Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қабули Эрон ба узвияти СҲШ оғоз шуд


Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури исломии Эрон ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Душанбе суҳбат карданд

Расмиёти қабули Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой оғоз шуд.

Мақомоти Эрон солҳо талош доштанд, ки кишварашон узви ин созмони минтақавӣ шавад. Қаблан гуфта мешуд, ки маҳз бо мухолифати Тоҷикистон ин кишвар ба узвият пазируфта намешавад.

Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури исломии Эрон, ки аз оғози расмиёти қабули узвияти кишвараш ба ин созмон истиқбол кард, дар поёни нишаст аз дахолати кишварҳои хориҷӣ ба умури Афғонистон интиқод кард ва онро омили бесуботӣ номид. Ба ҷойи ин президенти муҳофизакори Эрон гуфт, бояд кишварҳои минтақа тавони худро барои ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон равона кунанд.

Оғози қабули Эрон ба узвияти ин созмон як бахши муҳими нишасти роҳбарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе буд, ки нисфирӯзии 17-уми сентябр ба анҷом расид.

Ин нишаст се соат давом кард ва Афғонистон, чолишҳои амниятӣ дар минтақа ва пайомадҳои пандемия мавзуъҳои асосии гуфтугӯи сарони кишварҳои узви СҲШ буд.

Дар поёни ҷаласа чандин санад ва эъломияи Душанбе тасвиб шуд. Ҳамзамон Арабистони Саудӣ, Қатар ва Миср ба ҳайси кишварҳои шарик пазируфта шуданд. Инчунин гимн ё суруди Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой низ тасдиқ шуд.

Роҳбарони кишварҳои минтақа дар инҷо беш аз ҳама дар мавзӯи Афғонистон суҳбат карданд ва ҳар яке мавқеи худро баён кард. Маълум буд, ки аъзоёни Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар масъалаи Афғонистон ва бахусус гуруҳи Толибон, ки тоза ба қудрат расидаанд, назари яксон надоранд. Аз ҷумла раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори дигар аз Толибон танқид кард ва онҳоро ба султагароӣ муттаҳам намуд. Аммо Владимир Путин, президенти Русия тағйири қудрат дар Афғонистонро “мусбат” номид ва ҳам раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз барқарор кардани тамос бо Толибон ҳимоят кард.

Дар масъалаи Афғонистон ҳамаи ширкатдорони ин нишаст як нуқтаи назари умумӣ ҳам доштанд, ки он ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ва барқарории сулҳу субот дар он кишвар аст. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “ҷорӣ кардани ҳама гуна низоми сиёсӣ дар Кобул бе назардошти афкори мардум метавонад боиси оқибатҳои пешгӯинашаванда гардад.”

Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой соли 1996 аз ҷониби Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон таъсис ёфт. Дар ибтидо аз он “Панҷгонаи Шонгҳой” ном мебурданд ва баъдан бо бештар шудани кишварҳои узв тағйири ном кард. Ин созмон 26-уми апрели соли 1996 дар шаҳри Шонгҳойи Чин таъсис ёфт ва ба ин хотир аз ӯ чунин ном мебаранд.

Бисёре аз коршиносон, аз СҲШ созмоне ном мебаранд, ки зери назари Чин ва Русия бо тасмимҳои кишварҳои ғарбӣ мухолифат мекунад. Аз ин нуқтаи назар, Эрон, ки зери таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ қарор дорад, солҳо талош дошт, узви ин созмон шавад.

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG