Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бақо Содиқов: "Барои ман Тоҷикистону Узбекистон як ватан аст"


Бақо Содиқов
Бақо Содиқов
Бақо Содиқов, филмбардори маъруфи тоҷик, 80-сола шуд. Ӯ дар солҳои навадум аз Тоҷикистон ба Узбекистон кӯчид ва соли 2018 шиносномаи он кишварро гирифт. Муаллифи "Адонис XIV" ва "Гирдбод", ки дар даврони Шӯравии собиқ сабт шуда, ба қавли муҳаққиқони кору рӯзгори ӯ, ба далели бо идеологияи замон насохтанашон хеле дер рӯйи экранҳо баромаданд, 13-уми июл дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз аз филмбардорӣ намондааст.

Бақо Содиқов: "Ду сол боз дар Бухоро ҳастем. Ҳамроҳи писарон дар бораи ҳафт шахсе, ки барои Бухоро, барои халқ, хидмат кардаанд, филми ҳуҷҷатии 35-40 дақиқаӣ гирифтем. Яъне, на бо шиор, балки дар ҳақиқат, аз сидқи дил хидмат кардаанд. Номаш ҳам "Мо – бухороиҳо" аст. Ба забони русӣ сабт кардем, аммо намедонем, кӣ инро мехарад ва кӣ нишон медиҳад."

Радиои Озодӣ: Агар махфӣ набошад, метавонед, номи баъзе қаҳрамонҳоро ошкор кунед?

Гап дар он аст, ки Тоҷикистон дар дили ман аст. Инро фақат бо табар зада гирифтан мумкин аст.

Бақо Содиқов: "Яке аз онҳо Қофилӣ аст. Шоир. Вай барои ташкили масҷиди аввалини эрониҳо дар Бухоро хидмат кардааст. Дигаре шарқшинос аст, ки барои ҳифзи китобу дастхатҳо ҷонбозӣ кардааст. Мисли ин."

Радиои Озодӣ: Соли 2018, пас аз чанд соли бесанад будан, шаҳрвандии Узбекистонро гирифтед, ҳоло худро озод ҳис мекунед?

Бақо Содиқов: "Дар шаҳри худ, дар ватани худ ҳастам. Барои ман Тоҷикистон – Узбекистон як ватан аст. Ман дар онҷо ҳам худро озод ҳис мекардам, дар инҷо ҳам озод ҳастам. Ҳамаи тоҷикҳо мегӯянд, Бухоро пойтахти ман, ватани ман аст. Сиёсатбозон ҳар чиз мегӯянд. Мо аҳли ҳунар, бо сиёсат ҳамроҳ нестем. Агар дар бораи маданияти тоҷику узбек пурсед, гап мезанам."

Радиои Озодӣ: Мероси ҳунарии худро моли кадом мардум медонед?

Бақо Содиқов: "Барои ман фарқ надорад, ҳам тоҷик ва ҳам узбек."

Радиои Озодӣ: Солҳои охир талош накардед, ба Тоҷикистон биоед?

Бақо Содиқов ҳангоми дарёфти шиносномаи Узбекистон
Бақо Содиқов ҳангоми дарёфти шиносномаи Узбекистон

Бақо Содиқов: "Дар солҳои гузашта рафта наметавонистам, чунки шиносномаам аз СССР буд. Танҳо соли 2018 шиносномаи узбекӣ гирифтам."

Радиои Озодӣ: Манзур пас аз соли 2018, яъне баъд аз гирифтани паспорту кушодани марзҳои Тоҷикистону Узбекистон буд...

Бақо Содиқов: "Роҳҳо кушода шуданд, вале пандемия сар шуд. Ман соли 1995 аз Тоҷикистон рафтам, дигар барнагаштам. Агар имкон шавад, иншоаллоҳ меравам, зиндаву саломат бошем. Гап дар он аст, ки Тоҷикистон дар дили ман аст. Инро фақат бо табар зада гирифтан мумкин аст."

Радиои Озодӣ: Панҷ сол пеш гуфта будед, ки филми "Фидоиён"-ро дар бораи Фитрату Айнӣ ва дигарон омода кардед, оё намоиш дода шуд?

Бақо Содиқов: "Ин дар бораи Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ ва ҷадидҳо аст. Ман дар оилаи ҷадидҳо зода шудаам. Аз тарафи дигар Фитрат ба ман хешӣ дорад. Дар рӯҳия ва ҷаҳонбинии ҷадидия ба воя расидаам. Номи филм пештар "Фидоиён" буд, ҳоло "Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ" аст. Имсол ба эфир баромад. Чандин шабакаи Узбекистон намоиш доданд. Филм ба забони узбекӣ аст. Агар ба Тоҷикистон маъқул бошад, имкони пахшаш ба забони тоҷикӣ низ ҳаст. Мақсад аз Беҳбудӣ нишон додани ҷадидҳост, ки кӣ буданд. Онҳо рушди дунёро ба назар доштанд, дурбинона фикр мекарданд. Амир Олимхон мепурсид, ки Шумо, самарқандиҳо, ба таълими Бухоро чӣ кор доред? Ҷавоб медоданд, ки тамоми дунё мехоҳад фаҳмад, ки Осиёи Миёна метавонад фарзандони бузургро таваллуд кунад, на каландзан? На ин ки ман ғиждувонӣ, ман андиҷонӣ, ман кӯлобӣ..."

Радиои Озодӣ: Пас, дар филм ба мавзӯи маҳалгароӣ ҳам ишора шудааст. Ин масъала имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳаст. Ба назари Шумо, чӣ гуна мешавад, онро аз байн бурд?

Бақо Содиқов: "Ман ҳунарманд ҳастам, сиёстмадор нестам. Мо бо забони Рӯдакӣ ва Ҳофиз гап мезанем. Ман ҳунарманд ҳастам ва бахши худ бовиҷдонона хидмат кардам."

Радиои Озодӣ: Дар чаҳор-панҷ соли охир, пас аз он ки марзҳои Тоҷикистону Узбекистон боз шуду додугирифт афзуд, ягон филми тоҷикиро ҳам дидед, баҳоятон ба вазъи синамои Тоҷикистон чӣ аст?

Бақо Содиқов: "Барои ман ҷавоб гуфтан ба ин суол мушкил аст. Ман танҳо чанд филмеро дидам, ки пештар сабт кардаанд, на ҳоло.”

Радиои Озодӣ: Дар ин муддат аз Тоҷикистон ҳам барои ҳамкорӣ пешниҳоде гирифтед? Шояд аз тарафи идораи "Тоҷикфилм"?

Бақо Содиқов
Бақо Содиқов

Бақо Содиқов: "Пешниҳод аз дӯстон буд, аммо аз идораи "Тоҷикфилм" -- на."

Радиои Озодӣ: Муносибати Тоҷикистону Узбекистонро дар чӣ сатҳ мебинед, бахусус дар бахши фарҳанг?

Бақо Содиқов: "Ҳарду миллат, тоҷику узбек, наздиканд. Ин як сарзамини аҷоиб аст, ки бо якдигар пайвастааст. Бигзор аз Тоҷикистон ба инҷо биёянд, аз инҷо ба Тоҷикистон бираванд. Инҳо миллатҳои калонанд, майдамиллатбозӣ накунанд."

Радиои Озодӣ: Ҷаҳон якуним сол боз дар гирдоби коронавируси нав аст. Ин давраро чӣ гуна мегузаронед?

Бақо Содиқов: "Худоро шукр, коронавирус дар хонаи мо нест. Ҳама сиҳҳату саломат ҳастем. Эҳтиёт мекунем. Худованд раҳми моро хӯрд."

Бақо Содиқов соли 1941 таваллуд шуда, соли 1967 факултаи коргардонии Донишгоҳии театрӣ-рассомии Тошкандро хатм кардааст. Ӯ соли 1979 узви Иттиҳоди синамогарони Шӯравӣ интихоб шуд. Соли 1993 ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро гирифт ва аз он пеш, дар соли 1988, ҳунарманди хидматнишондодаи Тоҷикистон шуд. Бақо Содиқов соли 1961 бо иҷрои нақши асосӣ дар филми “Панҷ нафар аз Фарғона” дар киностудияи “Узбекфилм” ба олами синомагарӣ пайваст. Дар киностудияи “Тоҷикфилм” аз соли 1967 ба ҳайси коргардон дар филмҳои бадеӣ ва коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ кор кардааст. “Адонис”, “Гирдбод”, “Бухорои шариф”, “Ҷосус” ва “Имом Бухорӣ” аз корҳои намоёни ӯ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG