Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Тарзи расондани кумаки Шумо ба Шаҳбол Мирзоев


Баъд аз нашри номаи як хонандаи Радиои Озодӣ чандин нафар аз хонандагон даъват намуданд, ки барои имдод ба Шаҳбол Мирзоев ҳисоби бонкӣ боз шавад.

Блоге роҷеъ ба сарнавишти Шаҳбол Мирзоев, ки бар асари зӯроварии кӯҳнасарбозb нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон фалаҷ шудааст, дар торнамои Радиои Озодӣ ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамовозии зиёд пайдо кард. Муаллифи нома навишта буд, ки аз бархӯрди мақомоти давлатӣ ба тақдири ин сарбози ҷавон, ки бо ихтиёри худ, на бо "облава" ё маҷбурӣ ба хидмати ватан омадааст, сахт дилсард шудааст.

Вай меафзояд: "Ман акнун ҳайрон намешавам, чаро ҳукумати Тоҷикистон дар миёни мардум обрӯ надорад, рейтинги баланд надорад. Чунки фарсахҳо аз мардум дур аст. Дарди мардум дарди ҳукумат нест. Ҳукумат ба чӣ даркор аст, агар дар рӯзи сиёҳ дар паҳлуи шаҳрвандаш набошад, агар пули табобати аскари худро бо ҳар баҳона надиҳад..." Ва пешниҳод кардааст, ки ба рағми ин ҳол мардуми Тоҷикистон худ барои табобати Шаҳбол Мирзоев пул ҷамъоварӣ кунад.

Ин пешниҳод дар Фейсбук аз тарафи даҳҳо нафар ҳимоят шуд, ки бархеро алами бетафовутии мақомот ба сарнавишти сарбози Ватан ва бархи дигарро ширкат дар як кори хайр водор намуд, бигӯянд, ки кумаки хешро аз ин навҷавон дареғ нахоҳанд дошт. Аз ҷумла бону Зара Зуҳурова навишт: "Озодӣ, ҳисоби бонкӣ кушоед, мардҳои (ва занҳои) Тоҷик дар Россия (ва тамоми дунё) бисёранд, ба тезӣ маблағи зарурӣ ҷамъ оварда мешавад!!!" Ба дунболи ин Абдулло Назриев паём дод, "саломат бошед, барои ин кори хайро ташкил карданатон.Худи ман омодаам ба ин ҷавон 5000 доллар кумак намоям." Маҳдӣ Собир илова намуд: "Mо ҳашт миллионем, агар як сомонӣ диҳем, 8 миллион сомонӣ! Мо метавонем!"

Ёдовар мешавем, барои табобати Шаҳбол Мирзоев 64 000 евро зарур аст. Баъди онки мақомоти Тоҷикистон аз таъмини табобати Шаҳбол саркашӣ карданд, Нӯъмон Мирзоев - падари Шаҳбол Мирзоев - ин ҳисоби бонкиро боз кард ва аз ҳамаи ҳамватанони азиз даъват мекунем, ёрии худро, чӣ қадар ки метавонанд, фиристанд. Мо аз ҷараёни ҷамъ шудани маблағи табобати Шаҳбол хонандагони арҷмандро дар ҷараён хоҳем гузошт.

Дар ин навор намояндаи Агроинвестбонк Орифхон Валиев тарзи ирсоли кумак ба Шаҳбол Мирзоевро шарҳ медиҳад:

Ҳисоби бонкӣ рӯзи 17-уми апрел ба номи Шаҳбол Мирзоев дар «Агроинвестбонк» боз шудааст:

Бо пули сомонӣ

ОПЕРУ ОАО “Агроинвестбонк”
Счет получателя: 20216972190000000022
Назначения платёжа: 20218840224110291870

Бо рубли русӣ

ОПЕРУ ОАО “Агроинвестбонк”
Счет получателя: 24606810290000000030
Назначения платёжа: 20218840224110291870

Бо доллари ИМА

ОПЕРУ ОАО “Агроинвестбонк”
Счет получателя: 20218840590000000040
Назначения платёжа: 20218840224110291870

Бо евро

ОПЕРУ ОАО “Агроинвестбонк”
Счет получателя: 24606978790000000029
Назначения платёжа: 20218840224110291870

Дар сурати пеш омадани ягон суол барои пардохти маблағ бо ин рақама ба “Агроинвестбонк” муроҷиат кунед:

+992 37 2333077

Онҳое ки мехоҳанд тавассути ширкатҳои интиқоли пул, мисли Western Union ё MoneyGram ба Шаҳбол Мирзоев пул фиристанд, метавонанд мустақиман ба падари ӯ Мирзоев Нӯъмон Шарофиддинович пул фиристанд.

Телефони падари Шаҳбол чунин аст: +992 927 69 63 23

Дар акси зер мушаххасоти бештари ҳисоби бонкӣ барои кумак ба Шаҳбол Мирзоев дар ихтиёри шумо гузошта мешавад:

Шарҳҳоро бинед (16)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG