Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози нишасти Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе бе ҳузури намояндаи Афғонистон


Нишасти роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай имрӯз 17-уми сентябр дар "Кохи Наврӯз"-и Душанбе оғоз шуд. Дар кори нишаст роҳбарони Тоҷикистон, Русия, Чин, Узбекистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Муғулистон, Туркманистон ширкат мекунанд. Аз инҳо раиси ҷумҳурони Русия ва Чин дар нишаст маҷозӣ ё онлайн ширкат доранд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз маҳаллаи чорабинӣ “Кохи Наврӯз” мегӯяд, Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон, Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, президент Туркманистон, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон ва Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон то ин лаҳза ба ҷойи вохӯрӣ омаданд.

Дар назар аст, ки нишасти роҳбарони СҲШ то нимарӯз давом кунад. Баъд аз он як ҷаласаи вижаи дигар бо ширкати роҳбарони ҳам СҲШ ва ҳам Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар робита ба вазъи Афғонистон баргузор мешавад. Вале дар ин нишастҳо Кобулро касе намояндагӣ намекунад, чун ҳукумати Толибонро то ҳол касе расман эълон накардааст.

Рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор шуд, ки дар он роҳбарони ин созмони зери нуфузи Русия аз вазъи Афғонистон нигаронӣ карданд. Вале роҳбарони СПАД ба ҳеч тавофуқи куллӣ дар робита ба Афғонистон даст наёфтанд ва ихтилофи назар миёнашон зиёд буд.

Аз ҷумла, Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон ба зарурати муколама бо гуруҳи Толибон таъкид кард, вале Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон муқобили ин амр баромад намуд. Ӯ гуфт, Толибон ваъдаи худ дар бораи ташкили ҳукумати фарогирро иҷро накарданд ва имороти исломие “бар асоси қонунҳои сахти асримиёнагии шариат”-ро эълон карданд.

Гуруҳи "Толибон" 7-уми сентябр ҳукумати муваққати худро эълон карда, бо далели ҳузури ду тоҷик ва як узбек онро ҳукумати фарогир ё ҳамашумул номиданд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG