Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамшед Зиёев, раиси собиқи "Тоҷпромбонк" 8,5 сол зиндонӣ шуд. Тақдири амонати мардум чӣ мешавад? ВИДЕО


Ҷамшед Зиёев, раиси пешини "Тоҷпромбонк"

Ҷамшед Зиёев, раиси собиқи "Тоҷпромбонк", ки қаблан муфлис эълон шуда, садҳо муштарияш наметавонанд пасандозҳои худро бигиранд, ба 8,5 сол зиндон маҳкум шудааст. Ӯро соли 2018 дастгир карда буданд.

Муҳокимаи Ҷамшед Зиёев дар Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аввали моҳи декабри имсол сурат гирифтааст, аммо масъулони додгоҳ аз ифшои ҷузъиёт худдорӣ мекунанд.

Ҳисси ман ин аст, ки баъд аз ҳабси Зиёев мегӯянд, ӯ ҷазояшро гирифт, тамом. Мо борҳо гуфтем, аз боздошт кардани Зиёев ягон фоида нест. Мехостем ӯ пули моро баргардонад.
Солеҳамо Самадова

Хабаргузории "Азия-Плюс" 18-уми декабр навишт, Зиёевро бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноӣ муҳокима кардаанд. Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ӯ ба "қаллобӣ", "азонихудкунӣ ва исрофкорӣ", "таҳияи ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ" ва "суистифода аз мансаб" муттаҳам аст.

Бо сабаби он ки ҷузъиёти мурофиа ва ҳукми додгоҳ ошкор нашудааст, маълум нест, Ҷамшед Зиёев ба иттиҳомҳо чӣ вокуниш кардааст. Ҳамчунин, наздикон ва вакили мудофеаш дар бораи ҷараёни тафтиши парванда ва мурофиаи ӯ чизе нагуфтанд.

Ҳоло бо ҳабс шудани Ҷамшед Зиёев муштариён нигаронанд, ки тақдири амонатҳои онҳо чӣ мешавад. Чун онҳо мегӯянд, ҳабсу зиндонӣ кардани Зиёев роҳи ҳал нест ва мақомот бояд пеш аз ҳама ба бозгардондани амонати мардум талош кунанд.

Солеҳамо Самадова, раиси Шӯрои амонатдорони "Тоҷпромбонк", 18-уми декабр гуфт, "ҳисси ман ин аст, ки баъд аз ҳабси Зиёев мегӯянд, ӯ ҷазояшро гирифт, тамом. Мо борҳо гуфтем, ки аз боздошт кардани Зиёев ягон фоида нест. Мо мехостем, аз наздик бо Зиёев суҳбат кунем ва ӯ пули моро баргардонад".

Собиқ раиси бонки муфлисшудаи"Тоҷпромбонк" аз озодӣ маҳрум шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Дар ҳамин ҳол, Фирӯз Шарипов, ки масъули тақсими амвол ва дороиҳои "Тоҷпромбонк" таъин шудааст, гуфт, айни замон беш аз 30 миллион сомонӣ амонати мардум дар бонк мондааст, ки бояд баргардонида шавад. Аммо ӯ дар бораи он ки бонк чӣ қадар амвол дорад, маълумот надод.

Баъзе аз муштариён мегӯянд, маъмурияти пешинаи бонк аксари амволро фурӯхтаанд ва зоҳиран чизе барои баргардондани амонати мардум намондааст. Қаблан баъзе аз амонатгузорон аз он шикоят доштанд, ки ба онҳо дар ивази пул манзил ё амволи дигар пешниҳод мешавад, ки нархаш аз қимати бозор чандин баробар гарон аст ва онро қабул карда наметавонанд.

Мушкили бозпас гардондани пули амонатгузорон дар соли 2016 доғ шуд. Дар он замон "Тоҷпромбонк"-у "Фононбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк" бо мушкил дучор шуданд. Ҳукумати Тоҷикистон барои наҷоти "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" сармоягузорӣ кард.

Дар оғоз қарор буд "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" низ зери ҳимояти давлат қарор бигиранд. Барои наҷоти онҳо 530 миллион сомонӣ пешбинӣ мешуд, аммо ин ду бонк таҳти ҳимояти давлат қарор нагирифтанд.

Рӯзи 24-уми феврали соли 2017 Бонки Миллӣ ғайримунтазира эълон кард, ки муҷаввизи "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк"-ро бозхонд карда, фаъолияти онҳоро қатъ мекунад.

Ҳоким Холиқзода, раиси нави Бонки Миллии Тоҷикистон, моҳи ноябри имсол гуфт, "Фононбонк" то охири моҳи феврал пурра баста мешавад ва амонатгузорон маблағҳои худро мегиранд. Вале дар мавриди он ки сарнавишти "Тоҷпромбонк" ва амонати муштариёнаш чӣ хоҳад шуд, шарҳи дақиқе нест.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG