Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 млрд сомонӣ ва якуним млн чорво – ҳосили даҳсолаи танзим. ВИДЕО,САДО


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки Қонуни танзими маросимҳои миллӣ дар тӯли даҳ сол 18 миллиард сомонии мардумро сарфа кард ва якуним миллион чорворо аз забҳ шудан раҳонид. Ин нукта рӯзи 14-уми июн дар як нишасти вижаи натиҷагирӣ аз қонуни танзим зикр шуд. Аммо мақомот мегӯянд, ки қонун ҳанӯз суфта нест ва ба коркарди бештар ниёз дорад.

Якуним миллион чорвое, ки забҳ нашуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:43 0:00
Линки мустақим

Маҳкам Маҳмудзода, раиси Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон рӯзи 14-уми июн дар як ҳамоиши бахшида ба 10-умин солгарди қабули Қонуни танзим гуфт, ки 10 сол пеш сатҳи камбизоатӣ дар кишвар 70 дарсад буд ва ҳоло ин рақам то 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Ӯ муътақид аст, ки яке аз сабабҳои пойинравии сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон, иҷрои муқаррароти қонуни танзим будааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки Қонуни танзими маросимҳои миллӣ дар тӯли даҳ сол 18 миллиард сомонии мардумро сарфа кард ва якуним миллион чорворо аз забҳ шудан раҳонид.

Қонуни танзими расму оин дар Тоҷикистон соли 2007 тасвиб шуд ва ҳадафи он, кам кардани хароҷоти тӯю сӯр ва маросими азодорӣ барои мардум гуфта мешавад. Қонуни танзим теъдоди меҳмонон дар арӯсиҳоро бо 150 нафар ва тӯли ин маросимро бо 3 соат маҳдуд мекунад. Мақомот мегӯянд, ки ин тадбир ба хотири ҷиливгирӣ аз харҷҳои беҳуда ва ба қарз ғӯтидани оилаҳои камбизоат, ки намехоҳанд аз ҳамсояҳои худ кам биёянд, пиёда мешавад. Тибқи ин қонун, зодрӯз бояд танҳо дар ҳалқаи хонавода таҷлил шавад.

"Қонуни танзимро ҳамсояҳо аз мо гирифтанд"

Раиси Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон аз ин қонун ситоиш кард ва гуфт, ки бисёр ҳамсояҳо аз он нусхабардорӣ карданд: "Мо мушаххас кардем, ки қонуни танзими ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон ба феҳрасти 100 қонуни нодири ҷаҳон шомил шуда, ҳоло бархе аз кишварҳои ҳамсоя назири Узбакистону Қазоқистон ва Қирғизистон бандҳои ҷудогонаи қонуни моро бо номи дигар дар кишварҳои худ мавриди иҷро гузоштаанд. Дар Афғонистон ҳоло мехоҳанд чунин як қонунеро ба тасвиб расонанд."

Ба гуфтаи Маҳкам Маҳмудзода, сокинони Тоҷикистон дар гузашта бисёр хурофотӣ буданд ва барои маросимҳои мазҳабиву суннатӣ аз қабили “ҷумъагӣ” ё домодталабон харҷи бисёр доштанд, гову гӯсфанд забҳ мекарданд ва ба будҷаи оилаҳои худ зарба мезанданд. Мақомот ҳисоб кардаанд, ки дар 10 соли охир дар пайи роҳандозии маҳдудиятҳо аз забҳи беш аз1,5 миллион чорво ҷилавгирӣ шуд. Тибқи омори дарёфтӣ, дар даҳ соли иҷрои ин қонун 3500 шаҳрванди Тоҷикистон ба риоя накарданаи муқаррароти ин санад, айбдор шудаанд.

Мухолифон ва мувофиқони қонуни танзим

Бисёриҳо ба ақидаи мақомот розӣ ҳастанд, ки қонуни танзим бори риояи суннатҳои серхарҷро сабук кард. Аммо норозиҳо низ кам нестанд, ки мегӯянд сарфу харҷ кори хусуси шарҳванд аст ва ҳукумат набояд ба умури зиндагии мардум дахолат кунад.

Онҳое, ки намехоҳанд қонунро риоя кунанд, барои худ роҳҳал пайдо кардаанд. Ба унвони мисол, як тоҷири тоҷик дар вилояти Суғд дар шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом, дар қаламрави Қирғизистон “тӯйхона” сохтааст ва бархе аз вилоят тӯйҳои пуршукуҳро дар ҳамин “Тӯҳхона” баргузор мекунанд ва ҷарима намесупоранд, чун қаламрави Қирғизистон аст. Гуфта мешавад, ки сарватмандони тоҷик маросими издивоҷи фарзандони худро дар кишварҳои хориҷӣ, назири Туркия ва Иморати Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мекунанд ва меҳмонҳои зиёдро зиёфат медиҳанд.

Қонуни танзим чиро танзим кард?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Солеҳ Ҷӯраев, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз тарафдорони Қонуни танзим аст. Ӯ мегӯяд дар панҷ соли ахир ду писараш бо харҷи 10 ҳазор доллар издивоҷ карданд, дар ҳоле, ки 10 сол преш танҳо барои анҷоми як маросими издивоҷ маҷбур мешуд ҳудуди 10 ҳазор доллар сарф кунад. Аммо баъд аз қабули ин қонун ва кам кардани теъдоди ширкаткунандаҳо дар маросими тӯй тавонистааст бо ин маблағ издивоҷи ду писарашро анҷом диҳад.

Чӣ гуна 18 млрд сомонӣ сарфа шуд?

Дар ҳамин ҳол Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон дар пайи як пажӯҳиш ва бар пояи омори ниҳодҳои расмӣ собит кардааст, ки дар 10 соли баъд аз тасвиби Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими баргузории ҷашну маросимҳо” дар кишвар ҳудуди 18 миллиард сомонии мардум, ки то замони қабули ин ҳуҷҷат дар тӯю маросимҳо харҷ мешуд, сарфа шудааст. Абдулло Раҳнамо, як масъули ин маркази пажӯҳишӣ 14 июн гуфт, ки чунин омор дар пайи ҳисобҳои оддии риёзӣ ҳосил шудааст.

Абдулло Раҳнамо
Абдулло Раҳнамо

Вай афзуд: "Вақте ба минтақаҳо сафар мекунем, аз мо мепурсанд, ки ин маблағ аз куҷо ҳосил шуда ва дар ниҳоят куҷо шудааст. Мо мефаҳмонем, ки то қабули ин қонун дар тӯю маракаҳо чӣ миқдор пул сарф шуда ва чӣ миқдор ҷонварон забт мешуданд. Баъд аз қабули ин қонуни воқеан миллӣ чунин хароҷот маҳдуд карда шуд ва ҳисобҳо собит карданд, ки ин миқдор пули худи мардум сарфа шуда, он дар ихтиёри сокинон барои ҳадафҳои дигар, аз ҷумла таҳсили фарзандон харҷ шудааст."

Ба унвони мисол ҷаноби Раҳнамо гуфт, ки то қабули Қонуни танзим дар соли 2007, танҳо 7 дарсади пулҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик, ки ҳаҷми умумиаш то 4 миллиард доллар мерасид, барои донишомӯзии фарзандон сарф мешуд. Баъд аз қабули ин қонун ин рақам то 22 дарсад афзоиш ёфтааст. Вале ҳамчунон 75 дарсади маблағҳои ирсолкардаи муҳоҷирони меҳнатӣ барои харидории ғизо ва либос сарф шуда, танҳо 1 дарсади ин маблағҳо барои соҳибкории хонаводагӣ пешбинӣ мешавад.

Абдулқодирзода: "Қонуни танзим ба такмил ниёз дорад"

Дар ҳамин ҳол бештаре аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ки ҳарчанд судоварии ин қонун дар зиндагии сокинон мушоҳида мешавад, аммо қонун наметавонад дар як шакли шахшуда бошад ва ба такмил ниёз дорад. Сайидмукаррам Абдулқодирзода, муфтӣ ё раиси Маркази исломии Тоҷикистон 14 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ иддаои бархе аз рӯҳониён дар бораи ба аҳкоми шариат мухолиф будани ин қонунро бепоя хонд ва гуфт, ки ин қонун ба такмил ниёз дорад: "Қонун наметавонад ба сурати абадӣ дар як шакл боқӣ бимонад. Мо суди онро мушоҳида мекунем, вале бар ин назарам, ки ҳатто ин қонун низ ба такмил ниёз дорад."

Саидмукаррам Абдулқодирзода.
Саидмукаррам Абдулқодирзода.

Зимнан, Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки бояд “шароити талоқ ё аз ҳам ҷудошавии зану шавҳар дар ин қонун ислоҳ карда шавад”. Вай афзуд, ҳолатҳое ҳастанд, ки мардум нахуст ҷарима барои даъвати теъдоди бештари меҳмонон ба маросимҳоро пардохт карда, сипас қонуншиканӣ мекунанд. Манъи ин амал низ бояд дар қонуни феълӣ инъикос ёбад.

Вай аз тасимими бархе аз сарватмандон ва ширкатҳо барои баргузории маросими дастҷаъмонаи арӯсӣ ё хатнатӯй истиқбол карда, гуфт, ки дар чунин маврид қонунгузорӣ даъвати танҳо то 200 нафар меҳмононро иҷоза додааст. “Аммо буданд мавридҳое, ки як нафар хатнатӯйи хайриявии 40 кӯдакро баргузор мекунад. Дар ин ҳолат танҳо хешовандони наздики ин кӯдакҳо беш аз 200 нафар мешавад”.

Ахиран як соҳибназари тоҷик бо исми Мизроб Амирбеков дар номааш ба Радиои Озодӣ низ изҳор дошт, ки муқаррароти Қонуни танзим дар бораи баргузории ҳам “оши наҳор” ва ҳам базми арӯсӣ хароҷоти изофӣ аст ва бояд ин ду маросим дар як вақт ва бо ҳузури бештари меҳмонон анҷом дода шавад. Ин дар ҳолест, ки қонундонҳои тоҷик иддао мекунанд, ки тасвиби қонуни танзим дар Тоҷикистон оғози гурез аз хурофотпарастии мардум ва як консепсияи нави идораи афкори ҷамъият будааст.

XS
SM
MD
LG