Пайвандҳои дастрасӣ

Барканории Сайфиддин Назарзода барои нақзи қонуни танзим


Сайфиддин Назарзода

Сайфиддин Назарзода – раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон – барои нақзи қонуни танзим ҳангоми баргузории тӯйи писараш Фирдавс аз мақоми худ барканор шудааст. Манобеи Радиои Озодӣ дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон рӯзи 15-уми август гуфтанд, ки ҳоло ба ҷойи ӯ Абдусалом Мирализода таъин гардид. Мирализода то ин вақт муовини раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Рӯзи 15-уми август дар бораи барканории Сайфиддин Назарзода ва мақоми нави Абудсалом Мирализода амри раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам нашр шуд. Дар ин амр сабаби барканории Назарзода дақиқ гуфта нашудааст. Танҳо таъкид шудааст, ки ӯ аз мақомаш озод гардид.

Оши наҳор буд ва аз тарафи арӯс гузаронда шуд. Мо аз тарафи кумитаи танзим протоколи ҳуқуқвайрокунӣ дастрас накардаем ва худамон ҳам аз ин гузориши телевизионӣ ҳайрон шудем

Сайфиддин Назарзода се соли пеш ба мақоми раиси Китобхонаи Миллӣ расид. Ӯ то он замон ба ҳайси муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ва раиси Донишкадаи забони тоҷикӣ кор кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар як гузориши телевизионӣ Сайфиддин Назарзодаро расман ба нақзи қонуни танзим айбдор карданд. Дар ин гузориш, ки шоми 8-уми август пахш шуд, мақомот гуфтанд, Сайфиддин Назарзода дар оши наҳори тӯйи писараш аз меъёр зиёд одам даъват намудааст.

Абдусалом Мирализода, раиси нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Абдусалом Мирализода, раиси нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Аммо Сайфиддин Назарзода гуфта буд, “оши наҳор буд ва аз тарафи арӯс гузаронда шуд. Мо аз тарафи кумитаи танзим протоколи ҳуқуқвайрокунӣ дастрас накардаем ва худамон ҳам аз ин гузориши телевизионӣ ҳайрон шудем.”

Раиси, инак, собиқи Китобхонаи миллӣ гуфт, дар оши наҳори писараш 150-170 нафар одам иштирок дошт ва сабтҳо низ ҳаминро нишон медиҳад. Сайфиддин Назарзода гуфт, рӯзи гузашта ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо даъват шуд ва “дар онҷо масъала ҳал шуда истодааст.”

Ин яке аз нахустин ҳолатҳое аст, ки номи мансабдоре бо иттиҳоми вайрон кардани қонуни танзим расонаӣ мешавад. Аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, муҷозот интихобӣ буда, бештар ба мансабдорони сатҳи поён рабт мегирад ва афроди бонуфӯз, мансабдорони ниҳодҳои муҳим ва гурӯҳҳои наздик ба ҳукумат аз муҷозот маоф мешаванд. Ҳамон гуна, ки қонуни мубориза бо бисёрзанӣ баъзе мансабдорони сатҳи поён, тоҷирону соҳибкоронро то ба додгоҳ бурд, вале ба зинаҳои ҳукумат ва порлумон таъсир нагузошт. Нозирони умур мегӯянд, мегӯянд, ҳамонгуна ки ба шасти қонуни зиддифасод моҳиҳои бузург намеафтанд, шасти қонуни танзим низ аз моҳиҳои бузург бенасиб хоҳад буд.

Моҳи май раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як суханрониаш дар вилояти Хатлон гуфта буд, барои риоя накардани қонуни масъулияти волидон ва танзими анъана чанд мансабдори тоҷик ва хидматчиёни давлатӣ аз мақомҳояшон барканор шудаанд, аммо аз нафари мушаххас ном нагирифт.

Бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми май дар ноҳияи Данғара гуфт, ҳарчанд ин қонунҳо, “ба хотири ҳимоят аз манфиатҳои мардум... қабул шудаанд, лекин ҳоло ҳам зиёдаравӣ, исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву намоишкорӣ, хусусан, аз ҷониби баъзе мансабдорон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва соҳибкорон ба назар мерасад.”

Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” даҳ соли пеш дар Тоҷикистон қабул шуд. Ҳарчанд мақомот дар гузашта аз риоя нашудани қонуни танзим дар баъзе маросими хурсандӣ ва азо ва, инчунин, қабулу гусели пешвози ҳоҷиёни тоҷик хабар дода, чандин нафарро ҷарима бастанд, аммо аз миёни соҳибмансабони баландмақом то ҳол номи касе бо ҷурми вайрон кардани ин қонун гирифта нашудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG