Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Тоҷикистон омодааст, "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро барҳам диҳад? ВИДЕО


Бинои асосии "Агроинвестбонк" дар Душанбе

Бонки Миллии Тоҷикистон дар посух ба тавсияи Сандуқи Байналмилалии Пул гуфт, то замоне ки "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" маблағи амонатгузоронро пардохт накунанд, дар мавриди барҳамдиҳии онҳо тасмим гирифта намешавад.

Се рӯз пеш Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) ба Тоҷикистон машварат дод, ки ду бонки азими дучори мушкил - "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк"-ро барҳам диҳад. Дар изҳороти расмии созмон аз 14-уми сентябр ин бонкҳо "низомсоз, аммо пардохтнопазир" ном бурда шуданд. Аз аввали имсол бори дувум аст, ки Сандуқи Байналмилалии Пул ба Тоҷикистон чунин тавсия медиҳад.

Дар дафтари матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 17-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "то вақте уҳдадориҳояшонро дар назди пасандозгузорон анҷом надиҳанд, дар мавриди барҳамдиҳии онҳо (манзур ду бонк) ягон тасмиме нест."

Маъмурияти ду бонк нахостанд, ба Радиои Озодӣ дар робита ба ин тавсияи Сандуқи Байналмилалии Пул изҳори назар кунанд.

Қурбонназар Восеев, корманди идораи марказии "Тоҷиксодиротбонк", дар посух ба дарости Радиои Озодӣ гуфт, пас аз машварат бо роҳбарият мавқеи бонкро дар робита ба ин масъала рӯшан мекунад, вале баъдан дастнорас шуд.

Масъулони "Агроинвестбонк" ҳам дар ин робита изҳори назар накарданд.

БАТР ТАРАФДОРИ ТАҶДИДИ СОХТОРӢ АСТ

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, ки яке аз муассисон ва саҳомони "Агроинвестбонк" аст, дар гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, на ҷонибдори барҳамдиҳии "Агроинвестбонк", балки таҷдили сохтории он аст.

Антон Усов, масъули идораи робита бо ҷомеаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "БАТР ҷонибдори як нақшаи шаффофи бозсозии сохторӣ (реструктуризатсия)-и "Агроинвестбонк" аст, ки ҳам барои ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам барои қарздиҳандагону саҳомони "Агроинвестбонк" манфиат дорад".

Маъмурияти “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” то кунун барои дарёфти сармоягузори хориҷӣ барои наҷоти бонкҳо талош варзидаанд.

Дар бораи эҳтимоли сармоягузорӣ аз ҷониби сармоядорони Чин ва Арабистони Саудӣ хабарҳо нашр шуд, аммо ҳеч яке аз ин музокирот то ба бастани шартнома, яъне сармоягузории воқеӣ ба ин бонкҳо нарасид. Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарии моҳи июли имсол ин вазъиятро ба пандемияи коронавирус рабт дод.

"ГОВЕ, КИ ШИР НАМЕДИҲАД, БОЯД КУШТА ШАВАД?"

Илҳом Шарифӣ, иқтисоддони тоҷик ва коршинос дар умури бонкӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, тавсияи Сандуқи Байналмилалии Пул ҷиҳати барҳам додани "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" дар шароити Тоҷикистон ба фоидаи рушди соҳаи бонкӣ нест.

"Ин тавсияи СБП як дастури шаблонӣ аст. Маҷозан гӯем, онҳо ба ин назаранд, ки гове, ки шир намедиҳад, бояд кушта шавад. Аммо онҳо махсусиятҳои шароити Тоҷикистонро ба инобат нагирифтаанд", -- афзуд коршинос.

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, воқеан ҳам мувофиқи таҷрибаи роиҷ дар ҷаҳон, бонкҳое, ки дучори мушкил шуданд ва даромад намеоранд, барҳам дода мешаванд. Дар кишварҳои пешрафта ҷараёни муфлисшавӣ мушкил нест: амволи бонк фурӯхта мешавад ва амонатгузорон маблағашонро мегиранд.

"Аммо дар Тоҷикистон ин кор хеле мушкил ва вақтгир аст. Бозор маҳдуд аст, амволи бонк харидор намеёбад. Дар натиҷа ҷараёни муфлисшавӣ моҳҳо дароз мекашад ва амонатгузорон наметавонанд пулҳои худро ба даст оранд", -- иброз дошт Илҳом Шарифӣ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Сандуқ машварат дод, бонкҳои зиёновар баста шаванд. Пули амонатгузорон чӣ мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи таҳлилгари тоҷик, ҳоло аксарияти саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" дар дасти давлат аст ва дар сурати бозхонд кардани муҷаввизи фаъолият ва барҳамдиҳии онҳо уҳдадориҳо боз ба дӯши ҳукумат меафтад. Вай шарҳ дод: "Айни замон буҷаи кишвар барои чунин харҷҳо пул надорад, бе ин ҳам каср ва ё камомади пули буҷа афзун шуд. Аз ин рӯ, ба пиндори ман, беҳтар аст дар чунин шароит "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" чун як мисоли зиндае барои бонкҳои дигар монанд."

ТАҶРИБАИ "ТОҶПРОМБОНК" ЧИРО НИШОН ДОД?

Ишораи коршинос дар мавриди тӯл кашидани ҷараёни барҳамдиҳии бонкҳо ба таҷрибаи "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" аст, ки панҷ сол боз идома дорад. Муштариён дар ин муддат боз пасандози худро рӯёнида наметавонанд.

Тавре Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллӣ моҳи июл дар нишасте дар Душанбе изҳор дошт, мушкил дар он аст, ки амвол ва ё биноҳои мутааллиқ ба ду бонк бо нархи воқеӣ ба фурӯш намераванд. Амонатгузорон ба ҷойи пул бино гирифтан намехоҳанд, чун иддао доранд, ки нархи он дар муқоиса ба қимати бозор гаронтар аст. Ҳамин гуна як мушкили сарбаста ба вуҷуд омадааст.

"Тоҷиксодиротбонк" ва “Агроинвестбонк” аз соли 2015 инҷониб дучори буҳрон шуда, дар бозгардони пасандози амонатгузорон оҷиз монданд. Охири соли 2016 ҳукумат ба ин бонкҳо зиёда аз 3,3 миллиард сомонӣ ёрии молиявӣ кард, вале ин миқдор маблағ ду бонкро аз вазъияти буҳронӣ наҷот надод.

Омори қарзи бонкҳо ҳар рӯз дар ҳоли таҳаввул аст, аммо мувофиқи омори охир танҳо "Агроинвестбонк" аз муштариён 750 миллион сомонӣ қарздор мебошад. Даҳҳо муштарӣ аз ин ду бонк инак панҷ сол боз амонатҳои худро бозпас гирифта наметавонанд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG