Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯҳои душвор. Сарони СҲШ дар талоши ҳамназарӣ ба Толибон. ВИДЕО


Президенти Русия Владимир Путин дар ҳамоиши Душанбе ба воситаи видеои бархат ширкат мекунад. 17 сентябри соли 2021
Президенти Русия Владимир Путин дар ҳамоиши Душанбе ба воситаи видеои бархат ширкат мекунад. 17 сентябри соли 2021

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17-уми сентябр дар ҳузури роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз вазъи Афғонистон, бахусус дараи Панҷшер нигаронӣ кард ва гуруҳи Толибонро ба султаталабӣ муттаҳам кард.

Оқои Раҳмон дар ин нишаст гуфт, алорағми буҳрони Афғонистон, гуруҳи Толибон талош дорад як ҳукумати султаталабро ташкил кунад.

"Панҷшер дар муҳосира аст"

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар назди роҳбарони СҲШ, аз вазъият дар дараи Панҷшер нигаронӣ кард ва гуфт, “дар ҳоли ҳозир Панҷшер дар муҳосираи комил аст.” Ӯ аз роҳбарони Созмони миллал ва Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дархост кард, ки ба мардуми Афғонистон кӯмак кунанд. Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи Толибонро ба бастани роҳи кӯмакҳои башардӯстона ба дараи Панҷшер танқид кард, ҳарчанд ин гуруҳ чунин даъвоҳоро рад мекунад.

“Низоми сиёсӣ дар Афғонистон бояд бар асоси майли мардум бошад, бидуни ягон дахолат аз ягон кишвар ва дикта кардани навъи сохтори сиёсӣ. Бидуни ҳузури ҳамаи гуруҳҳо ташкил кардани ҳукумат дар Афғонистон метавонад вазъиятро бадтар кунад. Бинобар ин дар назар бигирем, ки ҳаққи мардуми Афғонистон аст, ки ҳукуматро таин кунанд,"-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Як рӯз пеш, 16-уми сентябр ҳам дар ҷалассаи сарони СПАД дар Душанбе Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, “Толибон” бархилофи ваъдаи додаашон дар бораи ташкили ҳукумати фарогир “аморати исломӣ бо қоидаҳои сахтгиронаи шариат бо қоидаҳои асримиёнагӣ” ташкил кардааст. Аммо гуруҳи “Толибон” ҳукумати худро, ки рӯзи 7-уми сентябр эълон шуд, ҳамашумул мехонанд.

Пешниҳоди Тоқаев барои кумак ба Афғонистон

Афғонистон ва чолишҳои амниятӣ барои минтақа аз мавзуъҳои асосии гуфтугӯи роҳбарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе аст.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон зимни суҳбат дар нишасти сарони СҲШ хостори ташкили як марказ барои интиқоли кӯмакҳои башардӯстона ба Афғонистон шуд. Тоқаев гуфт, Қазоқистон омода аст, ки ин марказро дар шаҳри Алмато ташкил кунад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Сарони СҲШ дар талоши ҳамназарӣ ба Толибон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Раиси ҷумҳури Қазоқистон вазъияти Афғонистон кишварҳои минтақаро дар баробари хатари ҷиддӣ қарор додааст ва онҳо бояд ба ин вазъи тағййирёбанда омода бошанд.

“Қазоқистон ояндаи Афғонистонро ҳамчун кишвари воҳид ва мустақил мебинад, ки дар сулҳ зиндагӣ кунад. Дар ин замони тақдирсоз созмони ҳамкориҳои Шонгҳой метавонад барои ба даст овардани сулҳ дар Афғонистон нақши бисёр фаъолона дошта бошад. Мо бар ин назар ҳастем, ки барои аз байн бурдани маводи мухаддир ва ҳамчунин муҳоҷирати беназорат аз Афғонистон бояд кор кунем. Бояд ба мардуми Афғонистон, ки ҳоло ба мушкилот рубарӯ шудаанд, кӯмак расонем,”--гуфт Тоқаев.

Моди гуфт, ба расмият шинохтани Толибон "мавзуи бадӣ аст"

Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд, ки дар ин нишаст маҷозӣ ширкат дошт гуфт, ифротгароӣ яке аз мушкилиҳои асосии минтақа аст ва шароити пешомада дар Афғонистон, ин мушкилро вазнинтар кардааст. Нахуствазири Ҳинд таъкид кард, ки кишварҳои узви СҲШ дар масъалаи Афғонистон дастабакор шаванд. Моди ҳамчунин гуфт, “мо дар минтақа шоҳиди маҳви фарҳанг ва арзишҳо ҳастем.”

Дар нишасти якҷояи роҳбарони кишварҳои узви СПАД ва СҲШ кишвари Ҳиндустон бо Тоҷикистон мавқеи тақрибан яксон доштанд.

Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд дар ҳузури роҳбарони ду созмони минтақавӣ аз Толибон ҳамчун гуруҳи ифротгароӣ ном бурда гуфт, ба расмият шинохтани давлати онҳо "мавзуи баъдӣ аст". Мод гуфт, бояд дар Афғонистон бо ҳузури намояндагони ҳамаи ақалиятҳо давлат ташкил шавад ва набояд Афғонистон дигар барои содироти терроризм истифода шавад.

Нахуствазири Ҳинд аз “терроризми фаромарзӣ” ном бурд, ки ба гуфтаи он бояд ба он таваҷҷуҳ шавад.

Син Ҷин Пин: Барои сулҳ дар Афғонистон талош кунем

Син Ҷин Пин, раиси ҷумҳури Чин ҳам дар ҷаласаи роҳбарони СҲШ ҳарчанд аз ҳеч кишвари мушаххасе ном набурд, аммо аз таҳримҳои ҷоришуда барои додугирифти иқтисодӣ дар ҷаҳони имрӯз интиқод кард. Ӯ гуфт, ҳамагуна монеа барои бозаргонӣ, тиҷорат ва фанновариҳо бояд бардошта шаванд ва ин фурсатҳо барои ҳама фароҳам шавад.

Раиси ҷумҳури Чин аз кишварҳои узви СҲШ даъват кард, ки “паҳлуи ҳамдигар истанд” ва нагузоранд, ки кишварҳои созмон мавриди таҳоҷуми кишварҳои дигар қарор гиранд. Ишораи раиси ҷумҳури Чин зоҳиран ба кишварҳои Ғарбӣ буд.

Тамаркузи Си Ҷин Пин ҳам дар баромадаш бештар ба масъалаи Афғонистон буд ва ӯ гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чолишҳои пешомада дар Афғонистон бояд ҳамоҳанг кор кунанд.

“Бояд Афғонистонро ташвиқ кунем, ки давлати фарогир мустақар кунад. Давлате, ки дар ҳама масъалаҳо, аз ҷумла сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ миёнарав аст. Бояд ба ҳама гуна шаклҳои терроризм муқобила кунем. Талош кунем, ки Афғонистон масири сулҳу суботро тай кунад,”-афзуд раиси ҷумҳури Чин.

Си Ҷин Пин ҳамчунин дар масъалаи пандемия ва пайомадҳои он батафсил суҳбат кард ва гуфт, Пекин дар панҷ соли оянда барои рушди тиҷорат дар кишварҳои ҳавзаи Шонгҳой миллионҳо доллар сармоягузорӣ хоҳад кард. Ҷин Пин ҳамчунин аз ташкили ҳазорҳо ҷойи таҳсил барои шаҳрвандони узви кишварҳои СҲШ аз сӯи Чин хабар дод.

Раиси ҷумҳури Чин ҳамчунин гуфт, дар ҷаласаи имрӯз Эрон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмонҳои Ҳамкориҳои Шонгҳой қабул мешавад.

Имрон Хон даъват ба кумак кард

Нахуствазири Покистон мегӯяд, ҷаҳон бояд дар канори мардуми Афғонистон бошад ва барои рушди ин кишвар ба он кӯмак кунад.

Имрон Хон, рӯзи 17-уми сентябр дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе гуфт, суқути режими гузашта дар Афғонистон, омадани Толибон ва хуруҷи неруҳои хориҷӣ дигар як воқеият аст. Имрон Хон дар як вақт “шукргузорӣ” кард, ки ин ҳама “бидуни хунрезӣ, ҷанги дохилӣ ва ихроҷи густурдаи оворагон” сурат гирифт. Нахуствазири Покистон афзуд, дар шароити феълӣ ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки итминон дошта бошанд, аз Афғонистон дубора ба сулҳу амнияти онҳо таҳдид сурат намегирад.

“Яке аз авлавиятҳо буҳрони инсонӣ ва вазъияти иқтисоди дар ин кишвар ҳаст. Хатари фурӯпошии иқтисодии Афғонистон пойбарҷост. Аз ҳама мехоҳем, ки ҳамаи ҳимояти байналалмилалиро басиҷ кунем, ки ба кӯмаки инсондӯстона дар Афғонистон пардозем. Покистон аз ҳеч гуна кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон худдорӣ намекунад.”,--гуфт ӯ.

Покистон аз кишварҳои ҳомии Толибон гуфта мешавад ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон борҳо аз дахолати Исломобод норозигӣ кардаанд. Имрон Хон, нахуствазири Покистон рӯзи 17-уми сентябр талош кард ба ин интиқодҳо посух диҳад ва гуфт, кишвараш аз ҷанги Афғонистон осеби зиёд дида, ҳоло мизбони 4 миллион гурезаи афғон аст. Ӯ ҳамчунин гуфт, Покистон аз терроризм 150 миллиард доллар зарар дида, 80 ҳазор нафарро аз даст додааст.

Имрон Хон дар ҳузури роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба он таъкид кард, ки баъди 40 соли ҷанг, дар Афғонистон фурсати эҷоди сулҳу субот ба миён омадааст ва набояд ин фурсатро аз даст дод.

Нахуствазири Покистон бидуни инки аз кадом гуруҳе ном барад гуфт, “набояд иҷозат диҳем, ки шайтанатҳо аз тарафи харобкорон боис шавад, фурсате, ки барои эҷоди сулҳ эҷод шуд, ҳадар равад. Ин вазъиятро бояд ба нафъи мадуми Афғонистон истифода кунем. Як сохтори фарогир мустақар шавад, сохторе ки тамоми гуруҳҳо ва қавмияти Афғонистон дар он ҳузур дошта бошанд ва аз нигоҳи амният барқарор шавад ва ҳуқуқи ҳама таъмин шавад. Афғонистон набояд ба макони дубораи терроризм табдил шавад.”

Путин иваз шудани қудрат дар Афғонистонро “мусбат” номид

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия баромадашро дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз вазъи Афғонистон оғоз кард ва батакрор аз таҳдидҳо аз он кишвар ишора кард.

Ӯ иваз шудани қудрат дар Афғонистонро “мусбат” номид. Раиси ҷумҳури Русия гуфт, “тамоми сарзамини Афғонистон таҳти контроли Толибон аст ва бояд ҳоло талош кунем онҳоро ташвиқ кунем, ки ваъдаҳои худро амалӣ кунанд.”

Владимир Путин аз роҳбарони кишварҳои узви СҲШ даъват кард, ки дар масъалаи таҳдидҳо аз Афғонистон ҳамроҳ кор кунанд.

Русия аз пеш дар баробари Толибон мавқеи нарм нишон дода буд. Владимир Путин, ки қарор буд, барои ширкат дар ҷаласаи СҲШ ба Душанбе биояд, бо далели гирифтории ҳамкоронаш ба коронавирус аз сафар худдорӣ кард ва гуфт, ки гушанишинӣ кардааст.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар ҷаласаи роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бори дигар аз гуфтугӯ бо гуруҳи Толибон ҳимоят кард ва хостори дидори роҳбарони созмон бо соҳибони нави қудрат дар Афғонистон шуд.

Гуруҳи Толибон як моҳ аст, ки ба ҷуз Панҷшер дигар хоки Афғонистонро зери даст доранд.

Шавкат Мирзиёев аз гуфтугӯ бо Толибон ҳимоят кард

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон аз “воқеияти ҷадид” ва омадани қудрати нав дар Афғонистон суҳбат кард. Ӯ гуфт, миёни кишварҳои узви СҲШ дар масъалаи гуфтугӯ бо роҳбарони ҷадиди кишварҳо бояд тавофуқе эҷод шавад.

Мирзиёев ба он таъкид кард, ки бояд ҳаққи бонувон ва ақаллиятҳои миллӣ дар Афғонистон риоя шуда, дар масъалаи коҳиши муҳоҷират “бо онҳо ҳамкорӣ кунем.”

Раиси ҷумҳури Узбекистон дар бораи пулҳои блокшудаи Афғонистон дар кишварҳои дигар ёдоварӣ кард. Шавкат Мирзиёев гуфт, кишвараш омода аст, ки дидори сатҳи баланд дар сатҳи Шонгҳой-Афғонистонро дар шаҳри Тошканд мизбонӣ кунад.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки бархе аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз ҷумла Тоҷикистон мухолифи сарсахти Толибон ҳастанд.

Узбекистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳое аст, ки аз ҳукумати "Толибон" истиқбол кардааст. Пештар Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон аз ташкили ҳукумати муваққати "Толибон" дар Афғонистон истиқбол карда буд. Ҳукумате, ки гуруҳи "Толибон" онро ҳамашумул, аммо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ғайриқонунӣ медонад.

Толибон рӯзи 15-уми август пас аз фирори Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон Кобулро тасарруф карданд. Бад ин тартиб, ба ҷуз вилояти Панҷер тамоми манотиқи Афғонистон таҳти тасарруфи онҳо даромад. Ҳукумати ташкилкардаашонро “Аморати исломии Афғонистон” номидаанд. Дар ин ҳукумат ҳеҷ зане мақом надорад ва Толибон дар нахустин иқдом ҳуқуқи занро ба кору таҳсил маҳдуд карданд. Ин амал боиси эътирози афғонистониҳо дар дохил ва хориҷ аз кишвар шуд.

XS
SM
MD
LG