Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Син Ҷин Пин гуфт, бояд барои сулҳ дар Афғонистон талош кунем


Шаҳри Душанбе, нишони СҲШ
Шаҳри Душанбе, нишони СҲШ

Син Ҷин Пин, раиси ҷумҳури Чин, ки дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ онлайнӣ суҳбат мекард, аз таҳримҳои ҷоришуда барои додугирифти иқтисодӣ дар ҷаҳони имрӯз интиқод кард.

Ӯ аз ҳеҷ кишваре ном набурд, вале гуфт, ҳамагуна монеа барои бозаргонӣ, тиҷорат ва фанновариҳо бояд бардошта шаванд ва ин фурсатҳо барои ҳама фароҳам шавад.

Раиси ҷумҳури Чин аз кишварҳои узви СҲШ даъват кард, ки “паҳлуи ҳамдигар истанд” ва нагузоранд, ки кишварҳои созмон мавриди таҳоҷуми кишварҳои дигар қарор гиранд. Ишораи раиси ҷумҳури Чин зоҳиран ба кишварҳои Ғарбӣ буд.

Тамаркузи Си Ҷин Пин ҳам дар баромадаш бештар ба масъалаи Афғонистон буд ва ӯ гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чолишҳои пешомада дар Афғонистон бояд ҳамоҳанг кор кунанд.

“Бояд Афғонистонро ташвиқ кунем, ки давлати фарогир мустақар кунад. Давлате, ки дар ҳама масъалаҳо, аз ҷумла сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ миёнарав аст. Бояд ба ҳама гуна шаклҳои терроризм муқобила кунем. Талош кунем, ки Афғонистон масири сулҳу суботро тай кунад,”-афзуд раиси ҷумҳури Чин.

Си Ҷин Пин ҳамчунин дар масъалаи пандемия ва пайомадҳои он батафсил суҳбат кард ва гуфт, Пекин дар панҷ соли оянда барои рушди тиҷорат дар кишварҳои ҳавзаи Шонгҳой миллионҳо доллар сармоягузорӣ хоҳад кард. Ҷин Пин ҳамчунин аз ташкили ҳазорҳо ҷойи таҳсил барои шаҳрвандони узви кишварҳои СҲШ аз сӯи Чин хабар дод.

Раиси ҷумҳури Чин ҳамчунин гуфт, дар ҷаласаи имрӯз Эрон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмонҳои Ҳамкориҳои Шонгҳой қабул мешавад.

Дар ҷаласаи СҲШ, ки рӯзи 17-уми сентябр дар Душанбе оғоз шуд, Си Ҷин Пин, раҳбари Чин ва Владимир Путин, президенти Русия онлайнӣ ширкат карданд.

XS
SM
MD
LG