Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи "зарари маънавӣ" чанд сомонист - 1000, 10000 ё 100000?


Созмонҳои хабарнигорӣ мегӯянд, талаби ҷуброни зарари маънавӣ аз тарафи мақомдорон ва афроди алоҳида зиёд шуда, дар сурати ба ин шакл идома ёфтанаш, расонаҳоро варшикаста хоҳад кард

Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон аз мақомоти расмии кишвар хостанд, ҳаҷми ҷуброни "зарари маънавӣ"-ро мушаххас карда, ба қонун ворид намоянд. Хуршеди Атовуллоҳ -- раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон 25 апрел дар ҳамоише дар Душанбе гуфт, ҳоло ҳар кас ҷуброни зарари маънавии худро на аз рӯи зиёни дидааш, балки бо хости дилаш мушаххас карда, аз хабарнигорон барои нашри мақолаҳои танқидӣ пулҳои ҳангуфт талаб мекунад, ки охираш бо варшикастагии расонаҳо поён хоҳад ёфт.

Оқои Атовуллоҳ афзуд, бояд давлат дақиқ кунад, ки ҳаҷми зиёни маънавӣ чанд сомонист ва бигзор ин нишондиҳанда дар қонун дарҷ шавад. "Агар чунин нашавад, оқибати кор бо варшикастагӣ анҷом хоҳад ёфт. Пирӯзии зиёиён дар додгоҳи Олга Тутубалина дигаронро шердил кардааст, то ҳар қадар маблағе бихоҳанд, ба унвони ҷуброни зиёни маънавӣ ба забон оранд,"-илова кард ӯ.

Тайи солҳои охир чанде аз мақомдорон ва афроди алоҳида барои нашри мақолаҳои танқидӣ хабарнигорон ва нашрияҳоро ба додгоҳ кашида, аз онҳо ҷуброни зарари маънавӣ талаб кардаанд, ки ба ҳазорҳо сомонӣ баробар аст. Баъзе аз ин мурофиаҳо бо "якдигрфаҳмӣ" поён ёфта, аммо баъзеи дигар ҳанӯз ҷабри супоридани ин зиёнҳои маънавиро мекашанд.

Иноят Иноятов
Иноят Иноятов

Иноят Иноятов, вакили мудофеъ, ки дар бисёре аз баҳсҳои додгоҳии марбут ба ВАО иштирок дошт, мегӯяд, яке аз камбудҳои асосии қонуни матбуоти феълии Тоҷикистон дар он аст, ки масъалаи ҷуброни зарари маънавӣ ба танзим дароварда нашудааст. Ӯ гуфт, "дар моддаи 115−и Кодекси гражданӣ масъалаи ҷуброни зарарӣ маънавӣ вуҷуд дорад, аммо ин масъала дар он ҷо хеле умумӣ баён шудааст. Хуб мебуд, агар дар қонуни матбуот ин масъала инъикос ёфта зикр мешуд, мақсади талаби зарари маънавӣ бойшавӣ набуда, набояд барои касод шудани расона равона шавад."

Иноятов афзуд, аз ин ҷиҳат қонун таҳрирталаб аст дар он бояд усули чӣ миқдор талаб кардани зиёни маънавӣ низ бояд зикр шавад.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигороне, ки дар гузашта нафарони алоҳида аз болои онҳо ба додгоҳ шикоят оварда, талаби ҷуброни зарари маънавии ҳангуфт карда буданд, мегӯянд, додгоҳ дар баррасии ин гуна парвандаҳо мунсифона амал намекунад.

Назири Нусрат
Назири Нусрат

Назири Нусрат, муҳаррири ягона нашрияи ҳаррӯзаи Тоҷикистон - "Имрӯз−News", ки барои чопи як мақола Рустам Ҳукумов, писари Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ - собиқ раиси Идораи роҳи оҳани тоҷик ӯро ба додгоҳ кашида, талаби 50 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ карда буд, гуфт: "Вақте ҳукми додгоҳ баромад, мо дар он калимаву ибораҳое аз нутқи вакили дифои ҷониби даъвогарро пайдо кардем, ки аслан дар матлаби мо набуд. Масалан, дар ҳалномаи ҳамин қазияи Рустам Ҳукумов гуфта мешавад, гӯё мо дар матлабамон ибораҳои “ҷинояткори ашаддӣ” ва “бузакбозиро” истифода карда бошем. Ҳол он ки дар гузориш ин калимаҳо набуд, ин таъбирҳо танҳо дар баромади вакили дифоъ садо дода буданду бас."

Ҳоло шумори талабгорони ҷуброни зиёни маънавӣ аз расонаҳо тариқи додгоҳ ба маротиб афзудааст. Ба иддаои хабарнигорон, агар ин тамоюл ба ҳамин шева идома кунад, ҷуброни зиёни маънавӣ камари матбуот ва ҳамин гуна озодии баёнро дар кишвар хоҳад шикаст. Чунки, ба гуфтаи онҳо, пойгоҳи молиявии расанаҳои Тоҷикистон ниҳоят заиф аст ва ин гуна товондиҳӣ метавонад, идораи ВАО−ро касод кунад.

Ахиран Ҷумъахон Давлатов -- муовини раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон” низ алайҳи нашрияи "Вечерний Душанбе" ва рӯзноманигор Ҷамилаи Мақсуд (Ҳусейнова) ба Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шикоят бурда, 101,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддию маънавӣ талаб кардааст. Давлатов даъво дорад, дар матлаби Ҷамилаи Мақсуд, ки бо номи “Почему автобазы превращаются в «кладбища» автобусов?” дар “Вечерний Душанбе” ба чоп расид, мавриди таҳқир қарор гирифтааст.

Вай мегӯяд, баъди хондани ин матлаб вазъи саломаташ бад шуда, бемории қандаш авҷ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG