Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волидони амрикоҳои кушташуда: "Медонем, кори дасти террористон аст". ВИДЕО


Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки волидони ду ҷаҳонгарди амрикоии кушташуда дар як ҳамлаи маргбор дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон, ин фоҷеаро кори дасти "террористон" меноманд ва ба ҳеҷ сурат "аз мардуми тоҷик домангир нестанд".

Ин нуктаро рӯзи 10-уми август як мақоми Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои рушди сайёҳии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баён кард, ки дар Душанбе ба кори худ шурӯъ кард.

Тоҷикистон соли 2018-ро соли рушди сайёҳӣ унвон кард ва мақомот талош мекунанд, ки ин кишварро дар чашми хориҷиҳо ҷаззобу дилкаш муаррифӣ кунанд.

Ин ҷаласа 12 рӯз баъди ҳамлаи пурхушунат ба ҳафт сайёҳи хориҷӣ дар Тоҷикистон ҷараён мегирад. Дар натиҷаи ин ҳодиса чор ҷаҳонгарди хориҷӣ кушта шуданд.

Масъулияти ин ҳамларо мақомоти тоҷик ба дӯши аъзои ҲНИТ вогузор карданд, вале гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" бо пахши саҳнаи савгандёдкунии панҷ ҷавони ҳамлагар, масъулияти ин ҳодисаро ба дӯши худ гирифт. Додситонии кулли Тоҷикистон ин ҳодисаро тафтиш мекунад.

Волидони ду сайёҳ сандуқи хайриявӣ таъсис доданд

Моҳлиқо Шарифова, сухангӯи Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон рӯзи 10-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чанд рӯз қабл Нӯъмон Абдуғаффорзода, раиси ин кумита бо волидайни ду сайёҳи амрикоӣ - Ҷей Остин ва Лорен Гейган тавассути интернет сӯҳбат кардааст. Ӯ гуфт, волидони ҷаҳонгардони кушташуда ба раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон гуфтаанд, ки "онҳо дар ҳодисаи рухдода аз мардуми тоҷик домангир нестанд".

Моҳлиқо Шарифова, сухангӯи Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон.
Моҳлиқо Шарифова, сухангӯи Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон.

"Волидайни ин ду сайёҳ гуфтанд, ки қатли ҷаҳонгардон дар ноҳияи Данғара кори дасти террористон аст ва ба ин далел, аз мардуми тоҷик ҳаргиз домангир нестанд. Онҳо хабар доданд, ки барои рушди ҷаҳонгардии дучархасаворӣ бо исми ду фарзандашон сандуқи хайриявие таъсис додаанд, ки ҳадафаш таблиғи ин навъи сайёҳӣ мебошад. Ба гуфтаи онҳо, аллакай созмону ширкатҳое зиёде барои ихтисоси маблағ ба ин сандуқ изҳори омодагӣ кардаанд".

Волидони амрикоиҳои кушташуда гуфтанд, марги фарзандонро "ҳамлаи террористӣ" арзёбӣ мекунанд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:33 0:00

Моҳлиқо Шарифова дар ин замина дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои рушди сайёҳии кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе изҳори назар кард. Ҳарчанд дар барномаи кори ин ҷаласаи мавзӯи қатли сайёҳон дар ноҳияи Данғара матраҳ набуд, вале Нӯъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки рух додани ин ҳодиса ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар таъсире нарасонидааст.

Дар 7 моҳ ним миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омадааст

Вай афзуд, бо бештаре аз ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ ва дохилӣ сӯҳбатҳо доштааст ва онҳо изҳор карданд, ки ҳанӯз ба далели вуқӯи ин ҳодиса ҳеҷ сайёҳе тасмими сафараш ба Тоҷикистонро тағйир надодааст. "Ба унвони раиси кумита метавонам бигӯям, ки бо таъсиси пулиси амнияти сайёҳон, аз ин ба баъд бехатарии ҷаҳонгардон дар Тоҷикистон комилан таъмин мешавад. Ман дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо маъмурони ин бахши тозатаъсис сӯҳбат доштам ва онҳо қавл медиҳанд, ки аз ин баъд аз вуқӯи чунин ҳодисаҳои нанговар ҷилавгирӣ мекунанд",-афзуд Нӯъмон Абдуғаффорзода.

Нӯъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон.
Нӯъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 950 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан кардаанд, ки беш аз ним миллион нафари онҳо ҳамчун сайёҳ номнавис шудаанд. Ин дар ҳолест, ки танҳо дар як соли 2017 дар маҷмӯъ ба Тоҷикистон ҳудуди 430 ҳазор сайёҳ ташриф оварда буд ва ин омор назар ба нишондодҳои имсола ба маротиб камтар аст. Вай изҳори боварӣ кард, ки то охири соли ҷорӣ боз садҳо ҳазор ҷаҳонгарди дигар барои саёҳат ба Тоҷикистон меоянд.

Тоҷикистон соли 2018-ро соли рушди сайёҳӣ унвон кард ва мақомот талош мекунанд, ки ин кишварро дар чашми хориҷиҳо ҷаззобу дилкаш муаррифӣ кунанд, то ки шумори бештари меҳмонҳо бо зарфиятҳои туристии ин кишвар аз наздик шинос шаванд. Ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон, ки нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон соҳибистиқлол рух дод, на танҳо сокинон, балки сохторҳои ҳифзи қонуни кишварро ҳам таконзада кард. Президент Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамларо маҳкум кард ва ҷараёни таҳқиқи ҳодисаро зери назорати худ гирифт.

"Таъмини амнияти сайёҳон кори ҳар кишвар аст"

Рӯзи 10-уми август мутахассисони бахши туризми кишварҳои узви ИДМ изҳори умедворӣ карданд, ки ҳодисаи дар Тоҷикистон рухдода хориҷиҳои дигарро аз дидани зебоиҳои ин кишвар бознамедорад.

Наталя Тимчук, намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Наталя Тимчук, намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ.

дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҷаласаи Душанбе роҳҳои беҳбуди бахши туризму ҷаҳонгардӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Ӯ аз ҷумла, гуфт, ки ҳодисаи қатли сайёҳон дар Тоҷикистон ба барномаи баргузории ин ҷаласа тағйироте ворид накард. Кишварҳои узви ин Шӯро ҳамчунон мавзӯи таҳияи барномаи рушди сайёҳӣ дар кишварҳои ИДМ то соли 2030-ро баррасӣ мекунанд.

Дар посух ба ин савол, ки оё дар ин барномаи корӣ мавзӯи таъмини амнияти ҷаҳонгардон низ матраҳ мешавад ё хайр, хонум Тимчук гуфт: "Тибқи муқаррароти созмони мо, таъмини амнияти сайёҳон вазифаи ҷудогонаи ҳар кишвар аст ва ба ин далел, дар барномаи рушди сайёҳии ИДМ ин нукта зикр намешавад",-афзуд Наталя Тимчук.

"Ҳодисаи Данғара ба ҷалби сайёҳон таъсир кардааст"

Қурбон Аламшоев, раҳбари созмони сайёҳии экологии "Кӯҳҳои Помир"
Қурбон Аламшоев, раҳбари созмони сайёҳии экологии "Кӯҳҳои Помир"

Ҳарчанд мақомоти сайёҳии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳодисаи қатли ҷаҳонгардон дар ноҳияи Данғара ба раванди ҷалби сайёҳон ба кишвар таъсире нарасонидааст, Қурбон Аламшоев, раҳбари созмони сайёҳии экологии "Кӯҳҳои Помир" дар шаҳри Хоруғ бо чунин назар мувофиқ нест.

Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "соле қабл мо дар Бадахшон ҷашнвораи зистмуҳитӣ баргузор кардем ва дар он аз ҳудуди 20 кишвари ҷаҳон 200 сайёҳ ширкат доштанд. Имсол бошад, ба далели ҳодисаи Данғара бештаре аз сайёҳон ба мо хабар доданд, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ мекунанд".

Дар ҳамлаи рӯзи 29-уми июл дар Себистони Данғара, чаҳор сайёҳи хориҷӣ -- шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Аустин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ду нафари дигар - шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG