Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармураббии "Персеполис"-и Эрон: Бозӣ бо "Истиқлол"-и Тоҷикистон чандон осон нахоҳад буд. ВИДЕО


Нишасти хабарии сармураббии “Персеполис” дар Душанбе, 13-уми сентябри 2021
Нишасти хабарии сармураббии “Персеполис” дар Душанбе, 13-уми сентябри 2021

Бозии даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 байни тимҳои “Истиқлол”, қаҳрамони нӯҳкаратаи Тоҷикистон ва “Персеполис”, қаҳрамони сездаҳкаратаи Эрон, шаби 14-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Сармураббии тими “Персеполис”-и Эрон, Яҳё Гулмуҳаммадӣ, 13-уми сентябр дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, "рақобат чандон осон нахоҳад буд".

Вале бо ишора ба натиҷаҳои хуби дастааш дар солҳои гузашта ва имсол гуфт, "он таҷрибаҳо метавонад, хеле ба кумакамон биояд. Тими хубе дорем, ба тимамон имони комил дорем, эътиқоди комил дорем. Медонем, ки марди рӯзҳои сахт буданд ва умед дорам, фардо ҳам яке аз он рӯзҳои хуби мо рақам бихӯрад."

Гулмуҳаммадӣ бовар дорад, ки нуқтаҳои сусти дастаи “Истиқлол”-ро медонанд, зеро чанд бозии рақибашонро тамошо кардаву омӯхтаанд.

Мубин Эргашев, сармураббии тими “Истиқлол”-и Душанбе, ҳарчанд ба натиҷаи хуб дар муқобили “Персеполис” умед дорад, аз ҳоло чанд нуқтаи сусти тимашро ошкор кард.

“Дар умум, худи тим ва бачаҳо омода ҳастанд, аммо, мутаассифона дар ин бозӣ футболбоз Андрей Мишенко ва дарвозабони асосӣ Рустам Ятимов ширкат карда наметавонанд. Дар бораи рақибамон тими “Персеполис” ҳаминро гуфтаниам, ки ин клуби хеле пурқувват аст, финалисти бозиҳои лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар соли гузашта аст”, - иброз дошт Мубин Эргашев.

Видео дар инҷост:

Сармураббии "Персеполис": Бозӣ бо "Истиқлол"-и Тоҷикистон осон нахоҳад буд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Бозии «Истиқлол» ва «Персеполис»-ро ҳакамон аз Ҷопон бо раҳбарии Ҳироюки Кимура доварӣ мекунанд. Субҳиддин Солеҳ аз Малайзия нозири доварон ва Алим Орифов аз Узбекистон комиссари бозӣ таъйин шудаанд.

Дар таърихи футболи тоҷик ин муҳимтарин бозӣ ба шумор меравад. “Истиқлол” бошгоҳи аввалини Тоҷикистон аст, ки дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё иштирок карда, ба марҳилаи баъдӣ роҳхат гирифтааст. «Персеполис» солҳои 2018 ва 2020 дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC ба финал роҳ ёфтааст.

Нархи билет барои тамошои ин бозӣ 20 сомонӣ ба се минбар (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) ва 50 сомонӣ ба қисматҳои дуюму сеюми минбари асосии варзишгоҳ – ғарбӣ – муқаррар шудааст.

“ИСТИҚЛОЛ” (ТОҶИКИСТОН)

Бошгоҳ соли 2007 таъсис ёфтааст. “Истиқлол” дар Лигаи олӣ бозӣ мекунад ва аз машҳуртарин, серунвонтарин ва қавитарин бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Қаҳрамони Тоҷикистон (9 бор): 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020

Ҷоизадори нуқра (1 бор): 2013

Ҷоизадори биринҷӣ (1 бор): 2012

Барандаи Суперҷом ё ҷоми олии Тоҷикистон (10 бор): 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021

Барандаи Ҷоми Тоҷикистон (8 бор): 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019

Барандаи Ҷоми Президенти AFC (1 бор): 2012

Барандаи Ҷоми ФФТ (6 бор): 2014, 2015, 2017, 2018, 2019, 2021

Финалисти Ҷоми AFC (2 бор): 2015, 2017

"ПЕРСЕПОЛИС" (ЭРОН)

Бошгоҳ соли 1963 таъсис ёфтааст. Дар Лигаи бартари Эрон бозӣ мекунад ва аз машҳуртарин, серунвонтарин ва қавитарин бошгоҳҳои футболи Эрон ба шумор меравад.

Қаҳрамони Эрон (13 бор): 1971/72, 1973/74, 1975/76, 1995/96, 1996/97, 1998/99, 1999/00, 2001/02, 2007/08, 2016/17, 2017/18, 2018/19, 2019/20

Ҷоизадори нуқра (9 бор): 1974/75, 1976/77, 1977/78, 1989/90, 1992/93, 1993/94, 2000/01, 2013/14, 2015/16.

Барандаи Ҷоми Эрон (6 бор): 1987/88, 1990/91, 1998/99, 2009/10, 2010/11, 2018/2019.

Финалисти Ҷоми Эрон (2 бор): 2005/06, 2012/13.:

Барандаи Ҷоми дорандагони ҷомҳои Осиё (Лигаи қаҳрамонҳои AFC, 1 бор): 1991.

Финалисти Ҷоми дорандагони ҷомҳои Осиё (Лигаи қаҳрамонҳои AFC, 3 бор): 1993, 2018, 2020.

XS
SM
MD
LG