Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъдуллоев аз “Самак” ва раиси бозори “Ином” 150 000 хост


Муҳибулло Саъдуллоев, бародари Раҳматулло Саъдуллоев ҳангоми баҳсаш бо раиси бозори "Ином"
Муҳибулло Саъдуллоев, бародари Раҳматулло Саъдуллоев ҳангоми баҳсаш бо раиси бозори "Ином"

Раҳматулло Саъдуллоев -- додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз болои Бурҳон Абдуллоев, раҳбари боздоштшудаи бозори “Ином” ва, инчунин, нашрияи “Самак” шикоят карда, 150 000 сомонӣ ҷуброн хостааст.

Раҳматулло Саъдуллоев, додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз болои Бурҳон Абдуллоев, раиси боздоштшудаи бозори "Ином" ва нашрияи сиёсии "Самак" ба додгоҳ шикоят карда, дар маҷмӯъ, аз онҳо 150 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хостааст. Бар асоси даъвои ӯ, Бурҳон Абдуллоев бояд 100 ҳазор ва "Самак" 50 ҳазор сомонӣ пардохт кунанд.

Ин бародари дувуми ҳамсари раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст, ки бо Бурҳон Абдуллоев вориди баҳси додгоҳӣ шудааст. Қаблан, Муҳибулло Саъдуллоев бар сари тақсими бозори "Ином" дар Шаҳритус бо Абдуллоев баҳси тӯлонӣ дошт, ки баъд аз боздошти дувумӣ дар моҳи декабри соли 2014 "хомӯш" гардидааст.

Ҳоло баррасии даъвои Раҳматулло Саъдуллоев дар додгоҳи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон оғоз шудааст. Ин додарарӯси президенти Тоҷикистон дар шикояташ гуфтааст, гӯиё Абдуллоеву нашрияи "Самак" шаъну эътибори кории ӯро паст зада, зиёни маънавӣ расондаанд.

Ба қавли Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Бурҳон Абдуллоев, ҳарф дар бораи истифодаи як иқтибос аз суханони Раҳматулло Саъдуллоев дар суҳбати нафари таҳти ҳимояти ӯ ва матлаби нашрияи "Самак" мерафтааст. Дар ин иқтибос гӯиё Саъдуллоев дар як сӯҳбаташ гуфтааст, "дар Хатлон ман президентам".

Ёров мегӯяд, ин ҳарфҳо бофта ё дурӯғи маҳз набуда, балки ба қавли нафари таҳти ҳимояташ, ки аз моҳи декабри соли гузашта боз дар боздоштгоҳи Қӯрғонтеппа нигоҳдорӣ мешавад, ҳақиқат дорад.

Масъулони "Самак", яке аз нашрияҳои Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, низ мегӯянд, дар ҳақиқат баҳси онҳо бо Раҳматулло Саъдуллоев - бародари бузурги ҳамсари президент идома дорад. Ҷасур Абдуллоев -- сардабири “Самак”, рӯзи 18 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, "вақте Санавбар Абдуллоева, ҳамсари Бурҳон Абдуллоев ба зани президент дар бораи баҳси бозори “Ином” муроҷиат кард, доир ба ин масъала як матлаб ба нашр расид. Дар он ҷо Бурҳон Абдуллоев аз забони Раҳматулло Саъдуллоев гуфт, ки гӯиё вай президенти Хатлон асту Эмомалӣ Раҳмон - президенти Душанбе.”

Мусоҳиби мо афзуд, “мо ҳатто пешниҳод кардем, метавонед раддия нависед ва шарҳ диҳед, ки дар ҳолати эҳсос ин ҳарфҳоро задед ва мо дар саҳифаи “Самак” чоп мекунем, вале ҳеч вокунише нишон надоданд”,-мегӯяд Ҷасур Абдуллоев.

Бурҳон Абдуллоев
Бурҳон Абдуллоев

Ин даъвои Раҳматулло Саъдуллоев дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта раёсати умури дохилии вилояти Хатлон алайҳи Бурҳон Абдуллоев -- раиси бозори “Ином”, ки аз охирҳои моҳи декабри соли 2014 то кунун дар боздоштгоҳи муваққатии Қӯрғонтеппа нигоҳдорӣ мешавад, бар асоси 2 моддаи Кодекси ҷиноӣ айб эълон кард. Ӯ барои ташкили сӯхтор дар бозори Ином муттаҳам мешавад.

Бурҳон Абдуллоев рӯзи 19 декабри соли 2014 дар назди Додгоҳи олии Тоҷикистон дар Душанбе аз сӯи маъмурони пулис боздошт ва ба Раёсати умури дохиии вилояти Хатлон интиқол ёфт. Бузургмеҳр Ёров ва Санавбар Абдуллоева -- ҳамсари Бурҳон Абдуллоев он вақт ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, додгоҳи Хатлон рӯзи 20 декабр бо нишондоди як сокини ноҳияи Шаҳритӯс – Ҳошим Ризвонов, ки гуфтааст, Бурҳон Абдуллоев ба вай дастури оташ задани бозорро дод, айбнома эълон кард.

Ба нақли вакили мудофеъ, “кормандони умури дохила Ҳошим Ризвонов як сокини ноҳияи Шаҳритӯсро дар маркази бозори “Ином” бо 10 боклашкаи бензин дар дохили як халта боздошт кардаанд, ки ҳангоми бозпурсӣ гуфтааст, ӯро Ҳоҷӣ Бурҳон дастур додааст, то бозорро оташ занад”. Бар асоси ин нишондод алайҳи Бурҳон Абдуллоев парванда боз шуда буд. Аммо вакили мудофеи Бурҳон Абдуллоев онро беасос дониста,шикоят кард ва тафтиши дубораи қазияро муфаттишони умури дохилии Хатлон анҷом доданд.

Баҳси бозори "Ином" дар Шаҳритуси вилояти Хатлон замоне рӯ зад, ки Санавар Абдуллоева, ҳамсари Бурҳон Абдуллоев ба ҳайси молики ин бозор иддао кард, Муҳибулло Саъдуллоев -- додарарӯси дигари раиси ҷумҳури Тоҷикистон қасди кашида гирифтани бозорро дорад. Баъдан вакили дифои Саъдуллоев эълон кард, онҳо низ дар таъсису фаъолияти бозор саҳм доранд ва танҳо мехоҳанд, моликияти худро аз хонаводаи Абдуллоевҳо ҷудо кунанд.

XS
SM
MD
LG