота зарурат надошт, зеро онҳо на Эрон, балки таҳсилдидагони он кишварро гунаҳкор карданд.

Аммо бархе коршиносони мустақил мегӯянд, Тоҷикистон бо гунаҳкор кардани Эрон дар қатли сайёҳон "хати қирмиз"-ро убур кард ва Эрон низ наметавонист дар баробари иттиҳоми ҳамла ба шаҳрвандони Амрико ва Аврупо хомӯш бошад. Ин ҳам дар ҳоле, ки масъулияти ҳамла ба сайёҳонро тарадорони гурӯҳи тундрави "Далати Исломӣ" бар дӯш гиифтанд. Вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи 1-уми август сафири Тоҷикистон дар он кишвар Неъматулло Эмомзодаро даъват ва ба ӯ нотаи эътирозӣ супорид.

Коршиносон мегӯянд, пас аз ин дар гумон аст, ки Эрон дигар барои гарм кардани муносибатҳо бо Тоҷикистон талош кунад.

Сомонаи Вазорати умури хориҷии Эрон навишт, "додани адреси ғалат сабаби ташвиқи террористҳои такфирӣ барои ташдиди иқдомоти хушунатбор шуда ва ба мувозоти он талошҳо барои эҷоди тафриқаи мазҳабӣ ва таблиғи он аз тарафи баъзе аз маҳофил ва ашхоси динӣ ва расонаӣ натиҷае ҷуз эҷоди таниш, ноамнӣ ва афзоиши иқдомоти террористӣ барои ин кишвар нахоҳад дошт".

Рӯзи 31 июл вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки дар пушти ҳамла ба ҳафт сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара - Эрон ва ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ қарор доранд. ҲНИ билофосила ин иттиҳомро рад кард. Ин иттиҳом чанд соат баъди он садо дод, ки гурӯҳи ба ном "Давлати Исломӣ" бо пахши як изҳорот ва баъдан наворе масъулияти ташкили ҳамла ба хориҷиҳоро ба дӯш гирифт.

"Сайфулло Сафаров: Эрон ба ҷойи нота далел пешниҳод кунад"

Доираҳои наздик ба мақомоти Тоҷикистон нотаи Эронро нозарур медонанд ва мегӯянд, беҳтар буд Ҷумҳури исломӣ дар ин кор хомӯш мемонд. Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ мегӯяд, ба ҷойи нота беҳтар буд Эрон ба мақомоти тоҷик далелҳои худро пешниҳод мекард.

Аз ҷумла, ба қавли Сафаров, Эрон бояд ба Тоҷикистон далелҳоеро ироа мекард, ки Ҳусейн Абдусамадов, роҳбари гурӯҳи ҳамалагарон ба сайёҳони хориҷӣ, дар ин кишвар таҳсил накардааст. Дар ин ҳолат, ба гуфтаи Сайфулло Сафаров, масъала ҳал мешавад.

Ин нахустин бор нест, ки мақомоти тоҷик ҲНИТ ва Эронро дар талоши эҷоди бесуботӣ дар Тоҷикистон муттаҳам мекунанд. Аз ҷумла, вазорати умури дохилии Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта бо нашри як филми мустанад гуфт, Эрон дар қатлҳои сиёсии солҳои 1990-ум ва оғози 2000-ум дар Тоҷикистон даст дорад. Эрон он замон низ ин ҳамаро бепояву асос ва хилоф бо меъёрҳои ҳамкории ду кишвари дусту ҳамзабон номида буд.

Коршинос: "Эрон самташро тағйир медиҳад"

Аммо дар се соли сардии муносибатҳо, ин аввалин маротиба аст, ки Эрон аз амалкарди ҷониби Тоҷикистон норозигӣ ва ба сафираш нота месупорад. Дар доираҳои коршиносӣ ин амалкарди Эрон ба маънои "пур шудани косаи сабр" ва тағйири мавқеи Эрон дар баробари Тоҷикистон арзёбӣ шуд.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари мустақил мегӯяд, бо гунаҳкор кардани Эрон дар қатли сайёҳон, "хати қирмиз" убур шуд. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, қаблан Эрон дар баробари иддаоҳои ҷониби Тоҷикистон хомӯширо ихтиёр карда буд ва онҳоро зиёд ҷиддӣ намегирифт. Чун ин гунаҳкоркуниҳо ба қавли коршинос, бештар ба масоилҳои дохилии Тоҷикистон рабт доштанд.

"Эрон ҳамаи инро таҳаммул мекард, чун ба имиҷи Эрон дар миқёси байналмилалӣ он қадар таъсир надошт ва ҳамаи ин хабарҳо барои гӯши тоҷикон буданд. Вале ахиран Тоҷикистон, Эронро дар сар задани як ҳодисаи нангин, яъне куштори шаҳрвандони Ғарб дар қаламрави худ айбдор кард. Ин ҳолате буд, ки Эрон наметавонист онро паси сар кунад",-хулоса кард Абдумалик Қодиров.

Эрон даргири мушкилоти дигар аст

Ин коршиноси тоҷик ҳамчунин афзуд, пас аз ин дар гумон аст, ки Эрон дигар барои гарм кардани муносибатҳо бо Тоҷикистон талош кунад. Вале коршиносони эронӣ мегӯянд, ки ҳоло Эрон дар мавқее нест, ки дар фикри муносибатҳояш бо Тоҷикистон ё дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, чун дар саҳнаи байналмилалӣ гирифториҳои зиёд дорад.

Нюшо Буғротӣ, сардабири барномаҳои Радио Фардо мегӯяд, "Эрон ҳоло бо мушкилоти зиёде дасту панҷа нарм мекунад: пули миллии Эрон дар муқобили доллар башиддат поин омадааст, ҳамин рӯзҳо дар шаҳрҳои мухталиф тазоҳурот алайҳои масоили сиёсиву иқтисодӣ ҷараён дорад. Аз тарафи дигар, масъалаи таҳримҳо ҳаст, ки Трамп мехоҳад дубора барои Эрон ба вуҷуд оварад. Эрон бо масоили зиёде дасту панҷа нарм мекунад ва шояд бигӯем, ки он қадар ҳам манфиате надорад, ки дар шароити феълӣ бихоҳад чунин кореро анҷом бидиҳад".

Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан се соли охир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъ дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.

Коршиносон мегӯянд, муносиботи Тоҷикистону Эрон феълан дар поёнтарин нуқтаи худ мебошад. Додугирифти иқтисодии ду кишвар низ ҳоло хеле ночиз шудааст.

XS
SM
MD
LG