Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъуд: Ҷабҳаи муқовимат ҳеч гоҳ аз "Толибон" мансабу курсӣ нахостааст. ВИДЕО


Аҳмад Валӣ Масъуд
Аз замоне ки нерӯҳои “Толибон” гуфтанд, вилояти Панҷшерро гирифтанд, ду ҳафта гузашт. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд инро намепазирад ва мегӯяд, гӯшаҳои вилоят ҳанӯз дар ихтиёри онҳост ва мубориза идома дорад. Дар Панҷшер чӣ мегузарад? Ҳамкори мо Акрами Абдуқаҳҳор аз телевизиони “Настояшее Время” посухи ин ва суолҳои дигарро аз Аҳмад Валӣ Масъуд, масъули бахши сиёсии Ҷабҳаи муқовимат, пурсид.

НВ: Чаро ба ҷуз аз Муҳаммадсолеҳ Регистонӣ касе аз Ҷабҳаи муқовимат бо “Толибон” паёмҳои видеоӣ нашр намекунад? Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳа, зинда аст, дар куҷост?

Аҳмад Валӣ Масъуд: “Бале, зинда аст, ҷояш маҳфуз аст. Иншоаллоҳ, ба зудӣ паёмҳояш мунташир мешаванд.”

НВ: Дар Афғонистон аст ё ба берун рафтааст?

Аҳмад Валӣ Масъуд: “Ба хотири масоили амниятӣ ҷояшро гуфта наметавонем."

НВ: Пештар дар бораи ғайриимкон будани забти Панҷшер мегуфтанд. Сабаби дар як муддати кӯтоҳ аз даст додани гӯшаҳои ин вилоят дар ҷанг бо “Толибон” чист?

Аҳмад Валӣ Масъуд: “Бубинед, қувваҳо аз тақрибан 33 вилояти Афғонистон, ҳамчунин, гуруҳҳои террористии хориҷӣ дар муқобили Панҷшер ҷамъ шуданд. Онҳо як миқдор силоҳу муҳиммот оварданд. Пас аз як ҳафта - даҳ рӯз тавонистанд, ки хатти Ҷабҳаро шикананд, вале Панҷшерро мукаммал гирифта натавонистанд. Ҳоло муқовимат вуҷуд дорад. Аксар минтақаҳои Панҷшер дар дасти муқовиматгарон аст.”

Нерӯҳои "Толибон" дар Бозораки Панҷшер
Нерӯҳои "Толибон" дар Бозораки Панҷшер

НВ: “Толибон” рӯзҳои охир аз ёфтану мусодира кардани захираҳои зиёди силоҳ, ғизо ва сӯзишвории вобаста ба Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер мегӯянд. Бо назардошти дар муҳосира будани вилоят мубориза то чӣ ҳад дарозмуддат хоҳад буд?

Аҳмад Валӣ Масъуд: “Агар Ҷабҳа имконоти зиёд медошт, муқовимат бештар идома пайдо мекард. Пас, он гуфтаҳои “Толибон”, ки захираи муҳиммотро гирифтаанд, гапи ғалат аст. Масъалаи дувум. Ҳоло ҷанги партизанӣ ё чирикӣ оғоз шудааст. Муқовиматгарони Панҷшер ҳамлаҳои худро оғоз карданд. Ин ҳамлаҳо дар гӯшаҳои дигари Афғонистон низ ба зудӣ оғоз меёбанд. Мардум моҳияти “Толибон”-ро шинохт, ки дарвоқеъ на ба ватану ислом ва на ба инсон эътиқод надорад. Мардум ангеза гирифтанд, ки дар муқобили “Толибон” муқовиматро оғоз кунанд.”

НВ: Чаро ин кор зуд шуруъ нашуд?

Аҳмад Валӣ Масъуд: “Ба хотири артише, ки 300 ҳазор аскар дошт. Мардум бовар доштанд, артиши ҳукумати Ашраф Ғанӣ метавонад, мубориза кунад. Ҳеч кас ба ин фикр набуд, ки ҳама чиз зуд аз ҳам мепошад. Аз ин рӯ, ҳеч кас дар фикри муқовимат набуд. Пас аз он ки артиш фурӯ пошид, муқовимати миллӣ шуруъ шуд."

НВ: Оё Абдурашид Дӯстум, Карим Халилӣ, Муҳаммад Муҳаққиқ, Атомуҳаммади Нур ва сарони дигари Ҷабҳаи муқовимати аввал бо Шумо дар тамос ҳастанд?

Аҳмад Валӣ Масъуд: “Тамомашон бо раҳбарияти Ҷабҳа дар тамос ҳастанд. Ба зудӣ мебинед, ки як муқовимати ҳамашумул дар Афғонистон шакл хоҳад гирифт.”

Вилояти Панҷшер
Вилояти Панҷшер

НВ: Рост аст, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ 25 дарсади мансабҳоро дар ҳукумати “Толибон” хостааст?

Аҳмад Валӣ Масъуд: “На, хайр, Ҷабҳаи муқовимат ҳеч вақт мансаб, пойгоҳ ва курсиро тақозо накардааст. Муқовимати миллӣ ҳамеша аз интихоботу демократия, ҳаққи мардум, озодии матбуот ва масоили дигар гуфтааст. Ҳеч вақт масъалаи курсӣ дар миён набуд. “Толибон” фикр мекунад, бо ташкили аморат муваффақ шудааст ва аз дигарон мехоҳад, як-ду курсиро бигиранду шарик шаванд. Муқовимати миллӣ масъалаи кулли Афғонистон, масъалаи маргу зиндагии кишвар аст.”

НВ: Пас аз мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Покистон дар бораи эҳтимоли гуфтугӯйи нави “Толибон” ва қавмҳои дигари Афғонистон, бахусус тоҷикҳо мегӯянд. Исломобод то куҷо метавонад, “Толибон”-ро ба тақсими қудрат водор кунад?

Аҳмад Валӣ Масъуд: “Покистон то ба ҳол натавонистааст, ба он чӣ қавл дода буд, амал кунад. Мутаассифона, дар ташкили ҳукумати фарогир низ ҳеч кор карда натавонист. Ҳоло бо раҳбарияти Тоҷикистон як ваъдаи ҷиддӣ кардааст. Зуд аст, ки аз ҳоло қазоват кунем. Дар рӯзҳои оянда мебинем, ки чӣ иттифоқ меуфтад.”

Навори пурраи суҳбатро дар инҷо бинед:

Масъуд гуфт, мубориза дар Панҷшер поён наёфтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:11:17 0:00

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG