Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Шаҳбол ба ҷарроҳӣ ниёз надорад?


Шаҳбол

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол -- сарбози сарраёсати нируҳои марзбонии Тоҷикистон, ки бар асари лату кӯб гарданаш шикастааст, мегӯяд, ки пизишкони Олмону Эрон ва Русия ба зарурати амалиёти ҷарроҳии писараш таъкид кардаанд.

Нӯъмон Мирзоев, рӯзи чоршанбеи 16-уми апрел дар вокуниш ба иддаои як масъули бемористони сарраёсати марзбонии Тоҷикистон, ки "Шаҳбол ба ҷарроҳӣ эҳтиёҷ надорад", гуфт, ки "санадҳои бемории Шаҳболро ба Олмону Эрон ва Русия фиристодем ва аз пизишкони бемористонҳои ин кишварҳо ҷавоб гирифтем, ки Шаҳбол бояд ҷарроҳӣ шавад."

Аммо Нарзулло Рафиқов, муовини сардори ситоди бемористони марказии сарраёсати нируҳои марзбонии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабаргузории "Азия плюс" гуфтааст, ки "Шаҳбол ба ҷарроҳӣ ниёз надорад ва ба ин далел зарурате ба интиқоли маблағ барои табобати вай нест."

Ҷаноби Расулов гуфтааст, ки "12 тан аз профессорон Шаҳболро ташхис мекунанд ва тибқи гуфтаи онҳо, ҷои осебрасидаи муҳраи гардани сарбоз пайванд шудааст. Дар ҳеҷ куҷои дунё ин гуна беморон ба ҷарроҳӣ ниёз надоранд."

Ин ҳам дар ҳолест, ки Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳболи сарбоз мегӯяд, Нарзулло Расуловро мешинсоад ва гоҳе ҳам ба аёдати Шаҳбол омадааст, аммо боре дар ин бора бо вай сӯҳбат накардааст. Ин аст, ки падари Шаҳбол мегӯяд, аз изҳороти ин масъули сарраёсати нируҳои марзбонӣ дар ҳайрат аст. Вай гуфт, "чаро пизишкони Олмону Эрон ва Русия, ки ҳуҷҷатҳои Шаҳболро фиристодем, хулоса кардаанд, ки вай бояд ҷарроҳӣ шавад ва ҳамакнун мутахассисони мо мегӯянд, ки ба ҷарроҳӣ ниёзе нест."

Бо ин ҳам Нӯъмон Мирзоев мегӯяд ҳатман писарашро ба Маскав мебарад ва дар бемористони ба номи Бурденко нияти ҷарроҳӣ кардан дорад. Ҳарчанд дар аввал Нӯъмон Мирзоев мехост, то писарашро барои ҷарроҳӣ ба бемористони марзбонии Русия барад, аммо вай мегӯяд, ки дар ин бемористон танҳо сарбозону афсарони пойгоҳи низомии Русия ва ё марзбонони русро табобат мекунанд. Аммо сабаби ба Русия барои ҷарроҳӣ бурдани Шаҳболро падараш ба он рабт дод, ки қимати ҷарроҳӣ ва табобат дар Русия арзонтар хоҳад шуд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки қаблан қарор буд, то Шаҳбол дар бемористони Ибни Сино аз сӯи пизишкони эронӣ ҷарроҳӣ шавад. Барои марҳалаи аввали ҷарроҳӣ маблағи 56 ҳазор сомонӣ ё муодили беш аз 11 ҳазор доллари амрикоӣ лозим буд.

Сарраёсати нируҳои марзбонии Тоҷикистон низ ваъда дода буд, ки тамоми хароҷоти таботат ва ҷарроҳиро бар дӯш мегирад. Дар маҷмӯъ барои табобати комили Шаҳболи сарбоз дар як бемористони Олмон беш аз 64 ҳазор евро хоста буданд, ки мутаассифона волидонаш ин маблағро надорад.

Нӯъмон Мирзоев бо он, ки барои кӯмак барои табобат, ба хусус ҷароҳии Шаҳбол ба сарраёсати нируҳои марзбонӣ ва ҳатто Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат карда буд, аммо ҳамзамон манзилашро дар ноҳияи Ашт ба савдо гузоштааст, то тавонад писарашро дармон бахшад.

Аммо ҳамакнун нозирони умур изҳороти ахири Нарзулло Рафиқов, муовини сардори ситоди бемористони марказии сарраёсати нируҳои марзбонии Тоҷикистон дар мавриди "эҳтиёҷ ба ҷарроҳӣ надоштани Шаҳбол ва зарурат ба интиқоли маблағ барои ин кор" - ро ба маънии пардохт накардани хароҷоти табобат, ба хусус ҷарроҳии ин сарбоз аз сӯи ин ниҳод арзёбӣ мекунанд.

Ин нозирон мегӯянд, ки агар сарраёсати неруҳои марзбонии Тоҷикистон, ки нияти пардохт кардани маблағи табобат, ба хусус ҷарроҳии Шаҳболро надошт, пас аз аввал падари ӯро умедвор намекард ва Нӯъмон Мирзоев дар ҷустуҷӯи роҳҳои дигари пайдо кардани маблағ барои муолиҷаи писараш мешуд

Шарҳҳоро бинед (13)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG