Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмон гуфт, ки диндорӣ ба ҳиҷобу саллаву риш рабт надорад. ВИДЕО


Президенти Тоҷикистон аз тарзи татбиқи қонуни танзими анъанаҳо изҳори қаноатмандӣ карда гуфт, ки ин қонун тавонист дар амри аз байн бурдани ихтилофҳои байни маҳалҳои мухталифи кишвар ва ҳам коҳиши мизони камбизоатӣ мусоидат кунад. Қонуни танзим яке аз пурбаҳстарин қонунҳои 10 соли охири кишвар будааст.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ситоиш кард ва гуфт, ки дар тӯли 10 соли охир ин қонун тавонист арзишҳои фарҳангиву миллиро ҳифз кунад ва суннатҳои мазҳабиро ба танзим дарорад. Аммо, афзуд раиси ҷумҳур, ин қонун бояд бар пояи талаботи замон такмил шавад.

Қонуни танзим яке аз баҳсбарангезтарин қонунҳои 10 соли охири Тоҷикистон аст, ки ба зиндагии мардум таъсир гузошта ҳақи дар баргузор кардани маросимҳои суннатӣ маҳдуд кардааст. Мақомот мегӯянд, ин қонун ба хотири ҷилавгирӣ аз сарфу харҷҳои беҳуда ва сабқатҳои нозарури маъракаороӣ дар кишвар гирифта шуд. Моҳе пеш Кумитаи дин ва танзими суннатҳои миллӣ эълон кард, ки ин қонун 18 миллиард сомонии мардумро сарфа кардааст.

Оқои Раҳмон гуфтааст, “Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд, на бо сару либосу сатру ҳиҷобу риш”.

Бархӯрди мардум ба ин қонун якранг нест. Бисёр оилаҳои камбизоат, ки дар харҷу сарф бо ҳамсояҳои дорои худ вориди сабқат мешуданд, эҳсоси сабукӣ карданд. Аммо бархе шаҳрвандон аз ин норозигӣ мекунанд, ки қонуни танзим танҳо барои мардуми оддӣ эҷод шуд ва худи мақомот онро риоя накарданд. Аз сӯи дигар, ин қонун низ натавонист аз фасод канор бимонад ва заминаҳоеро барои ришваситонӣ аз соҳиибони маъракаҳо ба миён овард.

Таъкид ба сарулибоси занону духтарон

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ бори дигар аз "таъсири номатлуби фарҳангҳои бегона" ҳушдор дод ва гуфт, ки пӯшидани либоси “сиёҳу торик” арзишҳои миллиро поймол мекунад ва фазои маънавии ҷомеаро тира месозад. Ба гуфтаи ӯ, “Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд, на бо сару либосу сатру ҳиҷобу риш”. Вай гуфт, паёмади “бегонапарастӣ” дар намуди зоҳирӣ ба нобуд шудани “забону фарҳанги миллӣ” ва ниҳоят - “аз байн рафтани давлат” сабаб мешавад.

Солҳои охир ҳукумати Тоҷикистон назорат аз фаъолиятҳои мазҳабии шаҳрвандонро шадидтар карда, аз ҷумла, чунин назоратро аз болои сару либоси сокинон ҳам пурзӯр кардааст. Дар муассисаҳои таълимӣ пӯшидани ҳиҷбу рӯсарӣ ва барои мардон доштани риш манъ шуда, барои наврасони то 18-сола рафтан ба масҷид мумкин нест.

Ҳукумат ин тадбирҳоро ба ҷилавгирӣ аз тавсеаи ақоиди ифротӣ дар миёни аъзоии ҷомеа дуруст ва қонунӣ мешуморад, вале фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ин монеаҳо озодиҳои динии шаҳрвандонро маҳдуд мекунанд ва хилоф бо меъёрҳои конститутсияи кишвар ҳастанд.

Коҳиши камбизоатӣ ва омӯзиши қонун дар мактаб

Дар суханроние, ки рӯзи 11 июл бо намояндагони давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дошт, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки аз замони қабули қонун дар соли 2007 то имрӯз қонун тавонист барои аз байн бурдани тавофути расму русумҳои маҳалҳои мухталифи Токистон мусоидат карда анъанаҳои миллиро ба низоми ягона дарорад.

Вай таъкид кард, ки аз роҳи татбиқи қонун танзим сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 53 то 30 дар сад поин оварда дар ҷараёни барпо кардани маъракаҳо тафовути қишри нодору камбизоатро бо қишри дорои ҷомеа коҳиш диҳад. Масалан, ба гуфтаи ӯ, исрофи хароҷоти маъракаҳо дар муддати солҳои 2007 то 2016 хароҷоти умуми истеъмолии хонаводаҳо 11 дар сад коҳиш дода шуд ва 55 дарсадро ташкил дод.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки татбиқи қонун барои сифатан боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ҳам мусоидат кард, ки ин ҳама дар натиҷа, ба қавли ӯ, барои “ҳимояи генофонди миллат ва таваллуди фарзандони солим” хизмат мекунад.

Барои иҷрои беҳтари талаботи ин ва ҳам қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ба гуфтаи президент, баробар бо конститутсия бояд омӯзиши ҳатмии онҳо дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ шавад.

Пешниҳоди бозбинии муҷозот барои вайрон кардани қоидаи роҳ

Яке аз масоили мавриди таваҷҷӯҳи Раҳмон нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дар ҳолати мастӣ рондани мошин будааст. Вай гуфт, дар 76 ҳолати садамаи автомобилӣ, ки аз солти 2015 то имрӯз аз ҷониби ронандаҳои сархуш рух додааст, 35 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Президент пешниҳод кард, ки мақомоти дахлдор дар амри шадидтар кардани муҷозот барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо назардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар қонунгузории кишвар тағйирот ворид кунанд. Вай гуфт, аксари вайронкунандагони қоидаву қонунҳои амалкунанда – мансабдорон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони ҳифзи қонун ва фарзандону хешу таборони онҳо мебошанд.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки чанд соли пеш сокинони оддӣ ва ҳам матбуоти мустақил тарзи пайгирии чанд садамаи пурфоҷеа бо ширкати фарзандони афроди баландмақом ва наздик ба ҳукумат аз ҷониби сохторҳои ҳифзи қонунро мавриди интиқод қарор доданд.

Аз ҷумла, дар қазияҳои марбут ба фарзандони раиси вақти ширкати “Роҳи оҳан” Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ дар соли 2014, муовини нахуствазир Давлаталӣ Саидов дар соли 2015 ва дигарҳо тарзи мунсифона ва шаффоф ҷараён гирифтани тафтишот ва бемуҷозот мондани омилони ин садамаҳо интиқод шуд.

Даъват ба такмили қонуни танзим

Дар суханронии худ рӯзи 11 июл Эмомалӣ Раҳмон гуфт, аз замони қабули қонуни танзим дар соли 2007 то имрӯз зарурати такмили он пеш омадааст. Дар бархе пешниҳодҳое, ки ба унвонии дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ва ҳам тавассути матбуоту “Микрофони озод”-и телевизионҳои давлатӣ мерасад, танзими бештари маъракаву маросимҳо ва камхарҷ шудани онҳо пешниҳод шудааст.

Аз ҷумла, дар доираи оила барпо кардани хатнасур ва дар муассисаҳои тиббӣ анҷом додани хатна аз намунаи чунин пешниҳодҳо будааст. Раҳмон ба сохторҳои масъули дахлдор супориш дод, ки пешниҳоди мардумро ба инобат гирифта ба ҳукумат дар амри такмили қонун ироа кунанд. Аз мақомоти маҳаллии иҷроия тақозо шудааст, ки татбиқи ҳатмии қонунро шадидан назорат кунанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG