Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Афғонистон. Ҷабборов аз муколама бо "Толибон" гуфт, Раҳмон аз вазъи Панҷшер нигаронӣ кард. ВИДЕО


Президенти Русия дар нишаст ба таври онлайн иштирок кард
Президенти Русия дар нишаст ба таври онлайн иштирок кард

Дидори роҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) дар Душанбе баъд аз зуҳри 16-уми сентябр ба поён расид. Афғонистон мавзӯи асосии ҷаласа буд. Раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба зарурати гуфтугӯ бо "Толибон" таъкид кард, аммо президенти Тоҷикистон ин гуруҳро барои ташкили аморати исломӣ "бо қоидаҳои асримиёнагӣ" танқид намуд. Дар ҷаласа аз вазъи Панҷшер ҳам гуфтанд.

Мулоқоти шаш роҳбари СПАД соати даҳи рӯзи 16-уми сентябр дар Душанбе оғоз шуда, қариб 2,5 соат паси дарҳои баста идома кард. Дар он президентҳои Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, нахуствазири Арманистон ва вазири корҳои хориҷии Русия ҳузур доштанд. Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, ба таври онлайн иштирок кард.

Барои он ки қисми асосии дидори роҳбарони СПАД паси дарҳои баста сурат гирифт, хабарнигорон аз баҳсҳои дохили ҷаласа пурра огоҳ нашуданд. Бино ба хабарҳое, ки дафтари матбуотии раҳбарони кишварҳо нашр карданд, маълум аст, ки баҳсҳо бар сари Афғонистон ҷиддӣ сурат гирифтааст.

Содир Ҷабборов
Содир Ҷабборов

Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, барои ҳарчи зуд ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ба зарурати гуфтугӯ бо намояндагони ҳукумати нав дар ин кишвар таъкид кардааст.

Гуруҳи "Толибон" пас аз бист соли сарнагунии ҳокимияташ моҳи август дигарбора назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт. То кунун ҳеч кишвар ҳукумати "Толибон"-ро, ки "аморати исломӣ" меномад, эътироф накардааст.

Ҷабборов рӯзи 16-уми сентябр дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар Душанбе гуфт: "Мо барои ҳарчи зуд ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистон ва ташкили ҳукумати нави фарогир, ки ба ҳама мардуми ин кишвар қобили қабул бошад, умед дорем."

Видеоро дар инҷо бинед:

Дар Душанбе гуфтанд, хатари Толибон чӣ қадар аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Вале раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбе бори дигар аз гуруҳи "Толибон" сахт танқид кард ва онҳоро ба ваъдахилофӣ муттаҳам намуд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт: "Толибон" аз ваъдаҳои қаблии худ дар бораи ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки васеи нерӯҳои дигари сиёсӣ ва қавмҳои этникӣ дар ин кишвар даст кашиданд ва аз таъсиси як аморати исломӣ бар асоси қонунҳои сахти асримиёнагии шариат... хабар доданд. Ҳайати эълоншудаи ҳукумати муваққатӣ гуногунии сиёсӣ, қавмӣ ва забонӣ, инчунин, баробарии гендериро ба назар намегирад."

Гуруҳи "Толибон" 7-уми сентябр ҳукумати муваққати худро эълон карда, бо далели ҳузури ду тоҷик ва як узбек онро ҳукумати фарогир ё ҳамашумул номиданд.

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Президент Раҳмон дар назди роҳбарони СПАД ҳамчунин аз вазъият дар дараи Панҷшер ёдоварӣ карда, гуфт, аҳвол дар онҷо бадтар аз он аст, ки дар расонаҳо менависанд. "Мувофиқи маълумоте, ки ҳар рӯз аз манотиқи мухталифи Афғонистон ба мо мерасанд, вазъи воқеӣ дар маҳал комилан дигар аст, он чанд маротиба бадтар аз онест, ки дар расонаҳо инъикос карда мешавад. Мо инро дар мисоли Панҷшер возеҳ дида метавонем", -- афзуд ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи “Толибон”-ро ба он муттаҳам кард, ки дастрасии Панҷшерро "ба ғизо ва дигар ашёи зарурӣ комилан манъ кардаанд. Созмони Милали Муттаҳид, Салиби Сурхи Байналмилалӣ ва созмонҳои дигари башардӯстонаи байналмилалӣ аз имконияти иҷрои рисолати худ маҳруманд.”

Дараи Панҷшер ягона минтақаи Афғонистон, ки ҳанӯз "Толибон" онро пурра тасарруф накардаанд. Ҳарчанд Толибон аз назорати пурра ба дараи Панҷшер хабар медиҳанд, вале намояндагони Ҷабҳаи муқовимат мегӯянд, даргирӣ ҳанӯз идома дорад.

Мавқеи Русия дар ин баҳсҳо пурра рӯшан нест. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ки дар нишасти роҳбарони СПАД ба таври онлайн ширкат дошт, ба тарзи умумӣ аз хатарҳо гуфт ва кишварҳои узви созмонро даъват кард, ки барои ҳифзи субот дар қаламравҳои худ омода бошанд.

Нишасти Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ дар шароите баргузор мешавад, ки баъди ба қудрат расидани “Толибон” дар Афғонистон нигарониҳо аз ин кишвар бештар шудааст. Станислав Зас, дабири Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳам баъди нишаст дар назди хабарнигорон батакрор аз нигарониҳо аз вазъи Афғонистон суҳбат кард.

Ба гуфтаи Зас, кишварҳои СПАД вазъияти тағйирёбанда дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро ҷиддӣ пайгирӣ доранд ва мақсади асосии созмон ҳамчунон таъмини амният ва бехатарӣ дар кишварҳои узв аст. "Ҳамзамон мо дар фаъолияти худ чун пештара ба роҳи ҳалли сиёсӣ-дипломатӣ бартарӣ медиҳем", -- гуфт ӯ.

Тавофуқи дигари роҳбарони СПАД дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбе ин буд, ки як моҳ пас дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон машқи муштараки низомӣ баргузор мекунанд.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъиро соли 1992 таъсис доданд ва феълан Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви онанд. СПАД бо ҳадафи "тақвияти сулҳ, амнияту устуворӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи дастаҷамъии истиқлол, ягонагии марзӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узв таъсис шудааст", вале онро як созмони зери нуфузи Русия меноманд.

XS
SM
MD
LG