Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили синамои тоҷик кадом аст: Бинанда нест, ё филми хуб надорем?


Ҳусайн Маҳмудов
Ҳусайн Маҳмудов

Ҳусайн Маҳмудов, рӯзноманигор

“Синамо аз экран ва чанд курсие, ки мебояд пур кард, таркиб ёфтааст.” Алфред Хичкок

Маъмултарин шиор дар мавриди синамои миллии мо ин аст, ки ҳамвора мешунавем: “Синамо бояд муаррифгари арзишҳои миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ бошад”. Арзишҳои миллӣ кадоманд ва кай синамои мо дар сатҳи ҷаҳонӣ аз мо муаррифӣ мекунад? Сари ин суол метавон тӯлонӣ андеша ронд. Дар ин навишта аз арзишҳои миллӣ намегӯем. Зеро ин мавзуъ бештар ба таъриху фалсафаву ҷомеашиносӣ рабт мегирад. Аз боби он мегӯем, ки тайи солҳои истиқлол синамои тоҷик то куҷо муаррифгари миллати худ буд.

Табиист, ки синамои даврони Шӯравии тоҷик як дастгоҳи таблиғотӣ буд, ки аз рӯйи методи тасдиқшудаи сотсиалистӣ фаъолият мекард. Дар ин асно бузургтарин шоҳкорҳои синамои мо тавлид шуданд, ки ин қобили ситоиш аст.

Дар даҳаи аввали истиқлоли кишвар чеҳраҳое чун Ҷамшед Усмонов ва Бахтиёр Худойназаров бори масъулияти синамои тоҷикро ба дӯш гирифтанд ва аз он шоиста муаррифӣ карданд. Вале бо далоили гуногун тарки ватан карданд ва кори синаморо дар хориҷ идома доданд. Зарур аст, ин ҷо аз заҳматҳои коргардони шаҳир Муҳсини Махмалбоф, ки охири солҳои навад ва оғози солҳои дуҳазорум дар Тоҷикистон зиндагӣ мекард, ёдовар шавем. Махмалбоф аз номи кишвари мо филмҳои ҷолибе таҳия намуд ва дар ин замина аз донишу таҷрибаи хеш ба ҳаммаслакони тоҷики худ омӯзиш дод.

Дар даҳаи дуюми истиқлол коргардонҳое ба монанди Умедшо Мирзоширинов, Носир Саидов, Далер Раҳматов ва дигарон бо филмҳои ҷолиби худ фазои холиро пур карданд ва ба ҷашнвораҳои синамоии байналхалқӣ роҳ ёфтанд. Ин давраро метавон даврони ташаккул ва инкишофи синамои миллии тоҷик номид.

Дар даҳаи баъдӣ бо рӯйи кор омадани насли ҷавон бо диди тоза ва салиқаҳои гуногун тимсоли Диловар Султонов, Шарофат Арабова, Румӣ Шоазимов, Файзулло Файзов, Муҳиддини Музаффар, Аниса Собирӣ, Далери Имомалӣ ва дигарон синамои тоҷик рангу шакли дигаре касб кард ва то ҳадде пурбор шуд.

Аммо бештари филмҳои офаридаи ин синамокорони тоҷик, ки аслан филмҳои ҷашнвораӣ буданд, ба тамошобини тоҷик манзур нашуданд. Аз бисёр ҷиҳат тамошобини тоҷик тамошобини филмҳои “ҷашнвораписанд” нест. Манзур аз филмҳои “ҷашнвораписанд” филмҳоест, ки фарогири мавзуъҳои иҷтимоӣ бо дидгоҳи фалсафиянд. Дар ин ҳол наметавон гуфт, ки осори ин синамогарон мармузанд, аммо ба таври бояду шояд корҳои синамогарони мо истиқболи оммавӣ нашуданд.

Синамои мо дар се даҳаи мустақилияти давлатӣ бо рушди пайвастаи имконоти ин соҳа дар дунё ба пешрафти лозима даст наёфт. Гузашта аз баҳси имконияти моддӣ, ки аслитарин сабаби нузули синамои тоҷик аст ва дар ин маврид алоҳида хоҳем гуфт, синамо дар Тоҷикистон ба таври ҳамеша мавзӯи баҳс нест.

Ба хотири рушди синамои миллӣ ва тавонманд намудани зербинои синамо дар Тоҷикистон тӯли ин солҳо аз ҷониби давлат ва ниҳодҳои марбута заминасозие сурат гирифтааст. Таъсиси Синамобазми байналмилалии “Дидор”, рӯйи кор омадани телевизиони давлатӣ бо номи “Синамо”, созмон додани Ҷоизаи миллии “Лолаи тиллоӣ” дар соҳаи кинематография, Кинофестивали байналмилалии “Навсоз” аз қабили дастовардҳои синамои тоҷик дар замони истиқлол мебошанд.

Нахуст аз синамои мустақил мегӯем. Синамое, ки намояндагонаш ба ҷуз он, ки дар кори худ истиқлоли фикрӣ доранд, аз буҷаи худ филм мегиранд. Ин кумак низ, албатта, ёрии созмону ташкилоти ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ аст, ки бо ҳадафҳои гуногун сари лоиҳаҳои гуманитарӣ сармоягузорӣ мекунанд. Синамои таҷрибавӣ бахши бузурги синамои мустақили кишвари мост, ки аз доираҳои давлатӣ дур аст ва танҳо дар доираҳои махсус истиқбол мешавад. Манзурам аз синамои мустақил синамои асил аст, на филмҳое, ки ягон арзиши ҳунарӣ ва фарҳангӣ надоранд.

Барои рушди ин навъи синамо аз ҷониби Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон Озмуни синамои таҷрибавии “My Vision” созмон ёфтааст, ки ҳамасола тарҳҳои синамоии ҷавононро дастгирӣ намуда, ҳафтаи синамои ҷавононро баргузор мегардонад.

Муҳимтарин унсур дар синамои ҳар миллат мавзӯи синамо аст, ки хоси арзишҳои ҷамъиятии он мебошад. Барои мисол, синамои Эрон, ки мазвуъҳои ҳуқуқибашарӣ дар он меҳвариянд. Синамои Афғонистон, ки мавзуъҳои ҷангу хушунат дар он марказиянд. Ҳамин гуна синамои курдӣ, ки фарогири мавзуъҳои миллатгароӣ мебошад ва ғайра. Синамои мо аз ҷиҳати мавзуъ синамои озод аст. Дар он бештар арзишҳои ахлоқӣ инъикос меёбанд.

Аз суҳбатҳое, ки бо чанде аз синамогарони тоҷик дар тӯли фаъолияти худ доштам, маълумам шуд, ки ба хориҷиён хусусиёти “экзотикӣ”-и филмҳои мо бештар писанд аст. Деҳа, фарҳанги мардумӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва амсоли инҳо. Аммо намешавад, ки дар ин маҳдуда побанд монд.

Синамои тоҷик нисбат ба дигар анвои санъатҳои миллӣ чун адабиёт, мусиқӣ ва наққошӣ дар солҳои охир ҷойгоҳи хосеро соҳиб нашуд. Ин аст, ки фазоро филмҳои хориҷӣ пур кард ва шуури ҷамъиятӣ, махсусан ҷавонон дар қолаби филмҳои хориҷӣ монанди синамои Ҳолливуд ва Болливуд шакл гирифт.

Дар ҳоли ҳозир фазои интернет ва фиттафурӯшиҳо дар Тоҷикистон пур аз филмҳои фориғ аз арзиши ҳунарӣ мебошанд. Филмҳое, ки бештар ҳадафи тиҷоратӣ доранд ва бешак мухотаби бештаре доранд. Дар ин гуна филмҳо, ки аз ҷониби давлат танзиме намешаванд, кулли унусрҳои синамоӣ зери по мешаванд.

Даъвои онки тамошобини тоҷик филми тоҷикӣ намебинад, бемаъност. Дар ин марид тамошобин гунаҳкор нест. Филми хуб ҳамеша тамошобин дорад. Тавлиди мудаввом ва пахши филмҳои бадеӣ, мазҳакавӣ ва силсилафилмҳо ба ин баҳс албатта хотима хоҳад гузошт.

Аввалин омили тамошобин надоштани синамои тоҷик масъалаи тавлидоти филмҳо аст, ки ба имконияти моддӣ рабт мегирад. Шояд то он замоне ки давлат ба дарки онки синамо низ манбаи даромад аст нарасад, ба маблағгузории он даст назанад.

Омили дигар беҳадафӣ, бемавзӯӣ ва ба инобат нагирифтани завқу салиқаи қишрҳои ҷомеа мебошад. Барои ҳадафманд ва муайян сохтани самтҳои асосии фаъолияти синамо, давлатро мебояд бо қабули барномаи махсус дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои иҷтимоӣ даст ба кор шавад. Шуруъ аз пурсишҳои сотсиологӣ, воситаҳои муассири таблиғ то таҷаддуди фаъолияти эҷодиву техникии ин соҳа амалӣ шавад, то билохира пушти дари толорҳои синамои кишвар ҳамеша навбат бошад.

Аз толоҳои синамо гуфтем. Баъзе навоҳии кишвари мо то кунун толори синамо надоранд. Агар мавҷуданд, мутмаинан ҳолати хубе надоранд.

Бо назардошти ин таъкидҳо бармегардем ба баҳси ҷаҳонӣ шудани синамо. Барои муаррифии давлату миллат бояд филми ҷаҳонӣ сохт. Бо омӯзиш ва назардошти равандҳои синамои ҷаҳонӣ, мебояд кори ҳунарӣ анҷом дод. Дар ин сурат маҳсули синамои мо ба барномаҳои озмунии ҷашнвораҳои синамоии дараҷаи “А” роҳ хоҳанд ёфт. Дар хусуси синамои мо мунаққидон ва расонаҳои машҳури соҳавӣ хоҳанд навишт.

Бо умеди шукуфоии синамои миллӣ ва муаррифии шоистаи арзишҳои миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, рӯзи синамои тоҷик ба кулли синамосозони асил муборак бод!

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG