Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Ван И: "Нисбат ба сарнавишти Афғонистони ҳамсоя бетараф буда наметавонем"


Тоҷикистон бори дигар аз вазъи сиёсӣ ва низомӣ дар Афғонистон нигаронӣ кардааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки кишвараш нисбат ба сарнавишти Афғонистони ҳамсоя бетараф буда наметавонад.

Ин матлабро оқои Раҳмон рӯзи 16-уми сентябр дар мулоқот бо Вин И, вазири умури хориҷии Чин баён кардааст. Вазири умури хориҷии Чин дар ҳоли ҳозир ҷиҳати ширкат дар нишасти Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай, дар Душанбе ҳузур дорад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамзамон таъкид кардааст, ки кишвараш хостгори барқарории сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон мебошад. Дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Вин И ҳамчунин роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ низ гуфтугӯ карданд.

Ин мулоқот дар ҳоле баргузор мешавад, ки аз суқути Кобул ба дасти Толибон як моҳ мегузарад ва ҳукумати Тоҷикистон комилан мавзеи мухолифи Толибонро гирифтааст. Мавзеи Душанбе дар чанд муносибат аз забони раиси ҷумҳур ва вазири хориҷӣ садо дод ва Эмомалӣ Раҳмон ва Сироҷиддин Муҳриддин гуфтанд, ки танҳо ҳукумати ҳамашумулро дар Афғонистон ба расмият мешиносад.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 8-уми сентябр дар як ҷаласаи онлайни вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон гуфт, "мо ҳеч ҳукуматеро, ки бидуни раъйпурсӣ ва бе ҳузури ҳамаи қавмҳо ташкил шудааст, эътироф намекунем". Қаблан Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон, низ ҳамин гуна изҳорот дода буд.

Аммо мавзеъгирии Чин дар баробари қазияи Афғонистон, бештар ба мавқеи Покистон ҳамсӯӣ дорад. Чанд руз қабл сафири Чин дар Кобул бо мақомоти баландпояи ҳукумати Толибон мулоқот кард ва ба онҳо ваъдаи ҳамкорӣ дод. Толибон умедвори кӯмаку сармоягузории Чин ҳастанд ва Пекин ҳам мехоҳад аз сарватҳои то ҳануз дастнохурдаи Афғонистон истифода барад. Ин гумонзаниҳо вуҷуд дорад, ки Чин шояд аз ҷумлаи кишварҳое бошад, ки ҳукумати Толибонро ба расмият бишносад.

Тоҷикистон ва Чин бо Афғонистон марзи муштарак доранд. Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Чин дар гузашта аз ҳузури шаҳрвандони худ дар суфуфи гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон нигаронӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG