Cоли 2004 ба ҳайси хабарнигор дар вилояти Хатлон бо Радиои Озодӣ бипайваст. Дертар гузоришгар дар Душанбе таъин гардид.
Соли 1973 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Пас аз хатми факултаи журналистика ва тарҷумонии ДДМТ дар соли 1996 дар нашрияҳои "Ҷумҳурият" ва "Рӯзи нав" ба ҳайси мудири бахш кор кардааст.
Яке аз филмҳо ба дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, шоирони садаи понздаҳ, бахшида шуда, сабти қисме аз он ба далели зери тасарруфи "Толибон" гузаштани шаҳри Ҳироти Афғонистон дучори мушкил гардидааст.
Нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро дар Душанбе бархе як комёбии он ва пирӯзии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меноманд. Вале бархеи дигар онро бенатиҷа ва нокомии мавзеъгирии Тоҷикистон дар баробари воқеияти нави Афғонистон мешуморанд.
Гуруҳе аз донишҷӯёни тоҷик бо умеди боз шудани роҳашон ба Қирғизистон рӯзи 20-уми сентябр дар назди сафорати ин кишвар дар Душанбе ҷамъ шуданд. Онҳо мегӯянд, аз як сӯ марз бастааст ва аз тарафи дигар аз рӯйи ихтисоси худ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон роҳ наёфтаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон як ҳафта боз хабар медиҳад, ки дар кишвар ягон мавриди сирояти коронавирус сабт нашудааст. Мақомот инро натиҷаи эмкунӣ медонанд. Баъзе аз сокинон мегӯянд, мумкин аст, шиддати беморӣ андаке поин омада бошад, вале пурра аз байн нарафтааст.
Мақомот гуфтанд, дар Тоҷикистон сирояти коронавирус сабт нашуд. Гуфтае, ки бисёриҳо ба он бовар надоранд. То кунун ин вирус ҳазорон нафарро дар кишвар бемор карда ва ба гуфтаи мақомот бештар аз 120 нафарро куштааст.
Расмиёти қабули Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой оғоз шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17-уми сентябр дар ҳузури роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз вазъи Афғонистон, бахусус дараи Панҷшер нигаронӣ кард ва гуруҳи Толибонро ба султалабӣ муттаҳам кард.
Дидори роҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) дар Душанбе баъд аз зуҳри 16-уми сентябр ба поён расид. Афғонистон мавзӯи асосии ҷаласа буд.
Раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба зарурати гуфтугӯ бо "Толибон" таъкид кард, аммо президенти Тоҷикистон ин гуруҳро барои ташкили аморати исломӣ "бо қоидаҳои асримиёнагӣ" танқид намуд. Дар ҷаласа аз вазъи Панҷшер ҳам гуфтанд.
Кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар сурати "шиддатёбии вазъи амниятӣ дар сарҳади Афғонистон" ва "таҳдид ба марзҳои ҷанубии созмон" ба Тоҷикистон ҳама гуна ёриҳоро хоҳанд расонд.
Бозии даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 байни тимҳои “Истиқлол”, қаҳрамони нӯҳкаратаи Тоҷикистон ва “Персеполис”, қаҳрамони сездаҳкаратаи Эрон, шаби 14-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
"Даргириҳои ҳозира дар Панҷшер идомаи занҷиравии қатли Аҳмадшоҳи Масъуд дар бист соли пеш аст." Ин ҷумла рӯзи 10-уми сентябр дар маҳфили ёдбуди қаҳрамони миллии Афғонистон, Аҳмадшоҳи Масъуд, дар сафорати ин кишвар дар шаҳри Душанбе садо дод.
Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 6-уми сентябр қонуни нави афвро қабул карданд. Маълум нест, қонун нисбат ба шахсоне, ки бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд, татбиқ хоҳад шуд ё не.
Аз таваллуди Сотим Улуғзода, нависандаи номвари тоҷик, муаллифи “Достонҳои Шоҳнома”, романҳои “Восеъ” ва “Фирдавсӣ” 110 сол гузашт.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо панҷ миллион доллар ёрии Покистон дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ки зери назорати ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз” (IRS) аст, ҳудуди 400 метр долони муҳофизат аз тармаву резиши санг сохт.
Муаллифони паём гуфтаанд, барои иҷрои нақшаи худ иҷозаи раҳбарияти кишварро интизоранд. Мақомоти расмӣ ин даъватро шарҳ намедиҳанд, аммо баъзе аз вакилони порлумон гуфтанд, иштирок дар ҷанги кишварҳои бегона ҷазо дорад.
Ҳоло арзиши як литр газ аз марзи 8-9 сомонӣ гузаштааст. Боди гаронӣ аз куҷо мевазад? Афзоиши нархи сӯзишворӣ ба арзиши молу хадамоти дигар дар кишвар чӣ таъсир дорад?
Ёфтҳои бештар