Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Васл"-и синамогарони Тоҷикистону Узбекистон пас аз тақрибан сӣ сол "ҷудоӣ". ВИДЕО


Синамогарони Тоҷикистону Узбекистон пас аз тақрибан сӣ соли "ҷудоӣ" розӣ шудаанд, ки якҷоя се филми ҳунарӣ биофаранд. Яке аз филмҳо ба дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, шоирони садаи понздаҳ, бахшида шуда, сабти қисме аз он ба далели зери тасарруфи "Толибон" гузаштани шаҳри Ҳироти Афғонистон дучори мушкил гардидааст.

Толиб Ғайбуллозода, муовини мудири "Тоҷикфилм", мегӯяд, ҳафтаи гузашта дар шаҳри Тошканд буданд ва ин мавзуъро бо синамогарони Узбекистон баҳс карданд.

Толиб Ғайбуллозода
Толиб Ғайбуллозода

"Давоми 4-5 рӯз дар бораи зиндагиномаи Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ музокироти тӯлонӣ идома кард. Аз ҷониби Тоҷикистон ва Узбекистон пешниҳодҳо зиёд буданд. Баҳсҳо низ буданд", -- гуфт ӯ рӯзи 23-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ба қавли Ғайбуллозода, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки филмномаро Сафари Ҳақдод навишта, коргардонияшро Файзуллоҳи Файз ба уҳда бигирад, вале ҳанӯз тасмими ниҳоӣ эълон нашудааст.

Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон, гуфт, филм бояд ҳирфаӣ таҳия шуда, ба ҳеч ҷонибе бартарӣ дода нашавад ва тарафҳо танҳо дар андешаи ҳунар ва таҳияи филми ҷолиб бошанд. "Талоши мо ин аст, ки ду шахсиятро дар алоҳидагӣ набинем, онҳоро дар ҳамбастагӣ ва ваҳдат бинем. Узбекҳо масъаларо аз диди Навоӣ медиданду тоҷикон аз назари Ҷомӣ. Эҷоди ваҳдат вазифаи асосии гурӯҳи филмноманависон мебошад. Муҳим ҳусни боварӣ миёни таҳиягарони филм аз ҳарду кишвар аст", -- афзуд ӯ.

Сафари Ҳақдод
Сафари Ҳақдод

Ҷаноби Ҳақдод хабар дод, ки бахши бузурги ин филм дар Самарқанд ба навор гирифта мешавад. Аммо қисми дигари филм бояд дар шаҳри Ҳироти Афғонистон сабт шавад, ки пас аз ишғоли он аз тарафи ҷангҷӯёни "Толибон" мушкил пеш овардааст. Ҳоло ҷониби Узбекистон тасмим дорад, дар наздикии Самарқанд маҳаллаи монанд ба Ҳирот бисозад.

Дар 30 соли охир коргардонҳои тоҷику узбек тақрибан ягон филми муштарак таҳия накардаанд. Сафари Ҳақдод мегӯяд: "Дар солҳои Шӯравӣ синамогарони ду кишвар зери як ғоя кор карда, аз марказ сармоягузорӣ ва танзим мешуданд. Марз набуд ва синамогарону ҳунармандон пайваста, дар таҳияи филмҳои якдигар ширкат мекарданд. Сипас, замони ғояҳои миллӣ расид ва ҳамкорӣ то ба ҳадди нестӣ расид."

Дар се соли охир, пас аз нарм шудани муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон, ҳузури баъзе аз ҳунармандони кишвари ҳамсоя дар филмҳои тоҷикӣ мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, Убайдулло Амон, ҳунарманди Узбекистон, дар филми "Бачаи обӣ"-и коргардони тоҷик Файзуллоҳи Файз нақш офаридааст.

Коргардонҳои тоҷик бар инанд, ки дастгоҳу таҷҳизоти филмсозии “Узбекфилм” хеле пешрафтатар аз Тоҷикистон аст ва бо баҳонаи таҳияи филмҳои муштарак филмсозони тоҷик метавонанд аз он баҳра бигиранд. Ҳамчунин ин ҳамкорӣ боиси табодули таҷриба мегардад. Дар муқобил онҳо идея ва ҳунари худро пешниҳод мекунанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Синамогарони тоҷику узбек се филми ҳунарӣ меофаранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:37 0:00

Дар зимн, дар музокироти Тошканд мавзӯи таҳияи ду филми ҳунарии дигар низ баррасӣ шудааст. Яке "Ситораи ноаён"-и Муҳаббат Сатторӣ ва дувумӣ филмномаи пешниҳодии Искандар Усмонов, коргардони синамои тоҷик бо номи "Санг ва об" мебошад.

Интизор меравад, аз 27-уми сентябр то 4-уми октябри имсол дар Узбекистон Рӯзҳои синамои Тоҷикистон баргузор шавад. "Тоҷикфилм" ба ин ҷашнвора даҳ филм мебарад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG