Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Хатлон парвандаи се гумонбар ба узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон, аз ҷумла "амир"-и созмон дар вилоятро ба додгоҳ фиристод.
Як манбаъ дар мақомоти амниятии Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи Зилмурод Эшонхонов бо Нуриддин Исохонов ва Алишер Давлатов, ки моҳи майи соли равон дар зодгоҳашон деҳаи Қизил Нишони ноҳияи Қубодиён боздошт шуда буданд, ниҳоӣ ва ба додгоҳи Хатлон фиристода шудааст. Манбаъ афзуд, аммо таҳқиқи парвандаи Аслиддин Наврӯзов, узви дигари ин гурӯҳ идома дорад.
Онҳоро мақомот бар асоси моддаҳои 187 ва 307-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - таъсиси гурӯҳи ҷиноятӣ ва даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии кишвар муттаҳам мекунанд. Ба гуфтаи манбаъ, онҳо иқрор шудаанд, ки ба тарғиби ғояҳои ин ҳаракати мамнӯъ ва даъвати ҳамдеҳаҳои худ ба ҷиҳод машғул буданд.
Ин гурӯҳ пас аз истирдоди Бахтиёр Умаров, узви ҲИУ, аз Покистон ба Тоҷикистон иттифоқ афтодааст. Бахтиёри 26-сола низ сокини деҳаи Қизил Нишони ноҳияи Қубодиён ва хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон будааст. Моҳи феврали соли ҷорӣ ду сокини дигари ин деҳа – Акмал Рашидов ва Иброҳим Қурбонов ба мӯҳлатҳои ҳаштуним ва нӯҳ сол аз озодӣ маҳрум шуда буданд.
Кумитаи амнияти миллӣ моҳи феврали соли ҷорӣ хабар дода буд, ки дар баробари Акмал Рашидов ва Иброҳим Қурбонов ҳамчунин нисбат ба 10 ҳамдеҳаи онҳо аз рустои Қизил Нишони ҷамоати Янгиюли ноҳияи Қубодиён парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст. Нусратулло ва Суннатулло Абдуллоевҳо, Иброҳим Сатторов, Шӯҳрат Саидов ва дигарон низ дар пайравӣ аз Ҳаракати исломии Узбакистон муттаҳам дониста мешаванд. Ҳоло мақомоти интизомии Тоҷикистон боз 6 нафарро дар пайгарди қонунӣ қарор додааст.
Толибхон Азимов, намояндаи додситонии Хатлон, гуфта буд, ба гумони ғолиб ин афрод феълан дар хориҷи кишвар, бахусус Афғонистону Покистон будубош доранд. Зеро муфаттишон маълум намудаанд, ки афроди муттаҳам бо шохаҳои ҳаракати Толибони Афғонистон низ иртибот дошта, ҳадафи такмили ҳайати ин созмони ифротгароро аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон пайгирӣ мекардаанд.
Дар оғози моҳи апрели соли ҷорӣ мақомоти вилояти Хатлон аз боздошти як фиристодаи гурӯҳҳои тундрав, ки қасд доштааст, бештар аз 100 ҷавони тоҷикро ба Покистон бифиристад, хабар доданд. Ба дунболи ин, мақомоти расмӣ аз мардум хостанд, ба таҳсилу рафтори фарзандони худ аҳамияти бештар диҳанд, то онҳо фирефтаи гурӯҳҳои ифротиву тундрав нашаванд.
Ин бори аввал нест, ки бархе сокинони ноҳияи Қубодиёнро бо иттиҳоми пуштибонию пайравӣ ба созмонҳои ифротгаро боздошт ва таъқиб мекунанд. Соле қабл Абдулмӯъмин Улфатов, раиси ноҳияи мазкур, аз хунсошавии ду гурӯҳи пайравони ҷараёни мамнӯъшудаи Салафия хабар дода буд, ки гӯиё бо шабакаҳои байналмилалии террористӣ, аз ҷумла Ал-Қоида ва Ҳаракати исломии Узбакистон иртиботи мустаҳкам доштаанд. Он замон раиси ноҳияи Қубодиён гуфта буд, сарварони ин ду гурӯҳи ҷараёни Салафия 60 ноболиғи маҳаллиро бо баҳонаи таълимоти исломӣ ҷалб карда ва ҳадаф доштаанд, онҳоро аз роҳҳои ғайрирасмӣ ба хориҷа, ба пойгоҳҳои созмонҳои террористӣ сафарбар кунанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳаракати исломии Узбакистонро як созмони ифротгарою террористӣ шинохта, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар расман манъ кардааст.