Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрон Хон гуфт, эътирози Раҳмонро ба "Толибон" расонд. Дар Тоҷикистон чӣ интизориҳо доранд?


Имрон Хон, сарвазири Покистон дар нишасти СҲШ дар Душанбе ширкат кард.
Имрон Хон, сарвазири Покистон дар нишасти СҲШ дар Душанбе ширкат кард.

Имрон Хон, сарвазири Покистон гуфтааст, пас аз суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон, барои ташкили як давлати фарогир ё ҳамашумул дар Афғонистон бо "Толибон" гуфтугӯро оғоз кардааст.

Сарвазири Покистон рӯзи 17-уми сентябр бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар Душанбе мулоқот дошт. Дафтари матбуоти президени Тоҷикистон хабар дод, ки ду ҷониб дар мавриди ба роҳ мондани музокироти “Толибон ва тоҷикон” дар Душанбе ба мувофиқа расидаанд.

"Бо Толибон суҳбат кардам"

Имрон Хон рӯзи 18-уми сентябр дар Твиттер навишт, ин мавзуъро бо "Толибон " дар миён гузоштааст. Ӯ гуфтааст, “пас аз мулоқот бо раҳбарони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, бахусус пас аз муҳокимаи тӯлонӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо "Толибон" суҳбати ташкили як ҳукумати фарогиреро дар Афғонистон оғоз кардам, ки дар он тоҷикон, ҳазораҳо ва узбекон саҳм дошта бошанд”.

Як рӯз пеш дар Душанбе дар нишасти матбуотии муштарак Имрон Хон ва Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки барои сари музокира нишондани Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон ба мувофиқа расидаанд.

Интизориҳо чист?

Созиши роҳбарони Тоҷикистону Покистон дар бораи ташкили гуфтугӯи намояндагони Толибон ва тоҷикони Афғонистон дар Душанбе, аз сӯи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ истиқбол ёфт. Бархе онро муваффақияти Эмомалӣ Раҳмон барои ҳимояи ҳуқуқи тоҷикони он сӯи Ому гуфтанд, вале гуруҳи дигар мегӯянд, “ҳанӯз табли шодӣ задан барвақт аст.” Дар ҳар сурат коршиносон мегӯянд, агар ин музокирот баргузор шавад, мавзӯи аввали он бояд беҳтар кардани вазъи зиндагии мардум дар Панҷшер бошад, ки ҳоло шароити бисёр сахт доранд.

Эмомалӣ Раҳмон низ дар суҳбаташ бо нахуствазири Покистон аз вазъ дар дараи панҷшер нигаронӣ кард ва гуфт, ки “мо бо ифоқа расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузарондани гуфтушунидҳои байни Толибон ва тоҷикон мусоидат хоҳем кард.”

Дар пасманзари бидуни натиҷаи муҳим анҷом шудани нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой барои Афғонистон, хабари гуфтугӯи Толибон ва тоҷикони Афғонистон муҳим хонда шуд. Чун дар нишасти сарони СҲШ, ки рӯзи 17-уми сентябр дар Душанбе баргузор шуд, роҳбарони кишварҳои муҳим дар минтақа бар сари масъалаи Афғонистон мавқеи гуногун доштанд ва ба як хулосаи аниқ нарасиданд.

Тақозои кумак ба Панҷшер

Коршиносони тоҷик мегӯянд, мавзӯи аввали музокирот бояд боз кардани роҳи кӯмакҳои башардӯстона ба дараи Панҷшер бошад.

Илҳом Назриев, рӯзноманигори тоҷик, ки мавзӯи Афғонистонро солҳост пайгирӣ дорад, мегӯяд, дар шароити феълӣ умедвории зиёд нест, ки бо гуфтушуниди Душанбе ҳама масъалаҳои мавриди назар ҳал мешаванд. Вале ба гуфтаи Назриев, бо ҳар роҳе бояд куштори мардуми бегуноҳ дар Панҷшер қатъ ва дастрасии аҳолӣ ба кӯмакҳои башардӯстона фароҳам шавад.

“Сухан дар бораи ҳаёти мардум рафта истодааст. Аз он хабарҳое, ки меояд, куштору қатли мардум ва фишор аст. Бояд як коре кард,”--мегӯяд Назриев.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, баргузор кардани гуфтушуниди намояндагони Толибон ва тоҷикони Афғонистон дар Душанбе кори осон нест. Толибон дарин бора ҳанӯз чизе нагуфтаанд. Коршиносони тоҷик ба он умед мебанданд, ки Покистон бо истифода аз нуфузи худ тавонад Толибонро барои гуфтугӯ бо намояндагони тоҷикони Афғонистон розӣ кунад. Ҳарчанд ба гуфтаи коршиносон, ин кор барои Имрон Хон осон ба назар намерасад.

“Ҳарфи асосиро дар Покистон на нахуствазир, балки низомиён мезананд. Ба ин хотир ҳоло маълум нест, ки оё Имрон Хон метавонад низомиёнро розӣ кунонад, ки ба Толибон фишор оранд ва онҳоро барои гуфтугӯ мутақоид кунанд,”-гуфт як коршиноси тоҷик, ки нахост номаш зикр шавад.

Толибон ҳукумати худро бо дигарон тақсим мекунанд?

Толибон рӯзи 15-уми август шаҳри Кобулро гирифтанд ва ба ҷуз аз дараи Панҷшер боқии хоки Афғонистон дар ихтиёри онҳо буд. Намояндагони ин гуруҳ дар оғоз эълон карданд, ки мехоҳанд масъалаи Панҷшерро, ки асосан минтақаи тоҷикнишин аст, аз тариқи гуфтугӯ ҳал кунанд. Вале баъдан Толибон эълон карданд, ки музокирот бо Ҷабҳаи муқовимат бо роҳбарии Аҳмад Масъуд ноком шуд ва Панҷшерро аз тариқи зӯр тасарруф хоҳанд кард. Неруҳои Толибон бо намояндагони Ҷабҳаи муқовимат дар охири моҳи август ҷанги сахте доштанд ва рӯзи 6-уми сентябр аз тасарруфи пурраи Панҷшер хабар доданд. Вале намояндагони Ҷабҳаи муқовимат инро нодуруст хонда мегӯянд, неруҳои онҳо ҳанӯз ҳам қисмате аз хоки Панҷшерро зери даст доранд. Дар ҳафтаҳои ахир нигарониҳо аз бадтар шудани вазъ дар Панҷшер зиёд шудааст. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми сентябр дар ҳузури роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой гуфт, Панҷшер дар муҳосира аст ва гуруҳи Толибон дастрасии ёриҳои башардӯстонаро ба онҷо қатъ кардаанд. Ин ҳарфи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар дидораш бо раиси ҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ ҳам садо дод. Вале Толибон фишор болои мардуми Панҷшерро рад кардаанд.

Таҳлилгари тоҷик Қосими Бегмуҳаммад мегӯяд, музокироти Толибон ва намояндагони тоҷикони Афғонистон дар Душанбе метавонад барои таъмини суботу амният дар Афғонистон ва “ҳифзи манфиатҳои тоҷикон кӯмак намояд.” Вале ин таҳлилгар аз эҳтимол дур медонад, ки Толибон дар шароити феълӣ ҳозир бошанд, ҳукумати худро бо дигарон тақсим кунанд.

“Бояд талошҳои лозим анҷом шаванд, ки бо истифода аз зарфиятҳои дохилии Афғонистон, Толибон дар ин музокирот бо қудрат ворид шаванд ва натиҷаҳои мавриди назар, ки таъмини сулҳу субот дар Афғонистон аст, ба даст ояд. Бояд талош шавад, ки манфиатҳои тамоми ақвоми Афғонистон ба ҳадар наравад,”-мегӯяд Қосими Бегмуҳаммад.

Душанбе дар ҳафтаи равон мизбони се нишасти муҳими минтақавӣ буд, ки дар онҳо вазъи Афғонистон баҳсу баррасӣ шуд. Нишастҳое, ки мавқеи кишварҳои минтақа ба ду гуруҳ тақсим мешуд. Кишварҳое ба монанди Узбекистон ва Русия ба зарурати гуфтугӯ бо Толибон таъкид мекарданд. Вале Тоҷикистон ва Ҳиндустон мухолифи ин амр баромад карданд ва гуфтанд, Толибон бояд аввал ба ваъдаҳои худ амал кунанд.

XS
SM
MD
LG