Наботбегим Юсуфова, муовини мудири мактаби таҳсилоти умумии рақами 5-и шаҳри Норак, ки ду писараш дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Себистони Данғара иштирок доштанд, аз мақомаш барканор шудааст. Дар ин бора аз ҳукумати шаҳри Норак хабар доданд.
Гулрухсор Файзалова, мудири мактаби таҳсилоти умумии рақами 5-и шаҳри Норак рӯзи 10-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки Наботбегим Юсуфова дигар дар муассисаи онҳо кор намекунад. Ӯ аз идомаи сӯҳбат дар ин мавзӯъ худдорӣ кард.
Наботбегим Юсуфова модари Ҷаъфариддини 21-сола ва Аслиддини 26-сола аст, ки дар пайи ҳамла ба сайёҳонӣ хориҷӣ, аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон кушта шуданд.
Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, ки бо худи Наботбегим Юсуфова сӯҳбат кунад, чун ба гуфтаи наздиконаш, ӯ ҳамарӯза аз сӯи мақомот барои сӯҳбат даъват мешавад. Як муаллимаи ин мактаб ба Радиои Озодӣ гуфт, "Юсуфова мехост, ки ба кораш идома диҳад, аммо маҷбураш карданд, ки бо дастури мақомот аз кор равад."
Наботбегим Юсуфова аз соли 1986 ба ин тараф дар ин мактаб ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ва баъдан муовини мудири мактаб оид тарбия, кор мекард. Кормандони ин мактаб чанд рӯз қабл дар сӯҳбати видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ӯ дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекард ва фарзандонаш низ дорои ахлоқи хуб буданд.
Наботбегим Юсуфова модари Ҷаъфариддини 21-сола ва Аслиддини 26-сола аст, ки дар пайи ҳамла ба сайёҳонӣ хориҷӣ, аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон кушта шуданд. Ин зан даҳ сол қабл аз шавҳараш талоқ гирифта, дар кӯчаи Боймирзо Шукурови шаҳри Норак зиндагӣ мекунад ва ба танҳоӣ фарзандонашро ба воя расонидааст.
Ба гуфтаи манобеи тафтишот, Аслиддин чанд моҳе пеш дар Русия аз ҷониби Ҳусейн Абдусамадов, раҳбари гурӯҳи ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷӣ дар рӯзи 29-уми июл, мағзшӯӣ шудааст. Ӯ баъдан бародарашро ба ин гурӯҳ ҷалб кард.
Аслиддин Юсупов рӯзи 30-уми июл, ба гуфтаи мақомот, вақте ба Ҷумъахон Назаров, полковники милитсия бо табар ҳамла кард, кушта шуд. Ӯ бо Ҳусейн Абдусамадов, ки зинда дастгир шуд, ҳамроҳ буд. Ҷаъфариддин Юсупов, ҳамроҳ бо Зафарҷон Сафаров ва Асомиддин Маҷидов рӯзи 31-уми июл дар деҳаи Осмондараи ноҳияи Данғара кушта шуданд.
Онҳо дар хонавода се писар ва як духтар ҳастанд. Бахтиёр Юсупов, писари 28-солаи ин хонавода бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар яке аз зиндонҳои Русия нигаҳдорӣ мешавад. Амир Солеҳов, амаки ду ҷавони кушташуда дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бародараш модари онҳоро соли 1996 тарк кард ва бо зани дигаре дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунад. Ӯ гуфт, Аслиддин ва Ҷаъфариддин бепадар калон шуданд.
"Ҷаъфариддин се моҳ пеш дар нерӯгоҳи Норак ба кор даромад. Онҳоро дер-дер медидам. Як моҳ пеш Аслиддинро дидам, ки дар дасташ як коғаз дошт ва гуфт, ки барои кор ба нерӯгоҳи Роғун меравад. Рафт ё не, дигар намедонам", - гуфт Солеҳ Амиров.
Ҷаъфариддин коллеҷи техникии шаҳри Ваҳдатро хатм карда буд. Аслиддин дар шаҳри Исфара, марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон, дар артиш хидмат карда, дар онҷо бо духтаре издивоҷ мекунад. Ӯ соҳиби ду фарзанд аст.
Дар ҳамлаи рӯзи 29-уми июл дар Себистони Данғара, чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Аустин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Ду нафари дигар - шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд ва дар беморхонаи марказии ноҳияи Данғара бистарӣ шуданд.