Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти шаҳри Кӯлоб кӯлчаву ҳалвои ба муносибати арӯсӣ омодашуда дар хонаи сокини ҷамоати Даҳана Зайдулло Худоёровро мусодира карда, ба як бемористони рӯҳӣ ҳадя намуданд. Онҳо гуфтанд, ки таҳияву тақдими ширинӣ дар маросими омодагиҳо ба арӯсӣ хилоф бо муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим аст.​

Қонуни танзимро матбуоту мардум яке аз баҳсбарангезтарин қонунҳои даҳ соли охир меноманд ва мегӯянд, дар амри коҳиши харҷу хароҷот ва назорат аз танзими маъракаҳои мардум, мақомот гоҳо айши соҳибмаъракаро талх мекунанд. Бисёриҳо ин қонунро хилоф бо озодиҳои шаҳрвандӣ унвон мекунанд.

Ҳалвои хонаи арӯс ба беморон дода шуд

Холмурод Иброҳимов, як масъули бахши дин, танзими ҷашну маросимҳои ҷамоати деҳоти Даҳана рӯзи 20-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ҷилавгирӣ шудани як қонуншиканӣ гузориш дод. Иброҳимов гуфт, ки хонаводаи Зайдулло Худоёров рӯзи 26-августи имсол дар вақти тӯйи арусии духтарашон, аз рӯи расми қадима барои тақдим ба хонаи домод кӯлчаву ҳалво омода карданд.

Вақте ходимони танзим ба хонаи онҳо омаданд, ин ҳодиса ҳамчун хилоф бо меъёри қонуни танзим арзёбӣ шуд ва таоми таҳияшуда мусодира ва ба беморхонаи рӯҳии шаҳри Кӯлоб интиқол ёфт. Иброҳимов гуфт, ҳарчанд нисбат ба хонаводаи арӯс санад тартиб дода шуд, ба хотири дар марҳилаи пеш аз вайрон шудани қонун содир шудани он, ин хонаводаро ҷарима набасатнд.

Холмурод Иброҳимов.
Холмурод Иброҳимов.

"Замони тафтиш ошкор шуд, ки онҳо аз қафои арӯс ҳалвою кӯлча ва мисли ин шириниҳоро, ки як чизи зиёдатӣ ба ҳисоб меравад, омода кардаанд. Мо онҳоро гирифта, ба беморхонаи рӯҳӣ супоридем. Азбаски ин хонавода дар соати ҷудошуда ин корро анҷом дод, фақат огоҳ кардем, ки минбаъд дар маъракаҳояшон даст ба чунин кор назананд. Худашон як зиндагии фақирона доранд", - гуфт Иброҳимов.

Ҳодисаи манъи бурдани кӯлчаву ҳалво ба хонаи домод ду рӯз баъди он рух дод, ки президент пас аз тасвиби порлумон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон"-ро имзо кард.

"Гуфтам, бурдани ҳалво манъ аст, гӯш накарданд"

Зайдулло Худоёров, сокини деҳаи Лавоваи ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 20-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи ҳалвопазӣ ба бонувони хонааш гуфт, ба зиёдаравӣ даст назананд, аммо онҳо ҳалвобариро як расм пиндошта ба ин кор даст заданд. Худоёров гуфт, “хуб шуд”, ки дар он замон кормандони мақомот омада пеши роҳи ин исрофро гирифтанд.

Ӯ мегӯяд, ки ҳоло баъди тӯйи ӯ ҳама занҳо огоҳ шуданд, ки дигар аз қафои арӯс бурдани ҳалвову чизҳои зиёдатӣ, манъ аст. Дар суннати арӯсии мардуми Кӯлоб, тақдими ҳалвои ширин ба хонаи домод баъди арӯсии духтар расм буд.

Зайдулло Худоёров
Зайдулло Худоёров

"Ба занакҳо гуфтам, ки корҳои зиёдатӣ накунанд, аммо онҳо анъана гуфта карданд, ки дар ҳамон замон кормандони танзим омада гуфтанд, ки ин чизи зиёдатӣ аст ва инро бояд накунед. Мо низ ба онҳо машварат кардем, ки ин чизҳоро бояд чӣ кор кунем ва онҳо гуфтанд, ки ба беморхонаи рӯҳӣ бурда медиҳем. Ман розӣ шудам ва ду баробар онро зиёд кардам, то савоб гирам. Ҳоло ин ҳодиса ибрат шуд ва дар маросимҳои дигари арӯсӣ аз ин корҳо даст кашиданд”, гуфт Зайдулло Худоёров.

Танзим дар деҳоти Даҳана

Баъди қабул шудани қонуни танзим ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки тӯйҳои худро дар мудати се соат ба анҷом расонад. Масъулини ҷамоати Даҳана мегӯяд, ки дар қонун дарҷ шудааст, ки дар сурати ду хӯрок таҳия кардани тӯйдор, шумори меҳмон набояд аз 150 нафар ва дар сурати як навъ хӯрок омода шуданд, 200 нафар иштирок мекунанд.

Холмурод Иброҳимов, аз бахши дин, танзими ҷашну маросимҳои ҷамоати деҳоти Даҳана гуфт, ки хонаводаи Зайдулло Худоёров як зиндагии фақирона дорад ва ҷое кор намекунад, аз ин рӯ онҳо огоҳӣ доданд, ки дигар дар маъракаҳояш ба иштибоҳ роҳ надиҳад, ки дар он сурат ҷарима хоҳад шуд.

Қонунгузории Тоҷикистон барои нақзи меъёрҳои қонуни танзим муҷозоти маъмуриро пешбинӣ мекунад. Аммо бархе коршиносон мегӯяд, ки бурдани ҳалво ва кулча як расми аҷдодӣ буда, бояд пеши роҳи он гирифта нашавад. Ба гуфтаи коршиносон, бурдани кулчаву ширинӣ ба хонаи арӯс дар чаҳочубӣ қонун сурат мегирад, то расму оини ниёгон нигоҳ дошта шавад.

Масъулони ҷамоати Даҳана мегӯянд, баъди нав шудани қонуни танзим дар охири август дар ин минтақа се қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, нисбати яке аз маъракадорҳо додгоҳ 4000 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ кард. Ду парвандаи дигар дар баррасии додгоҳ қарор дорад. Ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб 30 ҳазор аҳолӣ дорад.

Ташаббускори қабули қонун дар соли 2007 президент Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, ҳадафи таҳриру ислоҳ дар маросимҳои суннатӣ ҷилавгирӣ аз хароҷоти барзиёд, сабуктар кардани бори хонаводаҳои фақиру ниёзманд ва кам кардани шумори маъракаҳо мебошад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Вобаста

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG