Пайвандҳои дастрасӣ

Дар додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баррасии парвандаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Тоҷикистон зидди Сайфиддин Назарзода, собиқ раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷараён дорад. Қазияи Назарзода, ки баъди баргузории тӯи арӯсии писараш ба додгоҳ рафт, яке аз аввалин ҳолатҳои ба додгоҳ кашида шудани як мансабдори давлатӣ барои нақзи қонуни танзим мебошад.

Сайфиддин Назарзода рӯзи 15 август, як ҳафта баъди пахши барномаи телевизионӣ, ки ӯро дар нақзи қонун муттаҳам мекард, аз мақомаш

Дар додгоҳ Сайфиддин Назарзода мустақилона талош дорад аз ҳаққаш ҳимоя кунад. Аз рӯи иттило дарёфтӣ, Назарзода дар ин муҳокимаҳо вакили дифоъ надорад.

барканор шуд. Худи Назарзода бо иттиҳомот розӣ нест ва иддаои муфаттишонро бепоя меномад. Бархе аз коршиносон мегӯянд, қазияи Назарзода бештар ба “интихобӣ будани” муҷозоти мансабдорон аз рӯи қонуни баҳсбарангези танзими расму русум шабоҳат дорад, ки дар мисоли як мақомдори сатҳи поини давлатӣ мехоҳанд намоиш диҳанд, ки мақомоти нақзкунандаи қонунро ҳам ба ҷавобгарӣ мекашанд.

“Назарзода талош дорад бегуноҳиашро собит кунад”

Дар бораи нақз шудани Қонуни танзим дар туйи писари Сайфиддин Назарзода, он замон директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон шоми 8 август дар як гузориши телевизионӣ, ки аз сӯи Агентии зидди фасод таҳия шуда буд, хабар пахш гардид. Дар ин гузориш гуфта мешуд, ки Сайфиддин Назарзода дар оши наҳори туйи писараш аз меъёр зиёд одам даъват кардааст. Баъди як ҳафтаи пахши ин гузориш Назарзода аз мақоми раисиаш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барканор шуд.

Аммо Сайфиддин Назарзода аз оғоз иттиҳоми Агентии зидди фасод дар бораи вайрон кардани қонуни танзимро қабул накард ва талош дорад дар додгоҳ бегуноҳ будани худро собит кунад.

Дар назар буд, ки мурофиаи навбатӣ рӯзи 28 август баргузор шавад, аммо додраси парванда Хуршед Исозода баррасии онро ба рӯзи дигар вогузошт. Дар додгоҳ Сайфиддин Назарзода мустақилона талош дорад аз ҳаққаш ҳимоя кунад. Аз рӯи иттило дарёфтӣ, Назарзода дар ин муҳокимаҳо вакили дифоъ надорад. Наздикони Назарзода гуфтанд, ки ӯ танҳо бо Агентии зидди фасод дар додгоҳ баҳс дорад ва ҳеҷ гуна баҳсе бо Телевизиони «Тоҷикистон» дар байн нест.

Сайфиддин Назарзода рӯзи 28 август дар додгоҳ буд ва дархости хабарнигоронро барои шарҳи мақеаш «то поёни мурофиа» ба таъхир надохт. Вай танҳо гуфт, ки бо анҷоми парванда қазияро ба матбуот шарҳ хоҳад дод. Аммо 9 август баъди як рӯзи пахши гузориши телевизонӣ дар бораи Сайфиддин Назарзода ва тӯйи писараш ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳеҷ гуна қонуншиканӣ накардааст. Назарзода аз худ ҳамчун «як мубаллиғи Қонуни танзим ном бурда» гуфта буд, ки «чӣ гуна қонунро нақз мекунад, дар ҳоле доимо ба иҷроиши он даъват мекард?».

Сайфиддин Назарзода гуфт, ки наворҳои сабтшуда маъракаи оши наҳори хонаи арӯс буд: “Туйи оши наҳор буд ва аз тарафи арӯс гузаронда шуд. Мо аз тарафи кумитаи танзим протоколи ҳуқуқвайрокунӣ дастрас накардаем ва худамон ҳам аз ин гузориши телевизионӣ ҳайрон шудем». Собиқ директори Китобхонаи миллӣ мегӯяд, дар оши наҳори писараш 150-170 нафар одам омада буд ва сабтҳо низ ҳаминро нишон медиҳад.

“Аз аввалин қурбониҳо...”

Сайфиддин Назарзода аз аввалин мансабдороне мебошад, ки аз сӯи Агентии зидди фасод барои нақзи қонуни танзим муттаҳам карда мешавад. Соли равон салоҳиятҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия васеъ шуданд ва ин ниҳод акнун ҳақ дорад, фаъолияти мансабдоронро назорат кунад. Қаблан тамоми баҳсҳои вобаста ба нақзи Қонуни танзимро Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо баррасӣ мекард. Аммо ин аввалин бор аст, ки Агентии зидди фасод, ки самти асосии фаъолияташ мубориза бо корупсия мебошад, як мансабдори давлатиро барои нақзи қонуни танзим ба ҷавобгарӣ мекашад. Агар додгоҳ Назарзодаро гунаҳгор эълон кунад, аз рӯи қонуни навшудаи танзими расму оинҳо ба ӯ то 25 ҳазор сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббускори қонуни танзим аст, гуфт, дар 10 соли гузашта ин қонун 18 миллиард сомонӣ маблағи мардумро сарфа кард
Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббускори қонуни танзим аст, гуфт, дар 10 соли гузашта ин қонун 18 миллиард сомонӣ маблағи мардумро сарфа кард

Назорат аз болои иҷроиши Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо баъд аз вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо фаъолони кишвар дар моҳи июли соли равон шадидтар шуд. Эмомалӣ Раҳмон аз қабули қонун дар 10 соли пеш изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, ки ин қонун тавонист дар ин муддат 18 миллиард сомонӣ маблағҳои сокинонро сарфа кунад. Як моҳ баъди ин бо ташаббуси президент бархе меъёрҳои қонун шадидтар ва аз ҷумла, масъулият ва ҷавобгарии мақомот аз рӯи ин қонун – то барканорӣ аз мақом - сангинтар шуд.

Вале қонуни танзимро бо ин ҳама баҳсбарангез унвон мекунанд, чунки дар баробари танзими харҷу хароҷоти маъракаҳо ва шумори меҳмонон, назорат аз иҷрои он ҳам барои бисёриҳо дардисар овард. Комиссиюни махсуси назорати иҷрои қонун ба ҳар маърака расида, иҷрои меъёрҳои онро назорат мекунад ва дар сурати нақзи он, маъракадор муҷозот мешавад. Муҷозоти ин қонун маъмурӣ, вале аз назари мизони ҷаримааш хеле сангин шудааст.

Баъди норизоияти бархе шаҳрвандон дар матбуот, ки ин қонун ҳам бештар сокинони оддиро ҳадаф қарор медиҳад, нозирон аз паи бархе мансабдорон шуданд, вале боз ҳам то ҳол ҳеҷ як мансабдори бонуфуз ё баландпоя мавриди ҳадаф қарор нагирифтааст.

Ҳоло маълум нест, ки баҳси додгоҳии Сайфиддин Назарзода бо Агентии зидди фасод то кай давом мекунад ва натиҷааш чӣ мешавад. Аммо дар сурате, ки Назарзода бегуноҳиашро исбот карда натавонад, ӯро ҷарима интизор аст. Наздикони Назарзода мегӯянд, ӯ то охир талош мекунад, ки бегуноҳиашро исбот кунад. Масъулини Агентии зидди фасод нахостанд қазияро шарҳ диҳанд. Онҳо гуфтанд, ки ҳама чиз дар додгоҳ ҳал хоҳад шуд.

“Муҷозотҳои интихобӣ”

Бархе аз коршиносон мегӯянд, муҷозот интихобӣ буда, бештар ба мансабдорони сатҳи поён рабт мегирад ва афроди бонуфуз, мансабдорони ниҳодҳои муҳим ва гурӯҳҳои наздик ба ҳукумат аз муҷозот маоф мешаванд. Ҳамон гуна, ки қонуни мубориза бо бисёрзанӣ баъзе мансабдорони сатҳи поён, тоҷирону соҳибкоронро то ба додгоҳ бурд, вале ба зинаҳои ҳукумат ва порлумон таъсир нагузошт. Нозирони умур мегӯянд, ҳамонгуна ки ба шасти қонуни зиддифасод моҳиҳои бузург намеафтанд, шасти қонуни танзим низ аз моҳиҳои бузург бенасиб хоҳад буд.

Моҳи май раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як суханрониаш дар вилояти Хатлон гуфта буд, барои риоя накардани қонуни масъулияти волидон ва танзими анъана чанд мансабдори тоҷик ва хидматчиёни давлатӣ аз мақомҳояшон барканор шудаанд, аммо аз нафари мушаххас ном нагирифт.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми май дар ноҳияи Данғара гуфт, ҳарчанд ин қонунҳо, “ба хотири ҳимоят аз манфиатҳои мардум... қабул шудаанд, лекин ҳоло ҳам зиёдаравӣ, исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву намоишкорӣ, хусусан, аз ҷониби баъзе мансабдорон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва соҳибкорон ба назар мерасад.”

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG