Шаҳбол Мирзоев, ки дар қисми низомии нирҳӯои марзбонии Тоҷикистон маъюб шудааст, баъди 40 рӯзи табобат аз бемористони Хуҷанд берун шуда, табобаташро акнун дар табобатгоҳи физиологӣ, маъруф ба "физлечебнитса" идома хоҳад дод. Ин аксҳоро Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол ба Озодӣ фиристод.
7 АКС аз Шаҳбол Мирзоев баъди 40 рӯзи табобаташ дар Хуҷанд

1
Шаҳбол Мирзоев баъди 40 рӯзи табобат дар бемористони Хуҷанд

2
Падараш мегӯяд, вазни Шаҳбол Мирзоев қаблан 78 кило буд, вале дар 4 моҳи охир хеле хароб шудааст

3
Шаҳбол Мирзоев баъди ҷарроҳӣ дар Маскав 40 рӯз дар Хуҷанд шушашро табобат кард. Волидонаш ин ҳама вақт шабҳои худро дар дохили мошин рӯз кардаанд.

4
Нӯъмон Мирзоев мегӯяд, барои табобати Шаҳбол то имрӯз қариб 50 000 доллар сарф кардааст.