Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бе ягон COVID-19. Таъсири эмгузаронӣ ё пинҳонкорӣ бо омор? ВИДЕО


Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, то кунун садҳо ҳазор касро эм кардаанд
Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, то кунун садҳо ҳазор касро эм кардаанд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон як ҳафта боз хабар медиҳад, ки дар кишвар ягон мавриди сирояти коронавирус сабт нашудааст. Мақомот инро натиҷаи эмкунӣ медонанд. Баъзе аз сокинон мегӯянд, мумкин аст, шиддати беморӣ андаке поин омада бошад, вале пурра аз байн нарафтааст.

"Нақша аст ва бояд иҷро шавад"

Духтурони шифохонаи рақами 13-и шаҳри Душанбе мегӯянд, дар як ҳафтаи охир ягон мавриди гирифторӣ ба бемории COVID-19-ро сабт накардаанд. Чунин коҳишро онҳо ба ҷараёни босуръати эмгузаронии зидди коронавируси нав пайванд доданд. Рустам Қурбонализода, як масъули шифохона, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар як рӯз аз 750 то 1200 нафарро иммунизатсия ё эм мекунанд.

Ба қавли баъзе аз пизишкон, мақомот барои шифохонаҳо нақшаи ваксинзании сокинонро пешбинӣ кардаанд. Як духтур дар Душанбе, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 19-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "агар нақша иҷро нашавад, гап мешунавем, бино бар ин, агар сокинони ягон маҳалла хоҳиши ваксина гирифтанро дошта бошанд, омодаем ба наздашон равем."

Зоҳиран иҷрои нақшаи фарогирии сокинон ба ваксина барои бахше аз табибон мушкилро пеш овардааст, ки онҳо ҳар чӣ зудтар мехоҳанд онро иҷро кунанд.

Набудани беморӣ натиҷаи эмкунӣ аст?

Тоҷикистон дар моҳи июни имсол эмгузаронии зидди COVID-19-ро барои сокинони аз 18-сола боло ҳатмӣ кард. Ин қарор норозигиҳоро ҳам ба миён овард ва талаб карда шуд, ки эм кардан бояд ихтиёрӣ бошад. Бархе ҳам мегӯянд, ба хотири ҳифзи саломатии худ ва дигарон довталабона эм гирифтаанд.

Меҳринисо Сангинова, сокини шаҳри Душанбе, аз онҳоест, ки рӯзи 14-уми сентябр вояи дувуми ваксинаро гирифт. Ӯ мегӯяд, барои ҳифз кардани худ ва атрофиён эм кардааст.

Вале онҳое ҳам ҳастанд, ки аз маҷбурӣ шудани ваксинагирӣ норозианд. Дар ҷомеаи Тоҷикистон сарусадо аз пайомадҳои нохуши пас аз эмгузаронӣ садо медиҳад. Иддае дар пайи чунин сару садоҳо аз дарёфти ваксинаи зидди COVID-19 худдорӣ мекунанд, ҳарчанд мақомоти беҳдоштӣ сар задани ҳар гуна пайомадҳои ҷиддии нохушро рад мекунанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Магар коронавирус дар Тоҷикистон нобуд шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Тӯрашоҳ Саймуддинов, муовини мудири Маркази иммунопрофилактикии Вазорати тандурустӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, "миёни шахсоне, ки ваксина гирифтаанд, ҳамагӣ 278 ҳолате ҳаст, ки ба монанди ҳароратбаландӣ, дард дар ҷои тазриқ, дилбеҳузурӣ ва дардмандии мушакҳо ба қайд гирифта шудааст ва ин ҳолатҳои муқаррарӣ аст".

Дар моҳҳои ахир пизишкон ба коргоҳу масҷид ва бозорҳо рафта, сокинонро зидди коронавирус эм мекарданд. Ва сабт нашудани ягон ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19-ро мақомот натиҷаи ҳамин эмкунӣ медонанд. Ҳарчанд бархе пизишкон ба мо гуфтанд, ошкор нашудани беморӣ маънои набудани коронавирусро надорад ва набояд сокинон чораҳои эҳтиётиро сарфи назар кунанд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шумори эмшудаҳо ба муқобили COVID-19 дар кишвар аз 2 миллион нафар гузаштааст. Аммо шубҳаву гумонҳо ба ин рақамҳо ҳам зиёд аст. Тоҷикистон то кунун тавассути барномаи COVAX беш аз 4 миллиону 800 ҳазор воя ваксина гирифтааст.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, то рӯзи 13-уми сентябр гирифтории беш аз 17 ҳазор нафар ба COVID-19 тасдиқ шуда, 124 кас аз ин беморӣ фавтидаанд. Оморе, ки на ҳама ба дурустии он бовар доранд ва шумори гирифторон ба беморӣ ва фавтидагонро бештар арзёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG