Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси бозори “Ином” ба “Пусть говорят” кашида мешавад?


Андрей Малахов дар яке аз барномаҳои "Пуст говорят"
Андрей Малахов дар яке аз барномаҳои "Пуст говорят"

Як ҷониби молики бозори “Ином” мегӯянд, қазияи ин бозорро ба шоу - барномаи “Пуст говорят”- и Шабакаи аввали телевизиони Русия - “ОРТ”кашонданианд.

Ноқаноатмандӣ аз ҳалномаҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон яке аз тарафҳои баҳи моликият бар бозори "Ином"-ро водор кардааст, ки ба барномаи пурмоҷарои телевизиони Русия -- "Пуст говорят" руҷӯъ кунад.

Санавбар Абдуллоева, яке аз моликони бозори “Ином” рӯзи панҷшанбеи 4 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “мо боз ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурдаем, дар сурати расидагӣ нашудан, ин баҳсро ба барномаи “Пуст говорят” - и Шабакаи аввали телвизиони Русия – “ОРТ” мекашонем.”

Хонум Абдуллоева ҳадафи ба барномаи “Пуст говорят” кашондани баҳси бозори “Ином”-ро барқарории адолат унвон кард.

Ба гуфтаи вай тамоми маводу санадҳои лозим аз ин баҳс омода шудааст ва “мехоҳем то аз тариқи ин барнома тамоми беадолатиҳое, ки дар нисбати мо соҳибкорони бозор шудааст, ошкоро сӯҳбат кунем.”

Ҳамчунин хонум Абдуллоева таъкид кард, ки “ба мардуми рус ва ҳукумати Русия мегӯем, тоҷиконро аз кишваратон ихроҷ накунед, ки онҳо дар ватанашон хор мешаванд.”

Барномаи шабакаи ОРТ-и Русия бо номи “Пуст говорят” дар пешниҳоди Адрей Малахов асосан бо моҷароҳои пурғавғо ихтисос ёфта, дар чанде аз онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон марвиди шармсорӣ қарор ёфтаанд. Дар ҳоле ки ин барнома асосан ба ҷанҷолҳои оилавӣ тамаркуз дорад, маълум нест, ба баррасии баҳси атрофи бозори "Ином" дар Тоҷикистон чӣ бархӯрд хоҳад кард. Аммо дахил будани хешованди раисиҷумҳури Тоҷикистон дар қазия, эҳтимол дорад, расонаҳои Русияро ба худ ҷалб кунад. Ин ҳам дар ҳоле ки танқиди Тоҷикистон ва раҳбари он дар ин расонаҳо ахиран бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG