Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон қонуни танзими анъанаро омода мекунад


Шавкат Мирзиёев – раиси ҷумҳури Узбакистон – аз мақомоти он кишвар хостааст, ки дар тӯли як моҳ қонуни танзими маърака ва ҷилавгирӣ аз харҷи беҳудаи сокинонро таҳия намоянд. Вебсатйи Газета.уз мегӯяд, ки ин талаби Мирзиёев рӯзи 3-юми август ҳангоми мулоқоташ бо аҳли зиёи Узбакистон садо дод.

Раиси ҷумҳури Узбакистон гуфтааст, дар мулоқот бо сокинон борҳо шунидааст, ки бояд маъракаҳо камхарҷ карда шаванд. Ӯ афзудааст, мардум дар ин бора ба қабулгоҳи маҷозиии президент низ номаҳои шикоятӣ фиристодаанд.

"Одами комилан сиҳҳат, ки ҳанӯз панҷоҳсола нест, якбора сактаи қалбӣ мешавад. Сабабшро мепурсӣ ва мефаҳмӣ, ки кӯшиш дорад, мисли дигарон маъракаи бодабдаба биорояд. Барои ҳамин, дар қарз ғӯтидааст. Ин қарзҳояшро ҳанӯз напардохта, маъракаи дигараш расидааст”, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

Тоҷикистон беш аз даҳ сол боз қонуни танзими анъана ва ҷашну маросими миллиро қабул ва мавриди иҷро қарор додааст. Ҳарчанд сокинон мегӯянд, ин қонун дар баъзе ҳолат ҳаққи онҳоро барои бошукӯҳ баргузор кардани маросими хонадоршавӣ ваё маъракаҳои дигари хотирмон маҳдуд мекунад, мақомот мегӯянд, ҳадаф баробарии мардум ва ҷилавгирӣ аз харҷи беҳудаи онҳост.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки қонуни танзим дар тӯли даҳ сол 18 миллиард сомонии мардумро сарфа карда ва якуним миллион чорворо аз забҳ шудан раҳонидааст.

XS
SM
MD
LG