Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми Тоҷикистон пас аз ҳамлаи Данғара як зина поин рафт


Департаменти давлатии Амрико мақоми Тоҷикистонро аз ҷиҳати амният барои сайёҳон як зина поин овард. Ин ниҳод, ки масъули равобити хориҷии ин кишвар бо давлатҳои дунё аст, дар бахши "Машваратҳо барои сайёҳӣ" кишварҳои дунёро аз назари бехтариву амният дар чор радда ҷудо мекунад.

Раддаи аввал "Чораҳои оддии бехатарӣ" унвон дорад, ки дар он кишварҳое шомиланд, ки амнияти шаҳрвандон ва сайёҳони хориҷӣ таъмин ҳастанд. Тоҷикистон то ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон дар Данғара, ки рӯзи 29-уми июл рух дода, чор кушта аз ҷумла ду сайёҳи амрикоиро кушта ба ҷо гузошт, дар ҳамин радда қарор дошт.

Ҳамакнун Депортаменти давлатии Амрико Тоҷикистонро аз нигоҳи амният ба сайёҳон ба шумори кишварҳое шомил кардааст, ки шаҳрвандонаш ҳангоми сафар ба ин кишварҳо "ниҳоят эҳтиёт кунанд". Аз кишварҳои пасошӯравӣ дар ин радда танҳо Украина айни замон шомил аст.

Раддаи севвум "Сафарро бозбинӣ кунед" унвон дорад ва дар ин радда низ кишварҳое шомиланд, ки амният ба пуррагӣ таъмин нест. Раддаи чорум кишварҳоест, ки Амрико сафар кардани шаҳрвандонашро на танҳо тавсия намедиҳад, балки ҳушдор додааст, ки ба ин кишварҳо сафар накунанд. Кишварҳое ноамне мисли Сомалӣ ва Афғонистон дар ин радда қарор доранд.

XS
SM
MD
LG