Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле ки аз қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон даҳ сол гузашт, ҳанӯз баҳси ин масъала хотима наёфтааст, ки қонун дар сарфу харҷи сокинон чиро кам ва чиро зам кард.

Мардуми бой таҷлили рӯзи таваллудашонро ба тарабхонаҳо кӯчондаанд. Инро дида, мардуми камбағал ҳам талош доранд, ки чунин маърака баргузор кунанд, то аз дигарон ақиб намонанд

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, аз замони қабули ин қонун ба буҷаи хонаводаҳо беш аз чаҳор миллиард сомонӣ фоида расидааст. Онҳо ин қонунро барои танзими маъракаҳои мардум зарурӣ хонда ва як бахши муҳими мубориза бо камбизоатӣ ҳам медонанд. Аммо баъзе аз сокинон мегӯянд, ҳанӯз қонуни танзим ба маънои пуррааш иҷро намешавад.

Назари сокинон инҷост:

Як пурсиши сарироҳии хабарнигори Радиои Озодӣ низ маълум кард, ки баъзеҳо аз иҷрои ин қонун розӣ ва бархеи дигар норозӣ ҳастанд. Барои мисол, яке аз назардиҳандагон дар хиёбони марказии Душанбе рӯзи 10-уми июн гуфт, ин қонун тавонистааст, як андоза сарфу харҷи сокинонро барои баргузории маросими сӯру азо танзим кунад. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, “агар дар гузашта мардум барои маросими хурсандӣ ва азояшон қарздор мешуданд, ҳоло теъдоди чунин одамон кам шудааст. Қонун ба ҷайби мардум раҳм кард. Агар сокинон мувофиқи қонун рафтор кунанд, касе зарар намебинад.”

Нафари дигар аз ҳамсӯҳбатони мо бовар дорад, ки ин қонун дар маросими тӯю азо бой ва камбағалро баробар кардааст.

Вале бархе дигар мегӯянд, ин қонун ҳаст, вале амалан хуб кор намекунад. “Ҳанӯз ҳам баъзе афрод маъракаашонро бодабдаба мегузаронанд. Мардуми зиёдро даъват мекунанд, исрофкорӣ мекунанд. Вале раиси деҳаву ҷамоат ба он аҳамият намедиҳанд”, – гуфт ӯ.

Мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ дар Душанбе гуфт, қонуни танзим баъзе харҷҳоро кам кард, аммо анъанаҳои наверо сохт, ки боз ҳам ба ҷайби холии сокинони миёнҳол зарба мезанад. Ӯ гуфт, “барои мисол, мардуми бой таҷлили рӯзи таваллудашонро ба тарабхонаҳо кӯчонданд. Инро дида, мардуми камбағал ҳам талош доранд, ки чунин маърака баргузор кунанд, то ақиб намонанд.”

“Қонуни танзим барои танзими анъана ва ҷашну маросим шояд ягон бист фоиз ёрӣ карда бошад. Аз ин зиёд не”, - хулоса кард яке дигар аз назардиҳандагон дар пойтахт.

Ҳарчанд мақомот дар гузашта аз риоя нашудани қонуни танзим дар баъзе маросими хурсандӣ ва азо ва, инчунин, қабулу гусели пешвози ҳоҷиёни тоҷик хабар дода, чандин нафарро ҷарима бастанд, аммо аз миёни соҳибмансабони баландмақом то ҳол номи касе бо ҷурми вайрон кардани ин қонун гирифта нашудааст.

Пули ҷаримаро, албатта, месупоранд, лекин кӯшиш мекунанд, ки санад ба номи худашон набошад.

Дар моҳи майи имсол Эмомалӣ Раҳмон аз иҷро нашудани ин қонун аз тарафи мансабдорони кишвар ҷиддан нигаронӣ кард. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми як суханрониаш дар вилояти Хатлон гуфт, ба хотири риоя накардани қонуни танзим ва қонуни масъулияти падару модар чандин мансабдорро аз мақомҳояшон барканор кардааст, вале аз касе ном нагирифт.

Манобеи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон мегӯянд, мансабдорон аксар вақт талош мекунанд, ки санади вайрон кардани ин қонунро ба номи наздиконашон бинависанд. Як манбаъ гуфт, “вақте қонуншикании мансабдоронро муайян мекунем, “протокол”-ро ба номи арӯси хонавода ва ё ҷиянашон менависанд, то қонуншиканӣ ба номаи онҳо сабт нашавад. Пули ҷаримаро, албатта, месупоранд, лекин кӯшиш мекунанд, ки санад ба номи худашон набошад.”

Қонуни танзими расму оин дар Тоҷикистон соли 2007 тасвиб шуд. Ҳадафи ин қонун кам кардани хароҷоти тӯю сӯр ва маросими азодорӣ барои мардум гуфта мешавад. Қонуни танзим теъдоди меҳмонон дар арӯсиҳоро бо 150 нафар ва тӯли ин маросимро бо 3 соат маҳдуд мекунад.

Мақомот мегӯянд, ки ин тадбир ба хотири ҷиливгирӣ аз харҷҳои беҳуда ва ба қарз ғӯтидани оилаҳои камбизоат, ки намехоҳанд аз ҳамсояҳои худ кам биёянд, пиёда мешавад. Тибқи ин қонун, зодрӯз бояд танҳо дар ҳалқаи хонавода таҷлил шавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG