Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шукурҷон Зуҳуров: “Айб дар қонун не, дар мусалмонии мост” ВИДЕО, САДО


Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – гуфт, ки баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ аз қонуни танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ сӯистифода мекунанд. Ӯ рӯзи 5 апрел дар иҷлосияи порлумон гуфт, "нисбат ба як кас бисёр ҷиддӣ рафтор мекунанд, вале камбудҳои нафари дигарро намебинанд." Раиси порлумон дар ин замина мисоли мушаххас наовард ва танҳо гуфт, "камбуд дар қонун нест, камбуд дар мусалмонии мост".

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Шукурҷон Зуҳуров: “Айб дар қонун не, дар мусалмонии мост”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00

Аз миёни мансабдорони баландмақом то ҳол номи касе бо ҷурми вайрон кардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ гирифта нашудааст.

Қонун хуб иҷро мешавад?

Қонуни танзим дар даҳ соли мавҷудияташ яке аз қонунҳои баҳсбарангез дар Тоҷикистон аст. Ахиран ду вакили порлумон ба сабуктар шудани баъзе муқаррароти қонун даъват каданд, вале як бахши пешниҳодҳои онҳо пазируфта нашуд.

Тағйироте, ки Абдуҳалим Ғаффоров ва Миралӣ Достиев пешниҳод доштанд, марбут ба мӯҳлат ва соати баргузории ҷашну маросими мардумӣ дар фасли тобистон, инчунин, шумораи меҳмонони даъватӣ ба ин маросим буд. Аз ҷумла, пешниҳод шуда буд, ки ҷашнҳои мардумӣ бо рӯзҳои истироҳат маҳдуд нашуда, дар рӯзҳои корӣ аз 18 то 23-и шаб низ иҷозат дода шаванд.

Зуҳуров: Баъзе ниҳодҳо аз қонуни танзим сӯистифода мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00
Линки мустақим

​Аммо Абдуҳалим Ғаффоров гуфт, аз 54 пешниҳоди онҳо як бахшаш қабул нашудааст, ки бидуни додани таом баргузор кардани маросими мотамии 20 ва 40 рӯзи пас аз марг низ яке аз онҳост. Ғаффоров далели ин амрро ба "одат кардани мардум ба меъёрҳои феълии қонуни "Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" марбут хонд ва гуфт, ҳоло "ин қонун хуб иҷро мешавад ва ба мардум фоида меорад".

4 миллиард сомонӣ сарфа шудааст?

Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2007 қабул шуда, ба қавли мақомот, ҳадафаш ба танзим даровардан ва камхарҷ гузарондани маросими хурсандӣ ва мотами сокинон аст.

Тибқи иттилои манобеи расмӣ, дар ин муддат дар ҷашну маросими мардум беш аз 4 миллиард сомонӣ сарфа шудааст. Аммо коршиносон мегӯянд, новобаста ба назорати мақомот, миёни аҳолӣ маросими пурхарҷ ба назар мерасад ва анъанаҳои наве низ дар маросимҳои хурсандиву мотам роҳандозӣ шудааст.

Мансабдорон чаро ба заррабин намеафтанд?

Бисёре аз сокинон ба ин назаранд, ки бар асоси қонуни танзим танҳо афроди камбизоат ҷарима шуда, афроди доро ва тавоно аз зери заррабин дур мондаанд. Аз миёни соҳибмансабони баландмақом то ҳол номи касе бо ҷурми вайрон кардани ин қонун гирифта нашудааст, ҳарчанд дар бораи вайрон кардани ин Қонун аз ҷониби онҳо сӯҳбат зиёд аст. Аз чеҳраҳои шинохта дар ин миён танҳо Сурайё Қосимова ва чанд овозхони дигар ҷарима шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (15)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG