Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Ҷабборов ба "амал дар ҳолати ҳамлаи мусаллаҳонаи кишварҳои узви СПАД"


16-уми сентябр, Душанбе. Раҳбарони кишварҳои узви СПАД
16-уми сентябр, Душанбе. Раҳбарони кишварҳои узви СПАД

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов зимни суханрониаш дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ зарурати “коркарди механизми амал дар ҳолати ҳамлаи мусаллаҳонаи як кишвари узви ин созмон ба дигараш”-ро пешниҳод кардааст. Дафтари матбуоти президенти Қирғизистн 16-уми сентябр гуфт, Ҷабборов дар суханрониаш дар Душанбе аз низои ахири марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар охири моҳи апрел ёдовар шуда гуфтааст, ки “вазъи марзи давлатӣ пуртаниш боқӣ мемонад ва таваҷҷӯҳи аъзои дигари ин созмонро тақозо мекунад”. Айни замон ӯ гуфтааст, ки Қирғизистон “ҳамеша ҷонибдори ҳалли дипломатии баҳсҳо бо кишварҳои ҳамсоя мебошад”.

Маълум нест оё ба ин ҳарфҳои Ҷабборов вокунише аз ҷониби Тоҷикистон ваё раҳбарияти СПАДу дигар аъзои ин созмон садо додааст ё на. Дар ҷаласаи сарони ин созмон дар Душанбе раҳбарони Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Арманистон - Алксандр Лукашенко, Қосимҷомарт Тоқаев, Эмомалӣ Раҳмон, Никол Пашинян ҳузур доранд ва президенти Русия Владимир Путин тавассути онлайн иштирок намуд.

Дар низои ахири мусаллаҳонаи марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд, даҳҳо манзили сокинони рустоҳои марзӣ аз ду ҷониб хароб ё пурра нобуд шуданд. Аз моҳи май бо қарори Қирғизистон сарҳад бо Тоҷикистон баста мебошад. Баъди ин низоъ аксар аъзои кишварҳои узв ҳама вокуниш карда, ҳама гуна низоъҳои мусаллаҳона дар марзро маҳкум ва кишварҳоро ба муколамаву ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳо даъват карда буданд.

Хабарнигорон аҳамият доданд, ки ба фарқ аз дигар раҳбарони кишварҳои меҳмони Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбе мулоқоти ҷудогонаи президентон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ҳанӯз баргузор нашудааст.

Қаблан мақомоти ҳарду ҷониб гуфтанд, ки кори комиссияҳои байни давлатии аломатгузории марз идома дорад.

XS
SM
MD
LG