Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги сарбоз. Нон гулӯяшро гирифт?


Волидони сарбози ҳалокшудаи нерӯҳои марзбонӣ мегӯянд,ба гуфтаи масъулони қисми ҳарбӣ, гӯё "нон гулӯяшро гирифта, ҳалок шудааст", бовар надоранд.

Акмал Давлатов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва сарбози қисми ҳарбии 2850-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ, ки 6 моҳ қабл тариқи «облава» ба хизмати ҳарбӣ рафта буд, дар қисми ҳарбӣ ба ҳалокат расидааст.

Ҷасади Акмал Давлатовро рӯзи шанбе, 19-уми апрел ба ҷамоати Дашти гулҳои ноҳияи Ҳамадонӣ, 200-километрии ҷануби Душанбе овардаанд ва дар ташхиси тиббӣ зикр шудааст, ки «нон гулӯи сарбозро гирифтасту ҷон додааст.»

Аъзам Давлатов, падари Акмал Давлатов рӯзи 22-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте ҷасади фарзандашро оварданд ҳамроҳи тобут масъулони қисми ҳарбӣ низ будаанд ва онҳо ташхиси тиббиро ба онҳо дода гуфтаанд, дар гулӯи фарзандашон нон руст карда, ба ҳамин иллат ҷон додаст.

«Ман ба ин ташхиси тиббӣ шак дорам бовар намекунам ва ҳатман ба комиссариати ҳарбии ноҳия, ки фарзандамро 6 моҳ қабл аз ҷойгаҳи хобаш гирифта бурданд, шикоят мекунам,» - мегӯяд падари сарбоз. Аъзам Давлатов меафзояд, ки фарзандаш сиҳату саломат буд ва ҳамагӣ 2 рӯз қабл аз маргаш бо вай телефонӣ сӯҳбат карда буд.

Вай мегӯяд, ки «вақте тобути фарзандамро оварданд, ман дигар ҳамаро фаромӯш карда будам ва натавонистам бо масъулони қисми ҳарбӣ сӯҳбат кунам. Аз онҳо фақат ҳамин ташхиси тиббӣ мондаасту тамом. Ман ҳатман шикоят мекунам, то фарзандони дигарҳо ба чунин рӯз гирифтор нашаванд.»

Аммо дафтари матбуоти сарраёсатинирӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз марги ин сарбоз изҳори бехабарӣ мекунад. Ин ниҳод мегӯяд, ҷузъиёти марги Акмал Давлатовро мушаххас хоҳад кард.

Акмал Давлатов дар моҳи октябри соли гузашта ба хизмати ҳарбӣ ба таври «облава» бурда шуда буд.

Хабари марги боз як сарбоз дар қисми низомии нирӯҳои марзбонӣ дар ҳоле нашр мешавад, ки мавзӯъи бар асари бадрафтории ҳамхидматон шикастани гардани Шаҳбол Мирзоев, як сарбози дигари нирӯҳои марзбонӣ аз моҳи мрат ба ин тараф вирди забони матбуот ва мардум боқӣ мемонад. Аз таъмини молии табобати ин сарбози маъюб даст кашидани мақомот ба оташи интиқодҳо аз нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон равғани бештар рехтааст.

Ҳамин тавр, раёсати маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки рӯзи 12 апрел бар асари як муноқиша миёни ду сарбози қисми ҳарбии «6593», яке аз сарбозҳо -- Хуршед Кенҷаев - аз тири ҳамхизматаш кушта шуд. Гуфта мешавад, ин ҳодиса дар посгоҳи назоратии маҳбаси Норак рух дода, сарбози посбон Хуршед Кенҷаев -- сокини ноҳияи Панҷакент аз тири автомати Калашников кушта шудааст. Ба иттилои ин манбаъ, ду сарбози ин қисми ҳарбӣ ҳангоми назорат дар посгоҳи маҳбаси занонаи Норак бо якдигар вориди баҳс мешаванд ва дар натиҷа дигарӣ ба тарафи Хуршед Кенҷаев оташ мекушояд.

Шарҳҳоро бинед (51)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG