Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI: "Фазои дигарандешӣ дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст". ВИДЕО


Созмони Amnesty International ё Афви Байналмилал дар натиҷагирии вазъи ҳуқуқи башар дар соли гузашта гуфт, "фазои дигарандешии сулҳомез дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст". Ин созмон рӯзи 22 феврал гуфт, "вале мақомот таҳдидҳои амнияти миллӣ ва зарурати мубориза бо терроризмро дар маҳдудиятҳои бештари озодии баён тавҷеҳ карданд". Дар ҳоле ки арзёбиҳои созмони байналмилалӣ аз вазъи озодиҳои сиёсӣ дар ин кишвар интиқодӣ аст, мақомоти Тоҷикистон ин арзёбиҳоро "ғайривоқеӣ" донистанд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

AI: "Фазои дигарандешӣ дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

Дар пайи ошӯби генерал Назарзода дар Тоҷикистон на камтар аз 170 нафар муҷозот шуданд.

Гузориши нави созмони Афви Байналмилал, ки дар вебсайти ин ниҳод мунташир шудааст, вазъи ҳуқуқи башар ва озодии баёнро дар 159 кишвари ҷаҳон мавриди арзёбӣ қарор додааст. Дар бахши марбут ба Тоҷикистон тағйироти конститутсияи кишвар, ҳукми зиндони фаъолони ҲНИТ, шиканҷа, таъқиби адвокатҳо, вазъи озодии баён ва мушкили дастрасии мардум ба оби поки ошомиданӣ баррасӣ шудааст.

Ислоҳи Қонуни асосӣ

Ин гузориш таъкид мекунад, ки дар пайи тағйироти Қонуни асосии кишвар дар моҳи майи соли 2016, фаъолияти ҳизбҳои сиёсии хусусияти динӣ ва миллидошта манъ шуд, маҳдудият дар ширкати як номзад дар интихоботи президентӣ бардошта ва шароити дар сари қудрат як умр боқӣ мондани президент Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шуд. Барои таҳқири “Пешвои миллат” дар қонун муҷозот таъин гардид.

Моҳи майи соли гузашта Тоҷикистон ба баргузории ҳамапурсӣ, ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид кард.
Моҳи майи соли гузашта Тоҷикистон ба баргузории ҳамапурсӣ, ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид кард.

Бахши алоҳидаи ин гузориш ба қавли Афви Байналмилал, ба муҳокимаҳои пӯшида ва ноодилонаи додгоҳии аъзои ҲНИТ ихтисос ёфтааст, ки барои, ба қавли мақомот, ташкили ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Гузориш мегӯяд, “азбаски мақомот тамоми ҷараёнҳои иттилоотиро дар кишвар назорат мекунанд, фарзияи расмии ин рӯйдодҳо анҷом нашуд ва шубҳаву гумонҳоро дар заминаи таъқибҳои додгоҳии ин афрод бештар мекунад”.

Дар пайи ошӯби генерал

Дар пайи ошӯби генерал Назарзода дар Тоҷикистон на камтар аз 170 нафар муҷозот шуданд. Гузориш аз қавли Эътилофи зидди шиканҷа дар робита бо дасти кам 60 ҳодисаи шиканҷаи боздоштшудаҳо ҳам изҳори нигаронӣ кардааст. Дар гузориш ба таври ҷудогона ба вазъи матбуот дар соли 2016 муроҷиат шудааст.

Муаллифони гузориш мегӯянд, мақомот маҳдудиятҳои амалкунанда дар фаъолияти матбуотро шадидтар карда, дастрасӣ ба маълумоти мустақилро коҳиш доданд. Моҳи август қароре содир шуд, ки ба ҳукумат ҳаққи дар давоми панҷ соли оянда “танзим ва назорати” мӯҳтавои телевизион ва радиоҳои маҳаллиро тавассути Кумитаи телевизион ва

Дар пайи ҳодисаҳои сентябри соли 2015 фаъолияти матбуот маҳдуд шуд.
Дар пайи ҳодисаҳои сентябри соли 2015 фаъолияти матбуот маҳдуд шуд.

радио фароҳам меорад. Матбуоти мустақил ва журналистони алоҳида, ки ба пайгирии қазияи боздоштшудаҳои ҲНИТ ва пӯшиши масоили сиёсии мушкил даст мезаданд, аз ҷониби сохторҳои интизомӣ таҳдид ва фаъолияташон маҳдуд шуд.

Бархе аз онҳо маҷбур шуданд, кишварро тарк кунанд. Ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва сайти хабарии Tojnews, ки қазияи вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёровро пайгирӣ мекарданд, моҳи ноябр гуфтанд, “бо сабаби адами шароити зарурӣ барои кори як расонаи мустақил ва журналистикаи озод” баста мешаванд.

Омбудсмен: “AI ҳеҷ гоҳ баҳои хуб надодааст”

Дар вокуниш ба гузориши созмони байналмилалӣ, як намояндаи мақомоти Тоҷикистон ин арзёбиҳоро “ғайривоқеӣ” донист. Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ рӯзи 22 феврал гуфт, интиқоди ин созмонро комилан қабул надорад ва ҳуқуқи ҳама шаҳрвандон ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар кишвар риоят шудааст. “То ба ҳол дар гузоришҳои ин созмони байналмилалӣ ба

Зариф Ализода
Зариф Ализода

Тоҷикистон баҳои хубу воқеъбинона дода нашудааст”, - гуфт Ализода. Ӯ, инчунин, гуфт, ки давлати Тоҷикистон шароити заруриро барои озодии баён фароҳам карда ва фаъолияти бархе аз расонаҳои мустақил, назири нашрияи “Нигоҳ” ва торнамои “Tojnews” на ба далели сиёсӣ, балки иқтисодӣ қатъ шудааст.

Ӯ гуфт, “аъзои раёсати Ҳизби наҳзати исломӣ на ба далелҳои сиёсӣ, балки барои ҷиноятҳои мушаххас, ки дар додгоҳ исботи худро ёфтанд, маҳкум ба зиндон шуданд. Аз ҷумла, даст доштани онҳо дар исёни генерал Назарзода, ки боис ба марги 40 нафар шуд. Роҳпаймоиву гирдиҳамоии гурӯҳҳои ҷавонон бошад, ба сиёсат дахле надорад ва давлат онҳоро созмон надодааст. Вақте ин ҳодисаҳо аз берун тафсир мешавад, албатта, онҳо мақсадҳои сиёсии ғаразноки худро доранд. Ин чиз барои ҳама рӯшан аст”.

"Ба мухолифон роҳ нест"?

Дар гузориши созмони Афви Байналмилал эътирози мухолифон дар нишасти САҲА дар Лаҳистон (Полша) дар моҳи сентябр, тарки маҷлис кардани ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ва баъдан таҳти фишор қарор гирифтани хешовандони мухолифон дар Тоҷикистон ҳам интиқод шудааст.

Шокирҷон Ҳакимов.
Шокирҷон Ҳакимов.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, таъкиди Amnesty International дар мавриди таъқиби дигарандешон ва мухолифони давлатро дар кишвар воқеӣ хонд ва гуфт, раҳбарият ва аъзои ин ҳизби мухолиф дар дохили Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои усулӣ маҳрум мондаанд.

Ӯ гуфт, “фаъолон ва шахсиятҳои алоҳидаи мухолифони тоҷикро аз тамоми манбаъҳои даромад маҳрум кардаанд, ки ин террори психологӣ аст. Махсусан, раҳбар ва фаъолони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон новобаста аз унвонҳои илмӣ доштан, чанд забонҳои хориҷиро донистан имконияти пайдо кардани корро надоранд. Кӯшишҳо барои дарёфти кор дар муассисаҳои таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ натиҷа надода, раҳбарон дастури ғайрирасмӣ аз “боло”-ро сабаб нишон медиҳанд”.

Шиканҷа ва бадрафторӣ кам шудааст?

Ҳамзамон, Созмони Афви Байналмилал аз пешрафтҳо дар роҳи ҷилавгирӣ аз шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо дар Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ кардааст. Гуфта мешавад, дар моҳи майи соли гузашта санади ҳуқуқӣ барои ҷилавгирӣ аз шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо қабул шуда, дар муддати боздошти бидуни эълони

айбнома то 3 рӯз коҳиш ёфта ва ба боздоштшудаҳо имкони дидори маҳрамона бо вакили мудофеъ дода шудааст. Ҳамчунин, муоинаи ҳатмии боздоштшудаҳо қабл аз нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳ ё СИЗО ҷорӣ шудааст.

Аз сӯи дигар, тибқи гузориши Amnesty International, то ҳол дар Тоҷикистон усул ё механизми бозрасии мавридҳои шиканҷа ва бадрафторӣ вуҷуд надорад. Ҳанӯз Тоҷикистон Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи алайҳи шиканҷаро тасвиб накарда ва аз таъсиси механизми миллии пешгирӣ сарпечӣ кардааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша аз нишондодҳои вазъи ҳуқуқи башар ҳимоят карда ва мегӯянд, ки дар кишвар зиндониҳои сиёсӣ вуҷуд надоранд ва ҳукумат меъёрҳои қонун ва ҳам озодии шаҳрвандонро эҳтиром мекунад.

XS
SM
MD
LG