Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳбол Мирзоев ба Маркази реабилитатсия интиқол ёфт


Шаҳбол Мирзоев, сарбозони маъюшудаи қисми ҳарбии нерӯҳои марзбонӣ аз беморхона озод ва ба Маркази реабилитатсия интиқол дода шуд. Нӯъмон Мирзоев -- падари Шаҳбол Мирзоев рӯзи 30 июн ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки бо анҷоми давраи табобати 40 рӯза имрӯз Шаҳбол аз беморхонаи вилоятӣ рухсат шуд ва акнун бо роҳхати ин беморхона дар Хуҷанд ба Маркази реабилитатсия (барқарорсозӣ) интиқол ёфт. Вай гуфт, ки саломатии фарзандаш беҳбуд ёфтааст ва изҳори умедворӣ кард, ки дар Маркази барқарорсозӣ ҳаракати дасту пояш беҳтар хоҳад шуд. Вай афзуд, ки дастонаш хеле беҳтар шуда, фақат пойҳояш камҳаракат ҳастанд ва ба Маркази реабилитатсия дар Хуҷанд маҳз ба хотири фаъолтар кардани дасту пойҳояш бурда мешавад.

Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми Донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, дар моҳи март, ба гуфтаи наздиконаш, бар асари латтукӯб аз тарафи сӯи як ҳамхидматаш Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии 26 20 маъюб шуд. Нирӯҳои марзбонӣ бо вуҷуди ваъда ироаи маблағ барои табобати ин сарбозро тӯл доданд ва Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол хонаашро дар Ашт фурӯхта, писарашро моҳи май дар Красногорски Русия ҷарроҳӣ кард. Шаҳбол рӯзи 19 май аз Русия баргашт ва дар бемористони вилоятии Суғд бистарист. Додгоҳ Усмоналӣ Ғайратов, гумонбари асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба сарбози марзбон Шаҳбол Мирзоевро 19 июн ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG