Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таълими "Конститутсия" ва қонуни танзим дар мактабҳо


Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон

Дар китоби "Асосҳои давлат ва ҳуқуқ" барои синфҳои 8, 9 ва 10-ум бобҳои алоҳида ворид мешаванд, ки дар онҳо Конститутсия ё Қонуни асосӣ омӯхта мешавад. Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, рӯзи 9 январ ҳангоми нишасти матбуотӣ гуфт, инчунин, бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби ин тағйирот ба хонандагони синфҳои 8, 9 ва 10 қонуни "Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" ва қонуни "Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" ба таври пурра омӯзонда мешавад. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон афзуд, дар назар аст, омӯзиши иловаҳо ба китоби "Асосҳои давлат ва ҳуқуқ" аз моҳи сентбри соли оянда оғоз шавад ва дар ҳоли ҳозир раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ Маҳкам Маҳмудзода ва директори Маркази миллии қонунгузории назди президент Маҳмад Раҳимзода онро омода мекунанд.

XS
SM
MD
LG