Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пушти ноамниҳо дар шимоли Афғонистон кӣ қарор дорад?


Шуморе аз коршиносон ба ин боваранд, ки дар густариши ноамниҳо дар шимоли Афғонистон дар канори Толибон бархе аз ҳалқаҳои хориҷӣ низ нақш доранд.

Раиси маркази мутолеоти минтақавии Афғонистон мегӯяд, ба ҷуз Толибон, гурӯҳҳои норозии кишварҳои минтақа ҳам талоши баҳам задани амнияти ин минтақаро мекунанд.

Ғафур Лейвол, рӯзи якшанбе зимни як сӯҳбат ба радиои Озодӣ аз гурӯҳҳое монанди Ҳаракати исломии Узбакистон, шӯришиёни чечен ва гурӯҳҳои даҳшатафкани араб ном бурд, ки ба бовари ӯ фаъолияти онҳо бо Толибон фарқ мекунад:

«Аз норозиёни чечен гирифта то ӯйғурҳо, тоҷикҳо, ӯзбакҳо, ҳатто бархе бунёдгароёни аврупоӣ ва амрикоӣ ва гурӯҳҳои террористии араб бисёр зиёданд. Аҳдоф ва фаъолиятҳои онҳо аз Толибони афғон фарқ дорад ва ҳамаи онҳо ба кишварҳои арабӣ ва ҳам Осиёи Миёна рафтуомад доранд. Ҳар вақте, ки онҳо эҳсоси хатар кунанд, боз даст ба чунин қатлҳо ва ҷангҳо мезананд».

Дар ин авохир вилоятҳои шимолии Афғонистон шоҳиди ноамнӣ буданд. Аз ҷумла, рӯзи шанбе дар вилояти Самангон бар асари ҳамлаи интиҳорӣ як узви парлумони Афғонистон ва 17 нафари дигар куштаву 40 тани дигар захмӣ шуданд. Толибон гуфтанд, ки дар ин ҳамла даст надоранд.

Вале саволи асосӣ ҳам ҳамин аст, ки дар пушти ин ва дигар ҳамлаҳои ахир дар шимоли Афғонистон кӣ қарор дорад? Бархе аз коршиносон ба иловаи гурӯҳҳои террористии кишварҳои Осиёи Миёна, вуҷуди рақобат миёни фармондеҳони маҳаллиро яке аз далелҳои ноамниҳои шимоли Афғонистон меноманд.

Коршиноси масоили сиёсӣ дар Афғонистон Зубайр Шафиқӣ мегӯяд: «Ман ба ин бовар ҳастам, ки яке аз авомили ноамнӣ дар шимоли кишвар ин аст, ки теъдоде аз афрод аз Вазиристон (манзур Вазиристони Покистон) ба ин манотиқ
Абдурашид Дӯстум, ҷангсолори узбак дар Афғонистон
Абдурашид Дӯстум, ҷангсолори узбак дар Афғонистон
фиристода шудаанд ва аз тарафи Ӯзбакистон низ гурӯҳҳои хос муваззаф шудаанд. Дар Шӯрои амнияти миллӣ ҳамин масъала матраҳ шуд, ки ҳавзаи нафтии дарёи Ому, ки он ҷо пружаҳое тоза барои корҳои истихроҷ оғоз кардаанд, ҳадафи аслӣ аст. Ва дар муқобили ин пружа фаъолиятҳои бархе гурӯҳҳо шурӯъ шудааст».

Чанде пеш Шӯрои амнияти миллии Афғонистон генерал Абдурашид Дӯстум, раҳбари Ҷунбиши миллии ин кишварро муттаҳам ба эҷоди мушкилот дар баробари истихроҷи ҳавзаи нафтии Омударё намуд.

Аз сӯи дигар Лаълмуҳаммад Аҳмадзай, фармондеҳи фирқаи 303-и Помир дар шимоли Афғонистон мегӯяд, гурӯҳҳои мусаллаҳи Осиёи Миёна танҳо дар манотиқи сарҳадӣ фаъолият доранд. Аммо ба гуфтаи оқои Аҳмадзай, бархе маҳофил аз Покистон барои барои эҷоди ноамниҳо вориди ин манотиқ мешаванд:

«Террористҳо ҳамеша аз он сӯи сарҳад ба Афғонистон омада ва ҳамлаҳои террористиро анҷом додаанд. Ин ҳам яке аз нишонаҳои он идда террористоне аст, ки аз он тарафи марз вориди Афғонистон шуда ва дар ин ҷо шахсиятҳои бузурги моро ҳадаф қарор дода ва ба шаҳодат мерасонанд.»

Бархе аз огоҳони умури амниятӣ ҳам бо оқои Аҳмадзай мувофиқ буда ва ҳалақоти истихборотии Покистонро ба даст доштан дар ноамниҳои Афғонистон гунаҳкор медонанд.

Нурулҳаққ Улумӣ, яке аз коршиносони мегӯяд, бештари ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Афғонистон аз сӯи ISI ё идораи истихборотии Покистон созмондиҳӣ шудааст, ки масъулияти он зоҳиран ба дӯши соири гурӯҳҳо нисбат дода мешавад.

Чанд сол пеш нигарониҳо аз мавҷудияти ноамниҳо танҳо дар манотиқи ҷануб ва шарқи Афғонистон вуҷуд дошт. Аммо ҳоло ба назар мерасад, ки доманаи ноамниҳо дар шимоли ин кишвар низ дар ҳоли густариш аст.

Баргирифта аз бахши дарии радио "Озодӣ"
XS
SM
MD
LG