Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То барҳам хӯрдани "Тоҷпромбонк" рӯзҳои башумор монд. Бо амонати мардум чӣ хоҳад шуд? ВИДЕО


Муштариёни "Тоҷпромбонк" дар назди Додгоҳи иқтисодии Душанбе
Муштариёни "Тоҷпромбонк" дар назди Додгоҳи иқтисодии Душанбе

То замони пурра барҳам хӯрдани "Тоҷпромбонк", яке аз ниҳодҳои молии муфлисшуда дар Тоҷикистон, рӯзҳои башумор мондааст, аммо муштариён мегӯянд, ҳанӯз амонатҳои худро пас гирифта наметавонанд. Онҳо рӯзи 27-уми сентябр аз Додгоҳи иқтисодии Душанбе ёрӣ хостанд. Мудири махсуси бонк мегӯяд, бо фурӯхтани амвол амонати муштариёнро медиҳанд.

"650 ҳазор доллар гузошта будем"

Николай Шаршов, як муштарии "Тоҷпромбонк", гуфт, тақрибан чаҳор сол боз барои гирифтани амонатҳояш ба идораҳои гуногун муроҷиат кард, вале акси садое нашунид. "Сарамонро ба сад дар мезанем, ба ҳар ҷой меравем, вале фоида нест. Дар ҳақиқат, ба мо ваъда медиҳанд, вале чизе намедиҳанд", -- нақл кард ӯ рӯзи 27-уми сентябр.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2017 аз муфлисшавии “Тоҷпромбонк” ва оғози барҳамхӯрии он хабар доданд. Пас аз он мудирияти махсус дороиҳои бонкро ба фурӯш гузошта, бозпас додани амонати муштариёнро шуруъ кард.

Аммо Солеҳамоҳ Самадова, сокини Душанбе, мегӯяд, аз 650 ҳазор доллари гузоштааш дар ин муддат тавонист, танҳо қисме аз онро бозпас бигирад. “Оҳиста-оҳиста баргардонданд. Мегӯянд, ҳозир 450 ҳазор сомонӣ мондааст. Ба номи писарам 250 ҳазор доллар супорида будем. 200 ҳазор мондааст. Аз як хона ду нафарро ба гаравгон гирифтаанд", -- шикоят кард ӯ.

Муштариён амвол намегиранд, чаро?

Дар Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе гуфтанд, муштариёни бонк намехоҳанд, дар ивази пасандозҳои худ дороии бонк, аз ҷумла хонаҳоро бигиранд ва ин вазъро печида кардааст.

Фирдавс Шукуров, сокини Душанбе ва аз муштариёни "Тоҷпромбонк", сабабашро чунин шарҳ дод: "Аввал ин ки моро вориди қазияи ҷанҷолӣ мекунад. Дувум, он чи пешниҳод мешавад, хеле гарон аст. Яъне, чанд одам ҷамъ шуда, он хона ё иншоотро мехаред, баъд байни ҳам тақсим мекунед. Ин як қиссаи дароз аст. То он рӯз зинда намемонед."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Тоҷпромбонк"-ро мебанданд, амонати муштариён чӣ мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Баъзе аз муштариён даъво доштанд, ки мудирияти махсуси пешина фаъолияти хуб надошт ва аз ин рӯ натавонист, пасандозҳои мардумро сари вақт баргардонад.

Бо дарназардошти ин нукта, раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ва Додгоҳи иқтисодии Душанбе соле пеш Фирӯз Шарифовро мудири махсуси "Тоҷпромбонк" таъйин карданд. Ба гуфтаи ӯ, соли 2017 дар “Тоҷпромбонк” 175 миллион сомонӣ амонати мардум буд, ҳоло 39 миллион сомонӣ мондааст.

"Дороиҳои ташкилот то ҳол ҳастанд. Новобаста ба мушкилоти ҷойдошта мудирияти махсус кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки пасандози шахсони воқеиро дар навбати аввал қонеъ намояд", -- гуфт Фирӯз Шарифов, мудири махсуси “Тоҷпромбонк”.

"Фононбонк"...

Замони аввали барҳамдиҳии бонки муфлисшудаи “Тоҷпромбонк” моҳи марти имсол ба поён расида буд. Пас аз муроҷиат ва шикояти муштариён ин муҳлат то 30-юми сентябри имсол дароз карда шуд.

Ҳоло маълум нест, ки ин сана дароз карда мешавад ё не. Аммо ҳуқуқдонҳои тоҷик мегӯянд, бар пояи қонунҳои ҷории кишвар, то замоне ки охирин муштарии бонк пасандозашро нагирад, муассисаи молӣ барҳам дода намешавад.

Дар чаҳор соли охир дар Тоҷикистон чаҳор бонкро муфлис эълон карданд. Соли 2017 “Тоҷпромбонк”-у “Фононбонк” аз ҳаққи фаъолият маҳрум шуданд. Ба иттилои расмӣ, “Фононбонк” пурра барҳам хӯрдааст. Бонки миллии Тоҷикистон 21-уми майи имсол иҷозатномаи фаъолияти “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”, ду бонки дар гузашта низомсозро низ бозхонд кард.

XS
SM
MD
LG