Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ даркор аст ҳукумате ки дар рӯзи сиёҳ дар паҳлуи шаҳрвандаш набошад?


Шаҳбол Мирзоев

"Ҳукумат ба чӣ даркор аст, агар дар рӯзи сиёҳ дар паҳлуи шаҳрвандаш набошад, агар пули табобати аскари худро бо ҳар баҳона надиҳад..." Ин блогро дар бораи Шаҳбол Мирзоев як хонандаи сомонаи Озодӣ фиристодааст.

Сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон Шаҳбол Мирзоев, ки бар асари зӯроварии кӯҳнасарбозон фалаҷ шудааст, як моҳ боз интизори амалиёти ҷарроҳиест, ки сарнавишти ӯро муайян мекунад. Аммо дар ин муддат ба ҷуз чанд изҳороти «мекунем», «дар паяш ҳастем»-и мақомоти низомӣ, дигар ҳеҷ натиҷаи мушаххасе ба даст наомад.

64 ҳазор евро... Бисёре аз хонандаҳои Радиои Озодӣ ва корбарони Фейсбук дар рӯзҳои аввали бистарӣ шудани ин ҷавон гуфта буданд, ки Тоҷикистон Япония нест, Русия нест ва ҳатто Эрон нест, ки ба қадри шаҳрвандонаш бирасад ё ҳадди ақал барои дарёфти кредити сиёсӣ даст ба кор шавад ва бигӯяд, «мо барои ин сарбози Ватан ҳеҷ маблағеро дареғ намедорем». Тоҷикистон шароити хоси худро дорад, ки дар он шояд қадри инсон камтар аз қимати як мошини кӯҳнаи «Опел» аст, ки агар мабодо агар дар кӯча ба садама дучор шавад, соҳиби он ҳозир аст, гулӯи ронандаи айбдорро бидарронад.

Вақте ин ҳодиса рух дод ва Шаҳбол фалаҷи бистарӣ шуд, ман чун ҳамеша ба майдони баҳси сомонаҳо ва Фейсбук назар афкандам. «Ҳукумати Тоҷикистон барои табобати ин сарбоз як тин намедиҳад», - чунин буд хулосаи гурӯҳҳои вориди баҳс.

Он замон ман ба ин хулоса бовар накардам. Гумон доштам, дар шароите, ки эҳсоси патриотизм дар ҷавонон кам шудааст ва мардум аз артиш мегурезанд, шояд мақомот дарҳол ба ин ҷавон кӯмак кунанд, то ба дигарон аломат бидиҳанд, ки давлат бесоҳиб нест ва ҳукумат аз аскарҳояш ҳимоят мекунад.

Боварнакарданист! Пешгӯии хонандаҳо дуруст баромад! Ҳукумат ба ҷуз як кати резинии дарида, ки қарор аст, Шаҳбол дар он тамоми умри боқимондаашро сипарӣ кунад, дигар ба ӯ чизе надод. Ҷарроҳҳои эронӣ, ки барои як амалиёти печида дар Тоҷикистон омодагӣ мегирифтанд, бино бар нагузаштани маблағ ба ҳисоби онҳо аз роҳ баргаштанд. Ва инак муовини раиси ситоди госпитали марказӣ Нарзулло Расулов бо итминон ба хабаргузории Азия Плюс гуфт, ки Шаҳбол ба ҷарроҳӣ ниёз надорад. Ин мақом нагуфтааст, ки хулосаи мазкурро кадом консилиуми тиббӣ ва дар кадом асос баровардааст.

Падари Шаҳбол мегӯяд, ки барои табобати писараш хонаашро ба фурӯш гузоштааст.

Пас ҳукумат чӣ кор мекунад?

Ҳукумат ба чӣ даркор аст, агар дар рӯзи сиёҳ дар паҳлуи шаҳрвандаш набошад, агар ҷинояткореро, ки ин писарро маъюб кардааст, муҷозот накунад агар пули табобати аскари худро бо ҳар баҳона надиҳад - чӣ даркор аст чунин ҳукумат? Шояд мақомот ба Интернет намедароянд ва аз сарнавишти шарвандони худ хабар надоранд? Дар зимн, ман то охирин лаҳза бовар доштам, ки президент аз ин қазия хабар надорад, вагарна аз фонди худ барои Шаҳбол пул ҷудо мекард.

Ман акнун ҳайрон намешавам, чаро ҳукумати Тоҷикистон дар миёни мардум обрӯ надорад, рейтинги баланд надорад. Чунки фарсахҳо аз мардум дур аст. Дарди мардум дарди ҳукумат нест. Ҳукумат вақте даст ба амал мезанад, ки агар қазия ба худаш марбут бошад. Борҳо аз худам суол кардам, ки ба рафтори мақомоти низомӣ ва умуман ҳукумат дар баробари фоҷеаи ин ҷавони 23-сола чӣ ном гузорам? Аммо тарҷумаи дақиқи ибораи русии «плевательское отношение к народу» -ро наёфтам. Рафтори ҳукумат ҳамин номро сазовор аст...

Ҳадафи ман аслан мақоланависӣ набуд, ман як пешниҳод дорам, агар кормандони Озодӣ қабул кунанд. Ман аз хонандаҳои шумо хоҳиш мекунам, ҳар кадоме чӣ қадаре тавонад ба ин ҷавон кӯмак кунад. Ҳисоби бонки кушоед ва мардумро ба хайрия ҷалб кунед. Агар 64 ҳазор нафар 1-еврогӣ партоянд, пули ҷарроҳӣ ҳосил мешавад. Агар мо ин корро накунем, эҳтиром ба худро гум мекунем... Агар пешниҳоди маро қобили дастгирӣ бидонед, онро нашр кунед, то мардум назар бидиҳад.

Хонандаи сайти радиои Озодӣ

Шарҳҳоро бинед (47)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG