Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ сержант Давлатовро ба 9 соли зиндон маҳкум кард


Додгоҳи гарнизони низомии Хуҷанд сержанти нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон Фаррух Давлатовро ҳамчун сабабгори марги сарбози ин қисми ҳарбӣ Акмал Давлатов ба сӯиистифода аз вазифаи давлатӣ гунаҳкор дониста, ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Фаррух Давлатов ба он муттаҳам шуд, ки шоми 17-уми апрел, се навсарбоз, аз ҷумла Акмал Давлатовро пас аз хӯроки шом ба «Хонаи маишӣ»-и қисми ҳарбӣ даъват карда, онҳоро латукӯб кардааст. Вай, аз ҷумла ба шиками Акмал зарбаи ногаҳонӣ зада, сабаби боло омадан ва ворриди шуши ӯ шудани ғизои хӯрдааш гаштааст. Ташхиси пизишки ҷиноии Исфара ошкор кардааст, ки марги Акмал Давлатов дар натиҷаи «нафасгирӣ» (асфиксияи механикӣ) иттифоқ афтодааст. Вай ҳангоми интиқол ба беморхона дар роҳ ба ҳуш наомада фавтид.

Падари ин сарбоз, Аъзам Давлатов, ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ба ҳукми додгоҳ эътирозе надорад: «Мо агар шикоят ҳам кунем, фарзандамон зинда намешавад. Прокурор даҳ сол талаб кард, вале суд 9 сол дод. Мо ҳаволаи ӯро ба Худо кардаем. Аммо мехоҳем, ки дар бораи ҳодисаи ба сари писари ман омада, ҳамаи расонаҳо нависанд, то дигар чунин ҳолатҳо такрор нашавад.»

Падари ин сарбози ҳалокшуда, ки тоза аз Хуҷнад баргаштааст, мегӯяд, ҳоло ҳадаф дорад, дар ҳама ҷо ҳодисаи ба сари писараш омадаро қисса кунад ва аз такрори чунин ҳодисаҳо ҷилавгирӣ намояд.

Дилафрӯз Самадова, вакили падари Акмал Давлатов мегӯяд, дар ҷараёни мурофиа маълум шуд, ки Фаррух Давлатов, нафаре, ки дар ҳалокати ин сарбоз даст дорад, маълумоти миёна надорад.

Ӯ мегӯяд: «Дар ин мурофиа бароям маълум шуд, ки чор нафар шоҳид ва судшаванда то синфи 6 хондаанд. Аз ин бармеояд, ки яке аз сабабҳо паст будани дониш ва паст будани маърифати онҳост, ки дар ниҳоят ба рафторҳои ғайриоинномавӣ оварда шудааст. Пешниҳоди ман ҳамин аст, ки ба ин гуна сарбозон ба таври ҷиддӣ дарс гузаранд ва донишашро беҳтар кунанд.»

Ин ҳуқуқшинос мегӯяд, ба хотири коҳиш додани чунин ҳолатҳо бояд мурофиаҳои додгоҳӣ дар қисмҳои ҳарбӣ баргузор шавад ё ҳади ақал дар бораи чунин ҳолатҳо миёни сарбозон мавод паҳн кунанд. Дар ин сурат ба гуфтаи ӯ, чунин ҳодисаҳо дар қисмҳои ҳарбӣ коҳиш хоҳад ёфт.

Дар ҳамин ҳол, Сафармоҳ Мирзоева, модари Фаррух Давлатов, ки 9 соли ояндаро дар маҳбас хоҳад гузаронд, мегӯяд, барои ширкат дар мурофиаи додгоҳии писараш аз ҳамсояҳо маблағ қарз гирифта, ба Хуҷанд сафар кардааст. Ӯ мегӯяд, Фаррух дар оила яккафарзанд буд ва бо хоҳиши худ ба хидматӣ ҳарбӣ рафт ва ин ҷиноятро қасдан содир накардааст. Вай изҳори умедворӣ кард, ки фарзандаш дар ояндаи наздик авф хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол масъулини додситонии низомии Суғд мегӯянд, ба хотири коҳиш додани чунин ҳолатҳо чорбиниҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сарбозонро зиёдтар кардааст ва ин ҳодисаро ҳамчун намуна истифода хоҳанд бурд.

Зимнан, ин дувумин мурофиаи бадрафторӣ дар артиш аст, ки бо ҳукми додгоҳ ба поён мерасад. Як рӯз пеш додгоҳи низомии Душанбе сарбозеро, ки даст ба хушунат зада, ҳамхидмати худ Шаҳбол Мирзоевро маъюб кард, низ ба 9 соли зиндон маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG