Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Покистон. Эъломияҳои ҳамсон ва хостҳои гуногун дар нишасти СҲШ. ВИДЕО


Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой. Шаҳри Душанбе, 17-уми сентябри 2021

Нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро дар Душанбе бархе як комёбии он ва пирӯзии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меноманд. Вале бархеи дигар онро бенатиҷа ва нокомии мавзеъгирии Тоҷикистон дар баробари воқеияти нави Афғонистон мешуморанд. Саввумиҳо бар инанд, ки арзиши аслии ҳамоиши Душанберо вақт нишон хоҳад дод.

Таҳлилгарон мавзеъгирии ҳар кишвари узви СҲШ-ро баррасӣ намуда, дастбандиҳоеро зикр мекунанд.

Русия, Чин, Покистон ва Узбекистон хостори гуфтугӯ бо “Толибон”-анд, аммо Тоҷикистон ва Ҳинд зидди ҳама гуна тамос бо онҳо.

Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон, шаҳри Душанбе, 17-уми сентябри 2021
Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон, шаҳри Душанбе, 17-уми сентябри 2021

Эрон, ки танҳо акнун раванди узвиятро оғоз кардааст, мавзеъгирии духӯра дорад, ҳарчанд гоҳе ҳам шадидан зидди “Толибон” садо баланд кардааст. Чунин мавзеъгирӣ ба аъзои дигар низ нисбат дода мешавад, вале Тоҷикистон ва Покистон баёнгари ду қутби муқобил ба назар расидаанд.

Аз ин ҷост, ки гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон таваҷҷуҳи расонаҳоро ба худ кашид. Сарвазири Покистон пас аз бозгашт ба Исломобод гуфт, паёми раҳбари Тоҷикистонро ба “Толибон” расондааст.

"Дар фикри манфиати иқтисодӣ ҳастанд"

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва узви кумитаи корҳои байналмиллалии Маҷлиси намояндагон, мегӯяд, мавзеъгирии Покистон ҳатман бояд сабаби иттифоқи назари аъзои созмон шуда бошад.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

"Ҳамон сиёсати дугонагӣ ва духӯрагие, ки Покистон имрӯз дар Осиёи Марказӣ дорад, албатта, ин мавзуъ дар мадди назари Русия, Эрон ва дигар давлатҳо ҳаст ва фикр мекунам дар ин ҷо матраҳ шудааст,” – гуфт Усмонзода ба Радиои Озодӣ.

Вале ба гуфтаи сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов, кишварҳои узви СҲШ аз оғози таъсиси ин созмон дар баробари рӯйдодҳои Афғонистон мавзеъгирӣ ва бархурди яксон надоштанд.

“Тоҷикистон аз оғоз мухолифи ҳар гуна муколама бо “Толибон” буд, аммо Узбекистон дар ниҳоят розӣ шуд, ки бо “Толибон” музокирот барпо кунад. Қирғизистон низ баъди ба қудрат расидани Содир Ҷабборов (Содир Жапаров) хостори муколама бо Толибон шуд. Мавзеъгирии Қазоқистон ва Русия то ҳол номуайян боқӣ мемонад”, -- гуфт Парвиз Муллоҷонов.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Тамосу гуфтугӯ бо “Толибон” аз ҷониби баъзе аз кишварҳои узв дар ҳоли ҳозир ягона роҳи ҳифзи амнияти минтақаӣ дониста мешавад, вале бархи дигар мехоҳанд, ин равандро барои нигаҳдорӣ ва густариши барномаҳои иқтисодии худ дар Афғонистон истифода баранд. Барои намуна, Чин, Покистон, Узбекистон ва Туркманистон дар Афғонистон манфиатҳои зиёди иқтисодӣ доранд.

"Тоҷикистон азият мекашад." Чаро?

Набӣ Юсуфов, муассиси сомонаи таҳлилии “Nuqta.tj”, мегӯяд, бар пояи ҳамаи ин Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой натавонист, дар баробари мушкилоту таҳдидҳои бархоста аз тағйири вазъ дар Афғонистон тасмими ягона гирад.

Набӣ Юсуфов
Набӣ Юсуфов

"Ин монанд ба масали “вақте миёни дӯстон тафоҳум нест”-и Крилов мебошад. Байни кишварҳои узви ин созмон тафоҳум дида намешавад. Кишварҳои туркзабон дар мавзӯи Афғонистон ба кадом як даромади молӣ таваҷҷӯҳ доранд. Ба идомаи фаъолиятҳои тиҷоратӣ алоқаманд ҳастанд ва мехоҳанд, имконияти худро аз даст надиҳанд. Чин ҳам чунин мавқеъ дорад. Маълум шуд, ки дар масъалаи Афғонистон бештар аз ҳама Тоҷикистон азият мекашад. Тоҷикистон бештар аз дигар кишварҳо аз ҷанги Афғонистон зарар дидааст," -- гуфт Набӣ Юсуфов.

Вай афзуд, нишасти Душанбе метавонист, барои боло бурдани нуфузи СҲШ дар ҷаҳон ва мусоидат дар ҳалли қазияи Афғонистон хидмати бузургтаре кунад.

Яке аз шарҳнависони сомонаи Радиои Озодӣ менависад, таҳлилҳо дар бораи ҳамоиши сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе барои он ноқисанд, ки ҳамаи маълумот аз ин ҷаласаҳо расонаӣ нашудааст.

Зоҳиран, ин шахс ҳақбаҷониб аст, зеро пас аз чанд рӯзи нишаст ошкор шуд, ки “Толибон” ба сарони СҲШ номаи расмӣ фиристода, дар он тақозо кардаанд, ки намояндагони ҳукумати пешинаи Афғонистон ба ин ҳамоиш роҳ дода нашаванд. Гуфта мешавад, ин аввалин номаи расмии байнулмилалии сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии “Толибон” Амирхон Муттақӣ будааст, ки ба Душанбе фиристода шуда, ҳадафаш пешгирӣ аз иштироки Амруллоҳ Солеҳ, ноиб-президенти барканоршудаи Афғонистон дар ҳамоиши СҲШ аст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Нишасти СҲШ ба ҷонибдорон ва мухолифони гуфтугӯ бо "Толибон" чӣ дод?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Намояндагони СҲШ дар бораи масъалаҳои мавриди баррасӣ ва қабули эъломияҳо интихобӣ суҳбат карданд, вале ба рӯзноманигорон имкони суолу ҷавоб надоданд, биноан, ҷузъиёти ҷаласаҳо пинҳон монда, маълумоти беруномада барои таҳлилгарон кофӣ нест, натиҷаҳои воқеии ҳамоиши Душанберо шарҳ диҳанд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG