Пайвандҳои дастрасӣ

Тӯйи Саидшо. Издивоҷ – бо дастури раиси ҷумҳур. АКС, САДО


Саидшо Асроров ва Марҷона Худойдодова. Шаҳри Қӯрғонтеппа, 27-уми августи 2017

Рӯзи 27-уми август дар тарабхонаи “Мафтуна” дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа тӯйи Саидшову Марҷона, ду сокини ноҳияи Бохтар, баргузор шуд. Барои ин тӯй як суханронии Саидшо дар назди президенти Тоҷикистон дар ду ҳафтаи пеш сабаб гардидааст. Дар ҷашни арӯсӣ Саидшову Марҷона бо либоси миллӣ, аз ҷумла ҷомаву тоқӣ ҳузур ёфта, наздиконашон гуфтанд, ки қонуни танзимро риоя кардаанд. Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода ва раиси ноҳияи Бохтар Ҷаббори Ғаффор, ки ба ин маъарака омада буданд, низ дар суханронии худ асосан ба масъалаи қонуни танзим дахл карданд.

Ҳанӯз як моҳ пеш ин ду ҷавон – яке омӯзгори мактаб ва дигаре ҳамшираи шафқат – тасаввур намекарданд, ки ба зудӣ оила барпо хоҳанд кард. Тасмими оиладориро ба ҷойи онҳо бо дастури раиси ҷумҳур мақомоти ҳукумати ноҳияи Бохтар гирифтаанд.

Рӯзи 16-уми августи имсол президент Эмомалӣ Раҳмон меҳмони ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар буд. Лаҳзае, ки ӯ дар мулоқот бо фаъолону сокинони маҳаллӣ дар минбари пур аз гул нишаста буд, омӯзгори ҷавони фанни таърих дар мактаби 39-уми ноҳияи Бохтар Саидшо Асророви 23-сола назди микрофон омад. Ӯ гуфт, хушбахт аст, ки метавонад рӯбарӯ бо президент сӯҳбат карда, барои заҳматҳояш дар рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли ҷавон ташаккур кунад. Дар суханрониаш Асроров чанд пораи шеърро ҳам қироат кард.

Дар ниҳоят Эмомалӣ Раҳмон бо ӯ кӯтоҳ суолу ҷавоб кард ва аз ҷумла пурсид, ки оиладор аст ё на ва баъдан назди худ даъват карда ба ӯ як соати саримизӣ тақдим намуд. Мақомоти ноҳияи Бохтар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки баъди ин мулоқот президент аз онҳо хостааст, ки дар оиладор кардани омӯзгори ҷавон мусоидат кунанд.

Аксҳои бештарро дар инҷо бибинед:

Саидшо дар як хонаводаи 5-нафарӣ дар ҷамоати деҳоти "Сарвати истиқлол"-и ноҳияи Бохтар зиндагӣ мекунад. Ду соли ахир омӯзгори таърих ва ҳуқуқ аст. Баъди мулоқот бо президент ва бархостани масъалаи оиладории ӯ ба хостгорҳо гуфтааст, мехоҳад, бо Марҷона оила барпо кунад. Марҷона Худойдодова – духтари омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонист.

Ин ҳодисаи камназир аст, ки дар Тоҷикистон солҳои охир бо машварати президент ва бо кумаки ҳукумат маросими ақди никоҳи ду ҷавон баргузор мешавад. Дар солҳои оғози шӯравӣ таҷрибаи баргузории тӯйҳои ба истилоҳ “комсомолӣ” расм буд, ки бо машварат ва ширкати намояндагони ҳукумат ва харҷи кам ҷавонҳои фаъол дар кори ҷамъиятиро барпо мекарданд.

Вале мулоқоти президент бо сокинони оддии Тоҷикистон борҳо бо тасмимҳои сареъ ва ногаҳонӣ анҷомидааст. Дар мулоқоти чандин соли пеши худ бо ҷавонони фаъол борҳо шудааст, ки суханрони боистеъдоде баъди сӯҳбаташ бо президент соҳиби ҷои кор дар сохтори давлатӣ ваё донишҷӯи мактаби олии кишвар шудааст.

Бархе ҷомеашиносон мегӯянд, мулоқоти президент бо мардуми оддӣ бо ҳамингуна тасмимҳо дар хотирҳо мемонад ва як василаи дигари боло бурдани таваҷҷӯҳи мардум ба шахсияти раҳбари аввал мешавад.

Онҳое, ки мушкилоти худро бо сабабҳои бюрократияи зиёд ва ҳам вуҷуди фасод дар сохторҳои дахлдори давлатӣ ҳал карда наметавонанд, бисёр вақт ба умеди мулоқоти рӯбарӯ бо президент мешаванд, то бо як амри ҳамонлаҳзаинаи худ мушкили онҳоро ҳал кунад. Дар натиҷа, дар миёни мардум ин бовар ҳосил мешавад, ки маҳз президент барои ҳалли масъалаҳои сахти мардуми оддӣ қодир аст ва ҳатто метавонад тақдирҷунбони ҷавонон ҳам бошад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG