Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Толибон. Нигоҳҳо ба изҳороти Эмомалӣ Раҳмон аз чанд зовия


Афғонистон, Кобул. 11-уми сентябри соли 2021
Афғонистон, Кобул. 11-уми сентябри соли 2021

Тоҷикистон бо мавзеъгирии хоси худ дар баробари ҳаводиси Афғонистон дар сафи пеши кишварҳое қарор гирифт, ки ошкоро гуфтаанд, ҳукумати Толибонро эътироф нахоҳад кард. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон чунин эътирофро бо риояи ҳуқуқи ақаллиятҳои қавмии Афғонистон ва пеш аз ҳама тоҷикон бастагӣ дод.

Ин дар ҳолест, ки ҳампаймонҳои асосии Тоҷикистон - Русия ва Чин, ҳатто ҳамсояи наздикаш Узбекистон нисбати “Толибон” лаҳни нармтаре дошта, хостори робитаи нек бо ин гурӯҳанд, ки 15-уми август назорати Кобулро ба даст гирифт ва ҳашт рӯз баъдаш ҳайати ҳукумати худро эълом дошт.

Ин ҳукумат сирфан “толибонӣ” аст ва ду узви он дар феҳристи байнулмилалии террористҳо номбар мешаванд. Дар идомаи паёми аввалаш Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми сентябр сукути ҷомеаи ҷаҳониро танқид кард ва ҳушдор дод, ки Афғонистон метавонад ба “лонаи терроризм” табдил ёбад.

“Толибон” дар вокунишҳои худ аз президенти Тоҷикистон хостанд, ба умури дарунии Афғонистон дахолат накунад. Сарони ҷабҳаи зиддитолиб дар Панҷшер аз изҳороти Раҳмон истиқбол карданд. Дар ин байн дар мавзеъгирии Русия ва Қазоқистон низ як тағйири андаке рӯнамо шуд.

Мавзеъгирии Эмомалӣ Раҳмон ғолибан вокунишҳои мусбат ба бор овард. Вале ин андешаҳо низ садо медиҳанд, ки он бештар барои масрафи дохилии Тоҷикистон ва тақвияти қудрати худи ӯ дар пасманзари нигаронияш аз вазъи амниятии минтақа аст.

Толибон ҳукумат ронда наметавонанд

Узви порлумони Тоҷикистон, генерал Ҷӯрахон Маҷидзода мегӯяд, ҳадафи президент исботи нақши ӯ ҳамчун пешво ва ҳомии ҳуқуқи тоҷикони ҷаҳон аст. Ва инчунин ҳушдор аз буҳроне, ки мумкин аст, ҷаҳонро таҳдид кунад.

“Аз оғоз дида мешавад, ки онҳо [Толибон] ҳукумати дуруст карда наметавонанд. Ноаён аст, ки ояндаи Афғонистон чӣ мешавад. Ҳақиқат ин аст, ки ҳуқуқи тоҷикон ҳоло поймол мешавад”-, гуфт Маҷидзода.

Эдвард Лемон, коршиноси умури Тоҷикистон дар як таҳлилаш менависад, дар ҳоле ки ҳукумати Тоҷикистон дари худро ба рӯйи паноҳандагони афғонистонӣ бастааст, шиорҳояш на “ғамхории самимӣ ба вазъи хешовандони қавмӣ дар он сӯи сарҳад” аст, балки барои“парешон кардани диққати аҳолӣ аз буҳрони иқтисодии кишвар, ки пандемия ба бор овард”.

Таҳлилгар ҳамчунин таҳдид ба манфиатҳои Тоҷикистон аз иқтисоди пинҳони байни ду кишвар ва қочоқи маводи мухаддирро ба воситаи марзи муштарак сабабҳои мавзеъгирии Душанбе меномад.

Вале Нуралишоҳ Назаров, генерали бознишастаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон таҳдиди амниятиро дар ҷойи аввал мегузорад. Вай мегӯяд, “Толибон дар мушкили дохилии худ гирифторанд ва ҳоло хатаре ба мо надоранд. Агар вазъро пурра зери назорат бигиранд, фикр мекунам, ба Тоҷикистон ва Осиёи Миёна дахолат мекунанд. Аморат, ки эълон карданд, маълум аст, ки он марз нахоҳад шинохт ва ба даъвоҳои худашон ба ҳимояи дигар мусулмонон амал мекунанд. Ваъдаҳои онҳоро бовар кардан мушкил аст. Ҳар рӯз худашон ва ваъдаашон тағйир мебад,”-- гуфт Назаров.

Ба ақидаи ин ҳамсуҳбати мо, тақозои президент Раҳмон ба ҷойгоҳи шоиста доштани тоҷикон дар ҳукумати ояндаи Афғонистон низ ба он хотир аст, ки тоҷикони ин ҳукумат садде дар баробари ҳар ҳаракати тахрибкорона аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон шаванд.

Як тухми шубҳаро инчунин амалкарди “Толибон” ангехтааст. Онҳо назорати панҷ ноҳияи Бадахшони Афғонистонро ба гурӯҳи Ансоруллоҳ супурданд, ки аз ифротиёни тоҷикистонӣ таркиб ёфтааст.

Бархе аз коршиносон эҳтимоли таҳдидро рад намекунанд, вале баёнияҳои Раҳмонро як мавқеи мувофиқашуда бо Русия ва талоши суистифода аз вазъ медонанд.

Хайрулло Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ду кишвари зери назари Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон мавқеи мухолифи ҳам гирифтаанд, ки зоҳиран бо Русия мувофиқа шуда аст. Русия ҳанӯз мавқеашро ба таври ошкоро равшан накардааст, вале дар оянда бо назардошти манфиатҳо аз мавқеи яке аз ду шарикаш ҷонибдорӣ хоҳад кард. Ҳамзамон, ба гуфтаи ин коршинос, азбаски Панҷшер барои ҳамаи тоҷикон мавзуи ҳассос аст, изҳороти Раҳмон эътибори ӯро дар миёни аксари мардум боло бурд. Зеро ба қавли ӯ, мавзуи тоҷикони Афғонистон аз камтарин мавзуҳоест, ки аксарият бо Эмомалӣ Раҳмон ҳамназаранд.

“Раҳмон бе мувофиқа бо Русия аз пеши худ наметавонист чунин изҳорот диҳад. Ҳоло, ки Амрико аз минтақа рафтааст, Русия намехоҳад, ки назорати ин кишварро пурра ба Покистон диҳад. Ин ба фоидаи Эмомалӣ Раҳмон низ буд, аз ин фурсат ҳам мавқеи худро гуфт ва ҳам бо истифода аз фурсат дили мардумро бештар ба худ гарм кард”-, гуфт Мирсаидов.

Шинохти дуруст аз Толибон

Ба гуфтаи коршиноси тоҷик, Тоҷикистон ба танҳоӣ имкони пуштибонӣ аз тоҷикони Афғонистонро надорад. Танҳо дар сурати ҳамкорӣ бо Эрон ва Русия имкон дорад, ки чизе дар ин кишвар ба суди Тоҷикистон тағйир кунад.

Аммо Азиз Бориз, дипломати собиқи Афғонистон, ки дар Тоҷикистон кор кардааст, мегӯяд, садо баланд кардани Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ ва ба фоидаи тоҷикони он сӯи Омуст. Ӯ гуфт, маҳз пас аз мавқегирии Тоҷикистон мушоҳида шуд, ки бархе аз кишварҳои дигар низ назарашонро як андоза дар баробари Толибон тағйир доданд.

“Ин як ҳимояи бедареғ аст. Мо мебинем, ки баъди изҳороти президенти Тоҷикистон кишварҳои дигар дар мавқеашон таҷдиди назар мекунанд. Мо бар ин боварем, ки ба наздикӣ дигар кишварҳо низ бо Тоҷикистон ҳамназар хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, коре ки Эмомалӣ Раҳмон кард, барои шинохти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон хуб буд. Ҳоло мардум худашон ба по хестаанд, чун Толибонро қабул надоранд. Инҳо бе муқовимати ҷиддӣ Афғонистонро бар муомила гирифтанд, ки ҳоло дар баробари муқовимати мардумӣ аз по меафтанд”-, гуфт Бориз.

Ин дипломати собиқи муқими Бритониё, ки ҳоло дар Тоҷикистон қарор дорад, гуфт: “Ман дар ҷаласаи Эмомалӣ Раҳмон иштирок доштам ва бо мақомот суҳбат кардам. Мақомот иттилои кофӣ доранд, ки чӣ қадар неруҳои Ал-Қоида ва Ансоруллоҳ дар марзи Тоҷикистон ҳузур доранд. Ин хатарро хеле хуб дарк кардаанд”-, гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 10-ум сентябр Русия ба Тоҷикистон 12 зиреҳпӯши нав ва такмилёфтаи дидбонӣ туҳфа кард, то марзи баёни Тоҷикистон ва Афғонистон таҳким дода шавад. Ҳамроҳ бо ин мошинҳо ба нерӯҳои марзбони Тоҷикистон инчунин қисмҳои эҳтиётӣ, аслиҳаи ҷанги рӯбарӯ ва воситаҳои ҳимояти радиатсинӣ, кимиёӣ ва биологӣ дода шуд. Афзоиши кӯмакҳои ҳарбӣ ба Тоҷикистон ва изҳороти ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев, ки ба нақл аз гузориши хадамоти ҷосусӣ гуфт, ҷангҷӯёни ДОИШ ва пайравони онҳо дар шимоли Афғонистон, дар сарҳади давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷамъ оварда шудаанд, гумонҳоеро дар бораи ҳамлаи эҳтимолӣ ба Тоҷикистон халқ кардаанд.

Ҳоло дар марзи беш аз 1400-километрии Афғонистон бо Тоҷикистон Толибон ҷойгир шудаанд. Ин ҳолат воҳима ангехтааст, вале сокинони деҳоти наздимарзӣ мегӯянд, аз замони омадани онҳо дигар садои тирпарониро дар он тарафи марз намешунаванд. Ин паёми ояндаи ором аст ё нооромиҳои бузург, вақт нишон хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG